Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрӣ ба паррандагон ва ҳайвоноти ваҳшӣ дар сармои зимистон


Дар пайи бориши барфи зиёд кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ дар мавзеъҳои зисти ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон ғаллаву хошок паҳн кардаанд.

Ба дунболи сардиҳои рӯзҳои ахир, мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд тасмим гирифтаанд, ки дар мавзеъҳои зисти ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандагон ғалла ва хошок паҳн намоянд, то онҳоро аз хатари талаф шудан наҷот бидиҳанд.

Мақомоти кумитаи ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд мегӯянд, дар кӯҳу теппаҳои мавзеъҳои Елтегирмон ва Кусавлисой ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 850 кг ғалла, 200 кг намак, 400 кг картошкаву сабзӣ ва 14.5 тонна хошок рехта шудааст. Мутахассисони кумитаи ҳифзи муҳити зисти Суғд мегӯяд, дар ин мавзеъҳо кабку саъба, хуки ваҳшиву гург, рӯбоҳ, силовсин, хирс, харгӯш ва бузи кӯҳӣ вомехӯранд.

Шоира Мелибоева, корманди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сардиву сербарфӣ ва камбуди ғизо ба ҳайвоноту паррандагони, ки бархе аз онҳо нодиранд, хатари нобудӣ пеш овардааст. Бинобар ҳамин, ин иқдом ба хотири ёрӣ ба олами ҳайвонот ва ҳифзи онҳо аз талаф шудан дар ин рӯзҳои сербарфӣ, ки ба норасоии шадиди ғизо рӯбарӯ мебошанд, роҳандозӣ шудааст.

Ҷиҳати ҳифзи ҷонварони ваҳшӣ дар минтақаҳои Шаҳристону Панҷакент, Айниву Ашт ва ҳавзаи рӯди Сир дар вилояти Суғд мамнуъгоҳ ва парваришгоҳҳо таъсис шудааст. Бабр (силовсин) дар мамнуъгоҳи Искандаркӯл, оҳуи бухороӣ (дар ҳавзаи рӯди Зарафшон) ва хирси малла дар ҷангалзорҳои ин минтақа ба Китоби Сурхи ҷаҳонӣ ворид карда шудааст. Бузи кӯҳӣ, оҳуи бухороӣ, хуки ёбоӣ, хирси малла, кабки сангсор, мурғи ҳилол, тазарвҳои зарафшониву сирдарё, лочини балобак, мурғи дуғдор аз минтақаи Суғд ба китоби Сурхи Тоҷикистон шомиланд.

Сангинбой Қурбонов, сардори шуъбаи ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот дар идораи ҳифзи муҳити зисти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар минтақаи шимолии Тоҷикистон саршумори бархе ҳайвоноти нодир аз рӯи мушоҳидаҳои табиатшиносон солҳои охир зиёдтар шудааст: “Аз рӯи зиёд шудани изи по ва пайи гузари хирси малла метавон бо дилпурӣ гуфт, ки шумораи хирси малла рӯ ба афзоиш аст. Инчунин, теъдоди оҳувони бухороӣ ҳам, ки пештар наздики 50 мегуфтанд, ҳоло ба 64 расидааст. Бабри маҳаллӣ (силовсин), тазарви зарафшонӣ ҳам бисёр шудааст, ки субҳгоҳон ва бегоҳиҳо дар атрофи деҳаҳову роҳи калон дидан мешавад.”

Зимнан, Тоҷикистонро се навъи тазарв макони зист ихтиёр кардааст ва ду навъи он: зарафшонӣ ва сирдарёӣ дар ҳавзаҳои ин ду рӯд зиёд дучор меоянд. Солҳои охир ҷамъ овардани аслиҳаҳои шикории бесанад аз дасти сокинон, кам шудани сайди худсарона дар шимоли Тоҷикистон, ба паррандаҳои шикорӣ, мисли тазарву кабк имкон дод, ки озодона болу пар кушоянд ва ҳатто даруни пахтазорони канори Сир села - села фуруд оянд.

Тазарву кабк ва заргӯш аз ҷонваронест, ки саршумори онҳо дар ин минтақа то ҳадди иҷозаи сайди зиёд афзудааст. Аммо ба гуфтаи масъулони ҳифзи олами ҳайвоноти Суғд, бабри маҳаллӣ (силовсин) қариб то ҳадди нест шудан расида, ҷангалбонҳо гоҳ- гоҳ изи пои онҳоро мебинанд. Ва соли гузашта бо ду бачаи навтавлиди бабр ҳам рӯ ба рӯ шудаанд. Вале сагобӣ ҷонварест, ки дар қаблан дар рӯди Зарафшон мезиставу ҳоло дигар дучор намеояд.

Табиатдӯстони Суғд ёрӣ ба ҷонварони ваҳшӣ ва расонидани ғизо дар рӯзҳои сарду сарбари зимистони як кори муҳим ва савоб ҷиҳати ҳифзи олами ҳайвонот меноманд. Толиб Ҳобилов, донишманди табиатшинос, раҳбари итттиҳодияи дӯстдорони табиати Суғд мегӯяд, нест шудани ҳайвоноти нодир таҳти омилҳои инсонӣ, сайди худсарона, хароб кардани макони зисти онҳо, буридану нобуд кардани ҷангалзорҳо ва аз байн бурдани марғзору алафзорҳо сурат мегирад. Ба назари ин донишманд, ҳифзи фазои зисти табии ҳайвоноти ваҳшиву паррандагон ва дар фасли сармову ҳолатҳои изтирорӣ таъмини онҳо бо ғизо, боиси афзудани саршумори онҳо хоҳад буд.

Дар ин робита Сангинбой Қурбонов, сардори шуъбаи ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот дар идораи ҳифзи муҳити зисти Суғд мегӯяд, солҳои охир олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандаҳо дар Тоҷикистон зери назорати кормандони идораҳои ҳифзи табиату ҷангалбонҳо ва масъулони парваришгоҳу мамнуъгоҳҳо гирифта шудааст. Вале дар асри бистуяк таҳдидҳое дигаре ва ин навбат на аз ҷониби инсон, балки аз сӯи табиат пеш омадааст, ки он тағйири иқлим ва сардиву гармои нобаҳангоми обу ҳаво аст ва олами табии ҷонваронро хароб ва боиси нобуд шудани онҳо мегардад. Дар ин ҳолат вазифаи инсон аст, ки ба ҷонварони кӯҳу саҳро дасти мадад дароз кунад.

Дар ду шабонарӯзи охири моҳи январ дар Тоҷикистон ва рӯзи аввали моҳи феврал ба таври бесобиқа дар солҳои охир барфи зиёд борид ва ба гуфтаи сокинон, дар кӯҳистон ва кӯҳдоманҳои Суғд бар то ним метр ва баландтар бар зад. Масъулони идораи ҳифзи муҳити зисти Суғд мегӯянд, дар сурати сард шудани обу ҳаво дар моҳи феврал низ барои ҳайвоноту паррандагон маводи ғизоӣ дастрас хоҳанд кард

Дар пайи сардиҳои зимистони соли 2012 низ Идораи ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд амалиёти "як моҳи ҳифзи олами ҳайвонот"-ро эълон карда буд ва гурӯҳи табиатдӯстон, кормандони идораҳои муҳити зист, хоҷагии ҷангал ва сайёдон якҷоя беш аз 20 тонна алафи хушку дона, аз ҷумла меваи ангат дар маҳалҳои зисту чаро тақсим карда буданд.Ба ин монанд, дар қисмати ҷануби Тоҷикистон низ кормандони ҳифзи муҳити зист ба ҳайвоноти аз сармо ранҷдидаи мамнӯъгоҳҳои Ховалинг, Мӯъминобод, Шӯрообод ва Балҷувон дасти кӯмак дароз карда буданд.

XS
SM
MD
LG