Пайвандҳои дастрасӣ

"Мақомот аз шиканҷа сӯҳбат намекунанд"


Наздикони Ҳамза Икромзода, як маҳбус аз ноҳияи Ҳисор мегӯянд, ки ӯ бар асари шиканҷа дар зиндон ҷон бохтааст.

Наздикони Ҳамза Икромзода, як маҳбус аз ноҳияи Ҳисор мегӯянд, ки ӯ бар асари шиканҷа дар зиндон ҷон бохтааст.

Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Душанбе мегӯяд, азбаски ниҳодҳои давлатӣ аз додани иттилоъ ба онҳо худдорӣ мекунанд, омӯзиши вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон мушкил боқӣ мемонад.

Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон, яке аз созмонҳои фаъол дар Душанбе дар як таҳқиқот ошкор кардааст, ки созмонҳои зидди шиканҷа, рӯзноманигорон ва адвокатҳо дар Тоҷикистон барои гирифтани маълумот дар ин замина аз мақомоти дахлдор ё ҷавоби рад мешунаванд ва ё посухи носаҳеҳ мегиранд.

Шоира Давлатова, ҳамоҳангсози Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон мегӯяд, пажӯҳиши мазкур дар моҳи сентябр ва октябр анҷом шуда, дар ҷараёни он, 12 созмони зидди шиканҷа, 14 хабарнигор ва 11 ҳуқуқшинос аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон мавриди пурсиш қарор гирифтаанд. Хонум Давлатова гуфт, тавре маълум шуд, аксаран ниҳодҳои давлатӣ аз ироаи маълумот вобаста ба шиканҷа бо баҳонаи махфӣ будани парвандаҳо худдорӣ мекунанд.


Ӯ гуфт, «дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон аз мушкили доғ ба шумор меояд. Дар аксари маворид ба рӯзноманигорон маълумот дар мӯҳлати тибқи қонун муайяншуда пешниҳод намегардад, барои сабт кардан иҷозат дода намешавад ва ё умуман суолашон бе посух мемонад. Ҳуқуқшиносон барои мулоқот бо зерҳимояашон дар боздоштгоҳҳо мушкил доранд ва ин омил боис мешавад, ки онҳо наметавонанд барои пеш бурдани фаъолияти худ маълумоти заруриро дарёфт кунанд.»

Ҳумайрои Бахтиёр

Ҳумайрои Бахтиёр

Гузашта аз ин, ба гуфтаи Шоира Давлатова, дар ҷараёни ин таҳқиқот ҳам ниҳодҳои давлатӣ аз посух ба пурсишномаҳои онҳо низ таъхир мекарданд ва ё аслан посух намедоданд. Ба иттилои хонум Давлатова, ба пурсишнома аз 12 ниҳоди давлатӣ танҳои 6 ниҳод посух додаанд, аммо вазорати адлия ва додситонии кулл аз додани гузориш худдорӣ кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи хонум Давлатова, тибқи қонунгузорӣ онҳо ҳуқуқ доранд аз беамалии масъулони ин мақомот ба додгоҳ шикоят бубарнад.

Ин таҳқиқот дар ҳоле анҷом мешавад, ки созмони Афви байналмилал дар гузориши имсолааш шиканҷаву бадрафториро як мушкили умдаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ном бурд. Афви байналмилал мегӯяд, шиканҷа ва бадрафторӣ дар ин ниҳодҳои интизомии ин кишвар як падидаи фарогир боқӣ монда, беҷазо мондани омилони ин ҷиноёт ҳамчунон идома дорад. Ниҳодҳои мустақили ҳомии ҳуқуқ ба зиндонҳои Тоҷикистон дастрасӣ надоранд ва бо вуҷуди бархе озодиҳо дар қонунгузорӣ озодии баён дар кишвар то ҳол таҳти ҳамла қарор дорад.

Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, бо вуҷуди он, ки имсол мавзӯъи шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар сару садои зиёдро ба бор овард, аммо мақомоти тоҷик ин сарусадоҳоро рад мекунанд. Дар ҳоле ки, мегӯяд Ҳумайро, чандин сабти шиканҷаи зиндониён дастраси хабарнигорон гардид, вале ин далелҳоро мақомот нодида гирифт. Ҳумайрои Бахтиёр афзуд, «ман бештар кӯшиш мекунам ба суолҳои худ дар ин замина аз афроди масъул ба ҳангоми ягон ҳамоиш посух бигирам. Албатта, мақомоти дахлдор ба гунае ба мо маълумот медиҳанд, ки аслан ба дарди мо намехӯрад. Масалан, вақте бо ҳама далелҳо дар бораи мавҷудияти шиканҷа, ки ҳатто бо марги зиндониён анҷом мешавад, муроҷиат мекунем, мақомот мегӯяд, ки он нафар худкушӣ кардааст. Яъне ин як навъ нописандии мақомоти интизомиро дар ниcбати ҷомеа нишон медиҳад. »

Маҳмурод Одинаев

Маҳмурод Одинаев

Дар ҳамин ҳол, Маҳмурод Одинаев, сардори Эътилофи мардумии дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусон ва мубориза бо шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон мегӯяд, азбаски истифодаи шиканҷаву бадрафторӣ ба худи мақомоти интизомӣ рабт мегирад, онҳо талош мекунанд, ки чунин ҳолатҳо ошкор нашаванд. Ӯ гуфт, «тасаввур кунед,ки дар бархе аз зиндонҳои кишвар чандин нафар аз шиканҷа аз 250 то 300 нафар ба ҳалокат мерасад. Масъулон мегӯянд, онҳо худкушӣ кардаанд. Шумо фикр кунед, барои худкушӣ кардан кӣ ва ё чӣ водор мекунад?»

Аммо Илҳом Маҳмудов, муовини cардори идораи зиндонҳои вазорати адлия чанде пеш дар посух ба ба ин суол, ки чаро дар бораи қазияҳои пурсару садои марбут ба шиканҷа маълумот пахш намешавад?, гуфт: “Мо ҳаққи ба тафтишот дахолат кардан ва ба ҷой онҳо гап заданро надорем. Инро додгоҳ ва мақомоти тафтишотӣ аниқ мекунанд."

Ҷаноби Маҳмудов аслан вуҷуди шиканҷа дар зиндонҳоро радд кард ва гуфт, “тамоми кормандони мо кори худро аз рӯй қонун ба роҳ мондаанд. Охир мо ҳам инсон ҳастем. Мо ҳам падару модар, фарзанду бародар дорем. Чаро бояд ба маҳкумшудаҳо шиканҷа мекардаем? Ҳар нафаре, ки бо маҳбусон муносибати бад мекунад, аз рӯй қонун ҷазо мегиранд. Кӣ мехоҳад, як нафарро лату кӯб кунад? Гӯё ки мо барои ошкор кардани шиканҷа ҷазо медода бошем, дурӯғ аст.”

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дар се соли ахир дастикам 5 нафар, бо шумули Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов, Хуршед Бобокалонов ва Баҳромиддин Шодиев, дар пайи боздошт ва зоҳиран бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидаанд. Вале ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, то ҳол мақомот дар баррасии парвандаи ин афрод беаҳамиятӣ мекунанд. Ва дар бештари мавридҳо алайҳи нафарони ба зӯроварӣ дастзада парванда боз намекунанд.

Масъулини Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон аммо мегӯянд, бо вуҷуди мушкил будани исботи парвандаҳо оид ба шиканҷа, онҳо тавонистаанд аз ҳуқуқи чанд нафар хешовандони афроди шиканҷадида ҳимоят кунанд

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG