Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Мақомоти тоҷик журналистонро метарсонанд


Созмони Human Rights Watch дар як гузориши вижа парвандаи "Азия Плюс" ва Олга Тутубалинаро як намунаи умдаи фишори мақомоти Тоҷикистон ба матбуоти мустақил номидааст.

Human Rights Watch, яке аз созмонҳои мӯътабари ҳомии ҳуқуқи башар, марказаш дар Ню-Йорк дар як гузориши вижа таҳти унвони “Тоҷикистон: Ҳукми “таҳқир” алайҳи расонаҳои хабарӣ” ҳукми додгоҳ алайҳи ҳафтаномаи “Азия Плюс”, яке аз нашрияҳои пештоз дар майдони матбуоти Тоҷикистон, ва хабарнигори ин нашрия Олга Тутубалинаро “зарба ба озодии баён дар кишвар” номидааст.

Дар ин гузориш, ки рӯзи 1 июн нашр шуд, Human Rights Watch мегӯяд, дар “тааҳқир”-и равшанфикрон муҷрим шинохтани нашрия ва эъмоли товони азим болои он “метавонад ба вазъи озодии баён манфӣ расонда, имкони дастрасии мардуми тоҷик ба ахбори гуногунро замин кунад.”

Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch гуфтааст, “Азия Плюс” аз расонаҳои хабарии муҳимтарини Тоҷикистон ааст ва набояд барои мустақилияташ муҷозот шавад.Тоҷикистон бояд аз озодии баён ҳимоят кунад, на инки журналистони мунтақидро тарсонда, бо сӯиистифода аз қонунҳои зидди таҳқиру тӯҳмат ва даъвои товони пулӣ сензураро қонунӣ кунад.”

Human Rights Watch меафзояд, сомонаи “Азия Плюс” низ ҳамроҳ бо Фейсбуку Ютюб ва Радиои Озодӣ дар пайи нашри матлабҳои интиқодӣ пайваста аз сӯи мақомот масдуд мекунад. Се чунин маврид дар тобистони соли 2012 мушоҳида шуда, дар феврали соли 2014 мақомот иҷозатномаи нашрияро ба далели инъикоси масоиле, ки дар оинномааш дарҷ нашудаанд, бозхонд.

Таърихчаи баҳси Тутубалина бо зиёиён

Олга Тутубалина
Олга Тутубалина
Дар моҳи июни соли 2013 Олга Тутубалина дар “Азия Плюс” дар матлабе бо номи “Неинтеллигентно об интеллигенции” пиромуни бозгашти шоири маъруф Бозори Собир баъди 19 соли ҳиҷрат бо истинод ба як гуфтаи асосгузори Иттиҳоди Шӯравӣ Владимир Ленин зиёиёнро бо наҷосат ташбеҳ кард. Ин ташбеҳ ба вокуниши тунди сраҳбарони созмонҳои эҷодиву илмӣ, аз ҷумла сарони Фарҳангистони улум ва Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон рӯбарӯ шуд.

Ба дунбол 5 созмони илмиву эҷодӣ - Фарҳангистони улум ва Иттиҳодияҳои нависандагон, рассомон, оҳангсозон ва меъморони Тоҷикистон ҳамроҳ бо се нафари алоҳида - Дилбар Абдиева, Аскаралӣ Раҷабов ва Ҳикмат Раҳмат – ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шикоят бурда, аз нашрия ва хабарнигораш ҷуброни товони маънавӣ талаб карданд.

Стив Свердлов
Стив Свердлов
Даъвогарон мегӯянд, ки калимаи “наҷосат”, ки дар матлаби Тутубалина нисбат ба зиёиён истифода шудааст, “ба воқеъият дуруст намеояд” ва шаъну шараф ва эътибори равшанфикрон, як қишри баобрӯи ҷомиаи Тоҷикистонро паст мезанад. Онҳо ҳамчун аз муаллиф ва нашрияи “Азия Плюс” 200 000 сомонӣ товон мехостанд. Аммо додгоҳ рӯзи 25 феврал қарор кард, ки “Азия Плюс” ва Олга Тутубалина ба се шахси даъвогар 30 000 сомонӣ пардохт кунанд.

Нашрия аз ин ҳукм ба додгоҳи Душанбе шикоят бурд, вале додгоҳи пойтахт низ рӯзи 30 апрел ҳукми додгоҳи Фирдавсиро ба қувваи худ боқӣ гузошт.

Аммо ин ҳукм мавҷи интиқодҳо дар маҳофили журналистии Тоҷикистон ва дар сатҳи байналмилалиро ба бор овардааст. Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ва ҳамин тавр ҳамаи созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии матбуот аз ин ҳукм изҳори таассуф карда, онро аломати фишор болои журналистони мунтақид дар Тоҷикистон хонданд.

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” (Reporters Without Borders) низ дар моҳи апрел аз мақомоти додгоҳии Тоҷикистон хост, то ҳукми алайҳи нашрияи мустақили “Азия Плюс” ва хабарнигори ин нашрия Олга Тутубалинаро бекор кунад. Йоҳан Бир, раҳбари бахши Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказии ин созмон гуфт: “Ин ҳукми бемаънӣ таҳдиди амиқ ба журналистика дар Тоҷикистон аст. Агар нашрия барои иқтибос ба масъулият кашонда шавад ва даъвогарон бидуни бардоштани кадом осебе даъвои ҷуброн кунанд, пас озодии баён, ки Қонуни асосии Тоҷикистон замонат додааст, маъное надорад.”

Намунаи фишор ба матбуоти мустақил?

Стив Свердлов, пажӯҳишгари Human Rights Watch мегӯяд, “ин қазия як намунаи талошҳо дар роҳи бо тарсдиҳӣ бастани даҳони хабарнигорон аст.“
Умед Бобохонов
Умед Бобохонов
Умед Бобохонов, сардабири “Азия Плюс” низ парвандаи сохта дар атрофи мақолаи Тутубалинаро “як намунаи барҷаста парвандаҳои фармоишӣ” номид, ки ба бовари ӯ, имкони бештари сӯъиистифодаи мақомот “аз даъвоҳои бофта ба хотири фишор ба матбуотро фароҳам мекунад.”

“Азия Плюс” дар чанд соли охир ба чандин баҳси додгоҳӣ гирифтор шудааст.

Дар моҳи феврали соли 2010 додрасони Додгоҳи олии Тоҷикистон “Азия Плюс” ва ду расонаи дигарро ба нашри матлабҳои тӯҳматомепз дар бораи фасод дар низоми додгоҳии ин кишвар айбдор карда, тавассути додгоҳ аз нашрияҳо 1 миллион доллар товон хостанд. Ин даъво танҳо баъди ваъдаи “Азия Плюс” ва он ду ҷавобгари дигар, ки тайи як сол ягон матлабе дар ин масъала нашр намекунанд, пас гирифта шуд.
Анвар Тағоймуродов
Анвар Тағоймуродов
Моҳи августи соли 2011 генерал Анвар Тағоймуродов, як мақоми аршади вазорати умури дохила “Азия Плюс”-ро ба далели гӯё “паст задани шаъну эътибор”-и ӯ ва нашри матлаби “тӯҳматомез” ба додгоҳ кашонд ва 200 000 доллар товон хост. Аммо ӯ баъди чанде даъвояшро пас кашид.

Human Rights Watch мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон бояд бар ӯҳдадориҳои худ ҷиҳати таъмини озодии баён амал карда, ба “Азия Плюс” ва хабарнигорони дигар имкон диҳанд, то кори худро дар як муҳити озод аз табъиз ва фишорҳои бидуни тавҷеҳ анҷом диҳанд.

Умед Бобохонов, сардабири “Азия Плюс” гуфтааст, “онҳое ки дар пушти ин қазия истодаанд, ба таври равшан талош доранд, нашрияи моро ба далели мавқеи шаҳрвандиаш таҳти фишор қарор диҳанд. Онҳо ба тамоми матбуоти мустақили кишвар паём мефиристанд. Бо вуҷуди ин, мо умедворем, ки ақли солим боло мегирад ва додгоҳҳои болоӣ қазияро дар чаҳорчӯби қонун бозбинӣ хоҳанд кард.”

Олга Тутубалина аз хабарнигорони матраҳи ҳафтаномаи мустақили “Азия Плюс” аст. Қазияи бархоста дар атрофи мақолаи Тутубалина боис шуд, ки мақоми Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалии озодии матбуот поён биравад.

Ҳафтаномаи “Азия Плюс” бахше аз силсилаи расонаҳоест, ки ҳанӯз дар миёнаи солҳои 90 аз тарафи хабарнигор ва ношири шинохта Умед Бобохонов таъсис ёфтааст. Ин медиа-ҳолдинг имрӯз як ҳафтаномаву як хабаргузорӣ ва як шабакаи радиоӣ бо номи “Азия Плюс” ва маҷаллаи муҷаллое бо номи “VIP-Zone”-ро фаро мегирад ва аз муваффақтарини тарҳҳо дар бозори матбуоти Тоҷикистон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG