Пайвандҳои дастрасӣ

Сар аз ҳафтаи дигар дар минтақаи Кӯлоб нашрияи наве бо номи «Пайк» рӯи чоп хоҳад омад.

Ин нашрия ба тозагӣ дар Вазорати фарҳанги кишвар аз ҷониби рӯзноманигор Аҳмади Иброҳим сабти ном шудааст. Рӯзноманигор мегӯяд, барои сабти ҳафтанома наздики як сол саргардон шудааст ва сабти он бо мушкилоти зиёде ба ӯ даст додааст. Рӯзноманигор мегӯяд, нашрияи “Пайк” сирф дар доираи қонунҳои ҷории кишвар ба хотири гуногунандешӣ фаъолият хоҳад кард.



Ҳанўз як соли пеш ин рўзноманигор барои сабти номи як нашрияи мустақил тасмим гирифта буд, вале ў мегўяд, як омили дер сабти ном шудани нашрияаашон дар он буд, ки гурўҳҳое фикр доштанд, мо мухолифи давлат матлабҳо нашр мекунем. Аммо ў мегўяд, “Пайк” мухолифи ҳеҷ як ҷонибе нест ва ба ҳама баробар минбар медиҳад: “Мо минбар пешниҳод мекунем, ба ҳамаи онҳое, ки гуфтан мехоҳанд. Албатта, дар доираи қонунҳои ҷории кишвар. Маводҳои танқидӣ албатта ба нашр мерасонем. Ба хотири ислоҳи камбудиҳо ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ. Танқиду таҳлил мекунем. Танқидҳои созанда, на ин ки сўзанда.”

Давлати Шоэътибор, рӯзноманигори тоҷик.

Давлати Шоэътибор, рӯзноманигори тоҷик.

Ин рӯзноманигор мегӯяд, «Пайк» мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии сокинони вилояти Хатлонро дар саҳифаҳои худ ҷой медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло фазои иттилоотии вилояти Хатлон, бузургтарин вилояти Тоҷикистон холӣ ба назар мерасад. Ў гуфт: “Ин ҷо 25 шаҳру ноҳия аст, ки нисфи ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Аз ин тарафи вилоят ба он тарафи он 700 километрро ташкил медиҳад. Албатта, бо як нашрия намешавад, фазои иттилоотиро пур кард. Аммо то андозае ин халоро пур кардан мумкин аст.”

Аз ин пеш дар вилояти Хатлон ду нашрияи мустақил, “Бомдод” ва “Пажвок” нашр мешуд, ки феълан бо мушкилотҳои гуногун нашр намегарданд. Давлати Шоҳэътибор, сардабири нашрияи “Бомдод” мегўяд, иллати аз чоп бозмондани ин нашрия дар муттаҳид набудани командаи кориашон буд. Ў мегўяд, агар командаи хуби корӣ таъсис дода шавад, нашрияе, ки маводи ҷолиб нашр мекунад, ҳатман мувафақ мешавад: “Шикасти “Бомдод” дар он буд, ки командаи бо ҳам муттаҳид надошт. Ҳар нафар гапи худро мекард, ки ҳамеша бар зарари нашрия анҷом мешуд. Агар командаи хуб бошад, муваффақ шудан мумкин аст. Харидор зиёд аст. Аз чумла дар минтақаи Қӯрғонтеппа мебинам, ки хеле хонандагон бисёр аст. Фақат командаи хуб кардан даркор аст, ки хамкории созанда дошта бошанд.”

Баҳриддин Сангмадов, як масъули ҳафтаномаи “Пажвок” мегўяд, мушкили аслии нашрияҳо дар маҳал ба дасти хонанда дер расидани онҳо ҳаст. Ў мегўяд, хонанда зиёд аст, аммо почтаи тоҷик дуруст кор намекунад ва ҳафтаномаеро вақте ба дасти хонанда мерасонад, ки аллакай дер шудааст. Ба унвони мисол ў Баҳриддин Сангмадов

Баҳриддин Сангмадов

мегўяд, ҳафтномаҳо дар бораи маъракаи интихоботӣ матлаб нашр мекунанд, аммо ин нашрия ба дасти хонанда замоне мерасад, ки аллакай интихобот гузаштааст.

Аммо Аҳмади Иброҳим мегўяд, таҷрибаи дигар рўзномаҳоро омўхтааст. Ў то кунун дар ҳафтномаи «Тоҷикистон» ва «СССР» ба ҳайси хабарнигори минтақавӣ фаъолият мекард. Ӯ ба ҷуз фаъолияти рӯзноманигорӣ, инчунин ба нависандагӣ низ шуғл дорад. Китобҳои адабӣ-таърихии ӯ бо номи «Ҷаҳиши охирини бабр» ва «Рӯди пурхун», ки зиндагии тоҷикон замони ҳуҷуми Искандари Мақдуниро дар асоси далелҳои таърихӣ инъикос мекунад, ба дасти хонанда расидааст.

Ҳоло дар вилояти Хатлон ҳеҷ ҳафтаномаи мустақил рӯи чоп намеояд ва далели аслиро дар набудани чопхона медоданд. Аммо таъсиси ҳафтаномаи «Пайк» ҳам дар ҳолест, ки дар Кӯлоб чопхонаи ҷадид бо сарфи беш аз 400 ҳазор сомонӣ рӯи кор омадааст. Шумораҳои ававали нашрияи “Пайк” бо маблағи шахсии муассис нашр хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG