Пайвандҳои дастрасӣ

Дилбар Умарова, ҳунарпешаи маъруф ва яке аз чеҳраҳои мондагори театр ва синамои тоҷик ахиран баъд аз нақшофарӣ дар филми коргардони «Тоҷикифилм» Баҳромиддин Сайфиддинов, ки дар ноҳияи Айнӣ рӯи навор омад, ба Душанбе баргашт.

Ин филм «Парии аз пушти кӯҳи Қоф» ном дорад ва Дилбар Умарова дар он нақши асосиро иҷро кардааст. Ин ҳунарманди маъруф бо радиои «Озодӣ» дар мавриди мӯҳтавои филми мазкур ва фаъолияти имрӯзааш сӯҳбат кард.

Дилбар Умарова: Дар ин филм ман нақшеро мебозам, ки ҳам драмавӣ ва ҳам мазҳакавӣ аст ва гӯё Баҳромҷон аз рӯи ҳаёти ман ин нақшро навишта бошад. Дар муддати панҷ сол вай ба ман пайваста занг мезад ва таъкид мекард, ки ба сабти филм оғоз мекунем ва мабодо боз ба ягон ҷо наравед, ки тамоми умеди ман ба шумост. Бовар кунед, дар муддати 5 сол ин нақш ба вуҷуди ман ҷо гирифт. Дар ин филмнома ҳунармандони беҳтарини мо Гулсара Абдуллоева, Нуруллои Абдулло ва дигарон нақш офариданд ва мо азоб ҳам накашидем. Зеро вақте ҳамкорат ҳамкасби ту аст ва ҳамдигарро мефаҳмед, кор кардан хеле осон мешавад. Хеле интизор ҳастам, ки филми мо хуб барояд ва тамошобинон ба он баҳо бидиҳанд. Ман дар филм нақши занеро бозӣ мекунам, ки дар ҷавонӣ дар шаби тӯяш шаваҳаршавандаашро заҳр дода мекушанд.Ва ин зан дар ҳаёт ноком мемонад. Дар ҷараёни филм азобҳои ин зан намоиш дода мешавад, ки бо хислати мардонавораш ҳаётро пеш мебарад ва то ба охир ба ишқаш хиёнат намекунад. Дар ин филм таъкид мешавад, ки ин зан зебост, вале характераш вазнинтар аст. Бо вуҷуди он, ки ғамзада аст, аммо ҳеҷ гоҳ инро нишон намедиҳад.

Озодӣ: Яъне ин нақш айнан хислати шуморо бозгӯ мекунад?

Дилбар Умарова: Албатта. Баҳром Сайфиддинов низ мегуфтанд, ки ҳар як нақшро ман аз рӯи характери ҳунармандон навиштаам. Ман хеле хурсандам, ки ин нақшро ба ман бовар карданд. Ман аз дилу ҷон бозӣ кардам ва кӯшиш намудам, ки ба санъат хиёнат накунам.

Озодӣ: Аз суханони шумо ҳис кардан мумкин аст, ки ин нақш воқеан ҳам ба дили шумо нишастааст, оё чунин нақшҳои мақбули дилатонро зиёд бароятон пешниҳод мекунанд?

Дилбар Умарова: Ин гуна пешниҳодҳо як- як мешаванд. Умуман ман андешаи худро дар мавриди нақшофарӣ дорам, аз ин хотир вақте ба ман барои иштирок дар филмномаҳо бисёр муроҷиат мекунанд, ман аввал бо сенария ошно мешавам, агар нақш ба ман наздик бошад баъд ман мебозам. Агар нақш ба ман писанд наояд на ба хотири маош ва на ба хотири коргардон ман розӣ намешавам.

Озодӣ: Ҳоло бештар дар филмномаҳо нақш меофаред ва ё дар саҳнаи театр?

Дилбар Умарова: Агар гӯям, ки бештар дар филмномаҳо хато намекунам. Аммо барои ман театр азиз аст ва ман бе театр ҳеҷ ҳастам. Маҳз театр маро машҳур ва Дилбар кардааст. Вале дар чанд филм ман нақш офаридаам, ҳисобамро гум кардаам. Шояд аз 50 -то ҳам зиёд бошад. Чанде пеш дар филми «13 солу 3 моҳ» як нақшеро бо Маҳмадалӣ Маҳмадиев бозидем ва онро мисли даврони Шӯравӣ аз дилу ҷон иҷро кардем. Дар ин филм ду нафаре, ки аз ҷавони ошиқ буданд, нохост дар даруни қатора вомехӯранду тамоми ҳаёташонро пеши назар меоранд. Ва вақте ман зиёд дар деҳаҳо бо мардум сӯҳбат мекунам, онҳо ба ин филм баҳои баланд медиҳанд. Ман хурсандам, ки қарзи худамро дар назди тамошобинон адо карда метавонам.

Озодӣ: Оё маблағе, ки барои нақшофарӣ дар филмҳо пешниҳод мешавад шуморо қонеъ мекунад?

Дилбар Умарова: Медонед, шумо як масъалаи нозук ва ҳассос барои ҳунармандоро нохун задед. Агар ман бо ҳунармандони кишварҳои Аврупо муқоиса кунам, маоше, ки пешниҳод мешавад, хандаовар аст. Лекин тавре ҳам гуфтам, агар нақш қобили дили ман бошад, ман фикри маблағро намекунам. Маблағҳое, ки мо мегирем, хеле ночиз аст. Дар дигар давлатҳо сарпарастони бою бадавлат ҳастанд ва санъатро баҳои баланд медиҳанд. Онҳо хушбахтанд, ба ягон филме, ки дар он ҳунармандони бузург ширкат мекунанд, маблағгузорӣ менамоянд ва бо ин маблағ гӯё боз ба худ номи боз баландро мехаранд. Ҳоло давраи тиҷорат аст ва замонест, ки бояд малбағро ҷое гузорӣ ки ҳам серпул шавӣ ва ҳам номат вирди забонҳо шавад. Гумон мекунам, дар миёни мардуми тоҷик ҳам соҳибкорони зиёд ҳастанд ва гар онҳо ҳам яке ба ин фикр раванду санъати тоҷикро дастгирӣ намоянд, бовар дорам, ки дар таърих хоҳанд монд.

Озодӣ: Вақте ҳаёт ва даромади худро бо ҳунрмандони кишварҳои дигар қиёс мекунед ва зиндагии онҳоро мебинед, боре шудааст, ки аз пешаи интихоб кардаатон пушаймон шуда бошед?

Дилбар Умарова: На, ман ҳаргиз аз ҳунарманд буданам пушаймон нагаштаам. Ман либоси мепӯшиданӣ дорам, хона дорам, фарзандону набераҳо дорам, гурусна нестам. Хайр ман дар Майямӣ дам гирифта наметавонам, мисли Софи Ларен як ҷазираро харидан наметавонам ё ин ки номи ман дар байни 50 ҳунармандони ҷаҳон нест. Аммо ман хушбахт ҳастам, ки ҳунар дорам ва барои Тоҷикистони азизи худ хидмат мекунам. Вале агар медоданд, ман не намегуфтам. Шояд дар оянда ҳунармандони ҷавони мо ба орзӯҳояшон мерасанд ва сермаблағ мешаванд.

Озодӣ: Агар ба вазъи театру ҳунари тоҷик дахл кунем, шумо чӣ назар доред?

Дилбар Умарова: Ҳоло толори театри мо пур аз тамошобин аст ва ахиран хушбахтона театри ба номи Муҳаммадҷон Қосимовро худи президент ифтитоҳ карданд ва дар он ҷо ҳунармандони беҳтарин кор мекунанд. Магар ҳамин нишонаи он нест, ки санъати мо рӯ ба пеш аст? Агар бад мешуд, театрро намекушоданд. Ҳоло шумо дар толори хурди театри мо нишастаед, ки ҳар бегоҳ ҳам дар ин ҷо ва ҳам дар ошёнаи якум намоишнома аст. Вақте ки аз хориҷи кишвар намоишномаҳои моро тамошо мекунанд, ҳунармандони моро ба қатори ҳунармандони ҷаҳон баробар мекунанд. Мегӯянд, оби дари хона хира аст. Ба қарибӣ як намоишномаи хеле хубе, ки Қурбони Собир ба саҳна гузоштаанд ва «Пизишки паррон» ном дорад ва ба қалами Малер мутааллиқ аст, ҳунармандони ҷавон ва ҳунармандони мардумии Тоҷикистон дар он нақш офаридаанд.Агар бо ин намоишнома мо ҷаҳонро сайр кунем, шояд аз бисёр театрҳои дигар давлатҳо мо баландтар меистем.

Озодӣ: Имрӯз театр аз кадом лиҳоз ба ислоҳот ниёз дорад?

Дилбар Умарова: Аз ҷиҳати техникӣ ва маоши ҳунармандон. Медонам, ки ба мо театри нав сохта истодаанд ва тавре раиси ҷумҳур ваъда дод, ин театр дорои тамоми шароитҳо хоҳад буд. Ва мо ҳунармандони калонсол ҳам умедвор ҳастем. Ба бинои театри мо 80 сол мешавад ва мо шукр низ мегӯем, ки ҳоло ҳам мо дар ин ҷо кор карда истодаем.

Озодӣ: Бубинед бархе аз ҳунармандону коргардонҳои тоҷик бинобар баъзе аз мушкилот кишварро тарк карданд, оё чунин фикр дар зеҳни шумо низ наомад?

Дилбар Умарова: Албатта омада буд. Аз театри мо ҳунармандони беҳтарин баромада рафтанд ва қисме аз дунё даргузаштанд. Ман аз ин афсӯс мехӯрам. Дар ин синну соле, ки ман дорам ва он ҳунармандоне, ки синнашон ба ҷое расидааст, бароямон он ҳунармандоне, ки аз онҳо хеле зиёд меомӯхтем, намерасанд. Масалан агар труппа аз 200 нафар иборат бошад, ҳамаи онҳо ҳунармади хуб шудан наметавонанд. Ҳастанд 4 ва ё 5 нафаре, ки санъати ин ё он театрро пеш мебаранд.

Озодӣ: Аммо шуморо чӣ нигоҳ медорад?

Дилбар Умарова: Маро маҳз ҳамин театр ва меҳрам ба санъат нигоҳ доштааст.

Озодӣ: Сиррӣ ҷавону зебо мондан ва хушбин буданатон дар чист?

Дилбар Умарова: Ман хандидану шӯхи карданро дӯст медорам. Ба ҳеҷ кас бахилӣ намекунам. Ҳеҷ гоҳ ҳасад намехӯрам. Хаёл мекунам, ки ҳамаро дӯст медорам ва дили соф дорам.

Озодӣ: Нақшҳое, ҳастанд, ки то ҳанӯз орзӯи бозиданашро мекунед?

Дилбар Умарова: Ҳоло мехоҳам нақши ҷиддиеро бозӣ кунам. Нақше бошад, ки чӣ тавре, ки халқ ҳамчун Дилбар Умарова маро мешиносанд ва чӣ қадаре, ки аз нӯги нохун то тори сарам дар вуҷудам эҷодиёт монда бошад ҳамаро ҷамъ кунаму дар як нақши ҷиддӣ онро берун орам. Ман мунтазири чунин пешниҳод ҳастам.

Озодӣ: То ҷое ман огоҳ шудам? бояд бо сафари ҳунарӣ ба Бадfхшон биравед?

Дилбар Умарова:Тибқи нақша тетари мо аз 1-уми август бо намоишномаи «Раъду барқ» ба Бадахшон сафар мекунад. То имрӯз чӣ қадаре ки бо ин намоишнома сафар кардем,тамошобинон бо як оромӣ ва гӯшу ҳуш онро тамошо мекунанд. Он намоишномаи фоҷеавист ва ба халқ наздик аст. Гумон мекунам дар Бадахшон ҳам ин сафари мо хеле хуб мегузарад.

Озодӣ: Фикр мекунед, бо он вазъияте, ки дар ин минтақа аст, тамошобинон ба театр хоҳанд омад?

Дилбар Умарова: Албатта. Ба назари ман ҳар ҷое, ки санъат ҳаст он ҷо тамоми вазъият ором мешавад.Ва гумон мекунам, ки халқи Бадахшон ба ин намоишнома зиёд меоянд ва тамошо мекунанд. Зеро ин намоишномаро яке аз коргардонҳои беҳтарини тоҷик, ки зодгоҳи ӯ дар Бадахшон аст, Хушназар Майбалиев ба саҳна гузоштааст ва ин кори охирини ӯст. Аз ин хотир боварӣ дорам, ки мардуми Бадахшон барои поси хотири ин коргарадон намоишномаро тамошо хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG