Пайвандҳои дастрасӣ

"Дар Тоҷикистон баъзе пиронсолон ҳам азият мешаванд"


Зани талбандае дар хиёбони Душанбе

Зани талбандае дар хиёбони Душанбе

Дар раддабандии нави созмони HelpAge International, ки вазъи некӯаҳволии пиронсолонро дар ҷаҳон арзёбӣ мекунад, Тоҷикистон дар ҷои 58−ум қарор гирифтааст.

Дар раддабандии нави созмони Help Age International, ки вазъи некӯаҳволии пиронсолонро дар ҷаҳон арзёбӣ мекунад, Тоҷикистон дар ҷои 58-ум қарор гирифтааст. “Ҳамсояҳои” Тоҷикистон дар ин раддабандӣ давлатҳои Никарагуа ва Гваттемала мебошанд, ки аҳволи нафақахӯрони кишвари аввалӣ аз Тоҷикистон каме беҳтар ва дуввумӣ бадтар будааст. Зиндагии аз ҳама хуб ва роҳатро пиронсолон дар кишвари Швейтсария доштаанд, ки дар ин раддабандӣ мақоми аввалро соҳиб шудааст.

Дар Афғонистон пиронсолон вазъи аз ҳама ногувор ва зиндагии сахту фақиронае доштаанд ва ин кившар дар ин раддабандӣ дар мақоми охирин қарор дорад. Аммо вазъи пиронсолон дар худи Тоҷикистон бинобар арзёбии ин созмон нисбат ба як соли қабл бадтар шудааст. Бинобар арзёбии ин созмон, дар соли гузашта дар раддабандии некӯаҳволии кӯҳансолон Тоҷикистон мақоми 52-юмро соҳиб шуда буд.

Ахиран созмони Help Age International пажӯҳиши махсусеро дар мавзӯи муносибат ба пиронсолон дар Тоҷикистон барпо ва муайян кардааст, ки афроди кӯҳансол низ дар хонаводаҳо озору азият мешаванд. Бар пояи ин гузориш, дар Тоҷикистон нисбат ба кӯҳансолон хушунате мисли аз хона рондан, танҳо гузоштани эшон, нигоҳубини нодуруст, азхудкунии нафақа бидуни ризоияти эшон, таҳқир ва ҳатто лату кӯб раво дида мешавад. Аммо тибқи ин пажӯҳиш, дар аксар маворид, бинобар шароити сахти зиндагӣ, набуди ҷои кор, муҳоҷират ва фақр фарзандон имкони нигоҳубини хуби волидайни кӯҳансоли хешро надоранд.

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки дар аксар оилаҳо кӯҳансолон, хусусан муйсафедҳо дар хонаи алоҳида зиндагӣ мекунанд ва дар фасли сармо аз сардиву бебарқӣ азият мешаванд, чунки аксарияти оилаҳо имкони гарм кардани якбора ду ҳуҷраро надоранд. Ҳамчунин, кӯҳансолон аз набуди дорувор, мушкили дастрасӣ ба табибон ва хӯроки серғизо танқисӣ мекашидаанд. Мувофиқи оморҳои тоза, танҳо 5,2 дарсади аҳолии Тоҷикистон ва ё ҳудуди 400 ҳазор нафари онро пиронсол мебошанд. Аз ин лиҳоз Тоҷикистон кишвари ҷавонон шумурда мешавад. Агар аз як сӯ таваллуди зиёд сабаби ин ҳолат бошад, аз сӯи дигар, бузургсолон хеле зуд мефавтанд. Мизони нафақаи миёна дар Тоҷикистон ҳоло 200 сомониро ташкил медиҳад. Айни ҳол, дар Тоҷикистон 43 маркази нигоҳубини пиронсолон фаъолият мекунад, ки дар он беш аз 3 ҳазор нафар парасторӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG