Пайвандҳои дастрасӣ

Як пажӯҳиши нав дар бораи истифодаи телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки бештар аз 66 % ҷавонон тарафдори истифодаи телефони ҳамроҳ дар ҷараёни таълим ҳастанд.

Дилафрӯз Раҳимова, як донишҷӯи тоҷик ҳангоми дарс пинҳонӣ аз устоди донишгоҳ дарси ӯро сабт мекунад, то вақти зарурат гуфтаҳои омӯзгорро дарсро аз бар намояд. Дилафрӯз медонад, ки дар сурати ошкор шудани ин кораш дар бало мемонад, вале барои осон шудани омӯзиши дарс, "ҷон"-и смартфон ва телефони ҳушманди «Самсунг»-ашро дар хатар мемонад.

Шумораи Дилафрӯзҳо дар Тоҷикистон, ки 7 миллион корбари телефони ҳамроҳ ва бештар аз 140 ҳазор донишҷӯ дорад, зиёдтар мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки донишҷӯёну хонандагон дар Тоҷикистон ҳақ надоранд, ҳангоми дарс телефони ҳамроҳ ба кор баранд. Баъди онки устодони донишгоҳу мактабҳои Тоҷикистон аз занги пайвастаи телефонҳои донишҷӯёну хонандагон ҳангоми дарсҳо ба дод омаданд ва Вазорати маорифи Тоҷикистон чанд сол пеш фармон дод, ки донишҷӯён телефони ҳамроҳ нагиранд ва хонандагон аслан ба мактаб телефон наоранд. Барои ин кор ҷарима ҳам мекунанд.

ТЕЛЕФОН - МАДАДГОР

Як пажӯҳиши нав дар бораи истифодаи телефонҳои ҳамроҳ дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки беш аз 66 дар сади ҷавонон тарафдори истифодаи телефони ҳамроҳ дар ҷараёни таълим ҳастанд ва чунин мешуморанд, ки истифодаи он ба таҳсил манфиати зиёд дорад. Рустам Қосимов, раҳбари Бунёди Интернет дар Тоҷикистон аз муаллифони ин таҳқиқест, ки натиҷаҳояш чанде пеш чоп шуд. Ӯ дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт:

Рустам Қосимов

Рустам Қосимов

«Дар тадқиқот мо пеш аз ҳама ҷавонҳоро ҷалб кардем ва қисми зиёди онҳо донишҷӯён буданд. Ҷавонон барои таҳсил аз смартфонҳо ба таври васеъ истифода мебаранд, ҳоло онки мутаасcифона дар Тоҷикистон истифодаи телефонҳои мобилӣ дар ҷараёни таълим умуман манъ карда шудааст. Бо вуҷуди он донишҷӯён смартфонҳоро ба таҳсил дар хонаҳояшон ба таври васеъ истифода мебаранд. Имкон доранд, китобҳои аудиоӣ истифода баранд, имконияти пайдо кардани маводи иловагии таълимиро доранд. Гуфтан лозим аст, ки смартфон, ҳамон компютер аст, ягона фарқияташ ин аст, ки экранаш хурд аст.»

Аз миёни 1500 нафаре, ки пурсида шудаанд, тақрибан 21 дар сад тавсия додаанд, ки истифодаи телефони ҳамроҳ барои сабти дарсҳо муфид аст, тақрибан 21 дар сад гуфтаанд, ки гӯш кардани китобҳои савтӣ низ барои хонандаҳо судманд мебуд. Таҳқиқи Бунёди Интернет ва созмонҳои хориҷии МаСуД ва Махити.орг нишон додааст, ки бо вуҷуди камбизоат будани бисёре аз мардум дар Тоҷикистон, телефонҳои ҳушманд ҷойи телефонҳои маъмулиро танг кардаанд ва ҳоло 64 дар сади мардум смартфон ва 36 дар сад телефони маъмулӣ доранд.

ТЕҒИ ДУДАМА​

Мадина Расулзода, сокини шаҳри Душанбе, ки ба ҳайси мушовири тиҷоратӣ кор мекунад, мегӯяд, ҳоло бо истифода аз смартфонаш забони олмонӣ меомӯзад. Ӯ тарафдори истифодаи телефони ҳамроҳ дар ҷараёни таълим аст, вале:

Дугонаҳо СМС-ро бо ҳам мехонанд

Дугонаҳо СМС-ро бо ҳам мехонанд

«Кордро метавонед, ҳам ба манфиат ва ҳам бар зарари худ ба кор баред. Айни чиз бо смартфонҳо низ ҳаст. Агар инсон телефонҳои ҳушмандро барои пешрафти худ истифода барад, бисёр хуб аст. Вале агар смартфонро ба дасти кӯдаке, ки бидиҳем, ки ақлаш чизеро намегирад, ӯ метавонад вақташро бо бозиҳои аҳмақонае талаф кунад, ки барои рушди зеҳнии ӯ ҳеҷ манфиате надоранд. Барои ҳамин дар мактабҳо бояд бачаҳоро назорат кунанд ва ё фаҳмонанд, ки ба ғайр аз бозиҳои беманфиате, ки дар телефонҳои ҳушманд вуҷуд дорад, дар он метавонанд, замимаҳои муфиди омӯзишӣ пайдо кунанд. Ман мухолифи он нестам, ки дар мактабҳо телефонҳои ҳушманд истифода шавад, вале айни замон бояд ба бачаҳо фаҳмонда шавад, ки ин телефонҳоро барои инкишофи худ ба кор баранд.»

Телефонҳои ҳушманд акнун дар Тоҷикистон абзоре шудаанд, ки корбарон аз имконоти васеи он, аз ҷумла дастрасӣ ба Интернет, пайдо кардани роҳ, аксбардориву наворгирӣ, муомилоти бонкӣ ва назорати фарзандро истифода мекунанд. Аз ҷумла 26 дар сади ҷавонон смартфонҳоро барои дастрасӣ ба Интернет ва тақрибан 11 дар садашон барои гирифтани иттилооти нав ва бештар аз 36 дар сад ҳамчун васила барои муошират ба кор мебурдаанд. Фаррух Охунов, ҷавони тоҷик, ки саҳифаи «Андроид Тоҷикистон»-ро дар Фейсбук боз кардааст, смартфонро абзори беҳамто барои таҳсилу рушди зеҳнӣ медонад:

«Смартфон пеш аз ҳама барои ман як дастёри хубе барои зиндагӣ аст. Ман тақвими корамро дар он менависам, ҳадафу идеяҳоямро менависам. Умуман барои осон кардани зиндагиам ба кор мебарам, ки иттилооти зиёдеро дар сар нигаҳ надорам. Баъди ин ҳама телефони ҳушманд барои ман воситаи муоширату дигар чизҳо аст. Ман рӯзҳоеро дар ёд дорам, ки телефони маъмулӣ доштам, ин рӯзҳои сахту душвор буд.»

НАЗАРИ ТАРАФИ МУҚОБИЛ

Фаррух мухолифи истифодаи телефони ҳамроҳ дар дарсҳост. Ӯ мегӯяд, ҳоло бисёре аз ҷавонони тоҷик телефонҳои ҳушмандашонро барои тамошои видео ба кор мебаранд ва манфиати ин технология барои рушду такомули зеҳнии худро намедоданд. Дар воқеъ шумо ҳоло бахусус дар навоҳии Тоҷикистон ҷавонони зиёдеро мебинед, ки соатҳои дароз сарашон рӯи телефон хам ба бозӣ машғуланд ва ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ бахусус Однокласники вақт талаф мекунанд.

Хусрав Бобоназаров -- як ҷавони ёвонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, смартфони Самсунгашро асосан барои дарёфти иттилот аз Интернет истифода мекунад, вале ҷавонони зиёде ҳастанд, ки фақат машғули бозиянд ва ё дар Интернет аксу филмҳои фаҳш (порно) тамошо мекунанд. Як омӯзгоре аз ноҳияи Ҳисор ба Радиои Озодӣ гуфт, чанде пеш ҳангоми дарс ҷавонеро дастгир кард, ки дар телефони ҳушмандаш филми порно тамошо мекард.

Дар Тоҷикистон ҳоло бештар аз ҳама ҷавонони аз 21-то 32-сола телефонҳои ҳушманд доштаанд ва аксарияташон ҳам ба телефонҳои Нокиа бартарӣ медодаанд. Тақрибан 9 дар сади ҷавонон телефонҳои Самсунг ва бештар аз 4 дар сад телефону смартфонҳои Sony-ро доштаанд.

Муаллифони таҳқиқ дар бораи истифодаи телефонҳои ҳамроҳ гуфтаанд, ки рушди босуръати Интернет ва дастрасии беш аз 100 фоизӣ ба хадамоти телефони ҳамроҳ дар саросари Тоҷикистон имкони истифодаи васеи Интернет барои раванди таълиму таҳсил дар кишварро фароҳам мекунад, ба шарте ки манобеи дохилии таълимӣ ба мисли замимаҳои омӯзишии тоҷикӣ барои телефонҳои ҳушманд бисёртар шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG