Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои аввалин бор дар Тоҷикистон 10 зан дар қатори мардон ба тоза кардани заминҳои минакоришуда ва олуда бо муҳимоти ҷангӣ, шурӯъ карданд.

Онҳо дар пайи як омӯзиш ва имтиҳон аз миёни 25 нафар интихоб шуда ва барои иҷрои ин кори хатарнок дасту остин барзаданианд. Муҳаббат Иброҳимзода раҳбари маркази миллии минрӯбии Тоҷикистон рӯзи 12-уми апрел дар як ҳамоиш дар масоили заминҳои минкоришуда дар шаҳри Душанбе гуфт, як омили таъсиси гурӯҳи занони минарӯб, пайдо шудани хоҳишмандон аз миёни онҳо барои иҷрои ин кори хатарнок будааст. Аввалин чунин гурӯҳ бо ташаббуси лоиҳаи «Кӯмаки башардӯстонаи мардуми Норвегия» аз ҳисоби занони ноҳияи Қумсангир таъсис ёфтааст.

«Пас аз гузаштани курсҳои назариявӣ ва амалӣ онҳо фаъолиятро дар ноҳияи Қумсангир шурӯъ карданд. Сабабаи ҷалби занон ба ин кор ҳам ин буд, ки худи занон хоҳиш доштанд, ки дар ин самт фаъолият кунанд. Мувофиқи қонунҳои байналмилаллӣ, баъди гузаштани курси бозомӯзӣ, аз санҷиш гузаранд ва аз ин санҷиш аз 25 танҳо 10 нафар гузашт. Кори онҳо аз мардони минаҷӯ ягон фарқе нахоҳад дошт.»

Бино ба иттилои Маркази миллии Тоҷикистон оид ба поккорӣ аз минаҳо, ҳоло 11,2 километри мурраббаъ заминдар кишвар аз мина ва дигар маводи таркандаи тоза нашудааст. Биноба иттилои масъулини маркази мазкур, дар баробари майдонҳои аз ҷониби марзбонони рус дар марзи миёни Афғонистону Тоҷикистон дар соли 1992 - 1998 ва аз сӯи марзбонони Узбак дар марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон сар аз соли 1999 минкоришуда, ин гуна майдонҳо солҳои ахир дар бархе аз минтақаҳои кишвар аз ҷумла дар води Рашт ҳам пайдо шудаанд. Аммо дар маҷмӯъ тайи даҳ соли ахир 190 майдони минадор дар 14 ноҳияи кишвар, ба вижа дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон поксозӣ шуда, беш аз 12 километри мурраббаъ аз мина озод карда шудааст.

Саҳми Гулнавоз Додихудоев сапер ё минарӯби ҷавон ва саги ӯ Зеб ҳам дар ин амалиётҳои поксозӣ ва наҷоти садҳо нафар кам нест. Ӯ сар аз соли 2006 ба воситаи саги махсуси минаҷӯ дар поксозии майдонҳои хатарнок аз маводи тарканда ширкат мекунад. Ба гуфтаи Гулнавоз, сагҳои минаҷӯ назар ба одамон даҳҳо маротиб дар ҷустуҷӯ ва безарарсозии минаҳо фаъолтаранд: «Саперҳо масалан дар рӯз то 40-50 метр кор кунанд, инҳо дар як рӯз аз 500 то 1000 метр бештар кор мекунанд. Фаъолияти кори онҳо хеле беҳтар аст. Бо ин сагҳо мо бо забони олмонӣ гап мезанем. Вақте нуқтаи хатарнокро ёфт, ҳатман дар ҷойи худ мешинад ва мо фармон медиҳем, ки ором бошад ва баргардад. Вақте мина ёфт, мо ба ӯ туб медиҳем. Ҳамин тӯбча ҳаққи хизмати ӯ аст ки бо он бозӣ мекунанд.»

Шумори қурбониёни таркиши минаҳо дар Тоҷикистон беш аз 800 нафар арзёбӣ мешавад, ки 90 дар сади онҳо мардуми осоиштаанд. Миёни онҳо 30 дарсад кӯдакон будаанд. Аз ин теъдод беш аз 300 нафар дар пайи таркиш фавтида, боқӣ маҷрӯҳ шудаанд. Як инфиҷор дар ноҳияи Рашт зиндагии Саидғуфрон Абулхайровро ҳам дар 10 солагӣ ба куллӣ тағйир ва ӯро ба маъюби якумрӣ табдил дод. Саидғуфро, ки ҳоло аз ду даст маҳрум аст, мегӯяд: «Мо 3 нафар ба хонаи хешу табор мерафтем, ки чизе таркид ду нафар ҳамроҳи ман аз дунё гузаштанд ва ман аз ду даст маҳрум шудам. Албатта солҳои аввал бе дастон ман ҳеҷ коре карда наметавонистам, аммо ҳоло дигар одат кардаам бо ин зиндагӣ 2 фарзанд дорам. Нафақа мегирам, 350 сомонӣ, албатта ин маблағ кам аст. Як бор лагер бурданд. Аз ҷониби Ҳилоли Аҳмар, як гов харида доданд. Хуб мебуд агар кӯмак ба мо бештар мешуд.»

Масъулини Маркази минарӯбии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло огоҳии мардум ҳам аз хатарҳои мина боло рафта, сол то сол теъдоди ҷабрдидаҳои инфиҷори мину бомбҳо дар кишвар камтар мешаванд. Се соли пеш 12 нафар аз таркиши минаҳо осеб дидаанд. Соли 2012 фақат як нафар чун ҷабрдидаи чунин инфиҷор ба қайд гирифта шудааст ва дар соли равон, ба гуфтаи масъулин, хушбахтона касе аз таркиши мина осеб надидааст.

Аммо хатари таркиши минаҳо боқӣ мемонад ва бино ба Қатъномаи Оттава, дар Тоҷикистон бояд то якуми апрели соли 2020 ҳама минаҳову маводи тарканда ошкор ва поккорӣ шавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи ин қатънома қаблан ба Тоҷикистон то соли 2010 мӯҳлат дода шуда буд ва бинобар сабаби камбуди муттахассисону иҷро нашудани ӯҳдадориҳо, дар пайи дархости Тоҷикистон ин мӯҳлат то 10 соли дигар тамдид шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG