Пайвандҳои дастрасӣ

ВКД: 100 парвандаи ҷиноӣ алайҳи афроди Назарзода


Акс аз сайти ВКД гирифта шудааст

Акс аз сайти ВКД гирифта шудааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон акс ва гузорише роҷеъ ба натиҷаҳои амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи собиқ муовини вазири дифоъро нашр кардааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон акс ва гузорише роҷеъ ба натиҷаҳои амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи собиқ муовини вазири дифоъро нашр кардааст. Дар гузориши расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки бо имзои Нусратулло Саидов, капитани милитсия нашр шудааст, гуфта мешавад, ки дар натиҷаи амалиёти 12-рӯзаи нирӯҳои ҳифзи ҳуқуқ бар зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, 139 гумонбар боздошт шудааст. Ин манбаъ мегӯяд, ки нисбати 100 нафари онҳо парванди ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ шурӯъ шудааст. Дар миёни нирӯҳои ҳукуматӣ аз рӯзи аввали ҳодиса - 4 то 16 сентябр 14 нафар, аз ҷумла фармондеҳи гурӯҳи зиддитеррористии КДАМ Рустам Амакиев кушта шудаанд.

Шумори кушташудаҳо дар миёни мусаллаҳон 27 нафар гуфта мешавад. Вазорат мегӯяд, ки бо кӯмаки аҳолии маҳаллӣ дар ҷараёни амалиёти 4-16 сентябр дар дараи Ромит 28 узви гурӯҳи мусаллаҳ боздошт шуда, 11 гумонбари дигар ихтиёран худро ба дасти мақомот супурдаанд. Баъзе аз ҷангиён ба ҳангоми дастгир шудан, менависад ин манбаи расмӣ, либоси занонаро ба бар карда, мехостанд фирор кунанд, вале боздошт шуданд. Вазорат мегӯяд, ки аксари дастгиршудаҳо узви ҲНИТ мебошанд.

Зимнан, рӯзи 17 август додситонии кулли Тоҷикистон бо пахши изҳороти расмӣ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро дар ташкили 20 гурӯҳи ҷиноятӣ ва тарҳрезии амалиёти зидди нирӯҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо дасти генерал Назарзода муттаҳам кард. Дар вокуниши худ аз хориҷа Кабирӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин иттиҳомотро комилан бепояву асос хонд. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, алайҳи “саркардагон”-и ин гурӯҳ ва “ҳаммаслакон”-и онҳо бар асоси моддаҳои 187 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 199 (тасарруфи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 104 (одамкушӣ), 181 (ғасби гаравгон), 179 (терроризм), 329 (таҳдид нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ) ва 391 (сӯистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда кушодааст.

Бино ба ин изҳорот, 13 тан аз раҳбарон ва аъзои фаъоли ҳизби наҳзати исломӣ, ки “баъди пурра нобуд гардидани ин гурӯҳи террористӣ кӯшиши пинҳоншавӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштанд, боздошт гардиданд.” Дар миёни онҳо – мувоини аввал ва муовинони раиси ҲНИТ – Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳаит, Воҳидхон Қосиддинов, Ҳикматулло Сайфуллоҳзода ва як зан – ҳуқуқшинос Зарафо Раҳмонӣ мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG