Пайвандҳои дастрасӣ

М.Кабирӣ: Баъди анҷоми табобат ва... ба Тоҷикистон хоҳам рафт


Муҳиддин Кабирӣ баъди даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар соли 2006 раиси ҲНИТ интихоб шуд ва тақрибан нуҳ сол боз дар ин мақом аст

Муҳиддин Кабирӣ баъди даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар соли 2006 раиси ҲНИТ интихоб шуд ва тақрибан нуҳ сол боз дар ин мақом аст

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, "барои табобату конфронсҳо" дар хориҷ қарор дорад ва ба Душанбе бархоҳад гашт. Ӯ баъд аз интихоботи 1 март аз кишвар берун рафта буд.

Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сарусадо дар мавриди худдории раҳбари ин ҳизб - Муҳиддин Кабирӣ аз бозгашт ба Тоҷикистонро рад карданд. Худи ӯ низ 3 май дар ҷавоб ба номаи Радиои Озодӣ навишт, баъди анҷоми табобат ва иштирок дар нишастҳои байнулмилалӣ ба ватан хоҳад омад.

Овозаҳо дар мавриди дудилагии омадани Кабирӣ ба Тоҷикистон баъд аз пешниҳоди баста шудани ҲНИТ аз сӯи имомхатибон пайдо шуда ва пас аз пахши навори таҳдидомез дар Интернет аз сӯи аъзои гурӯҳи тундрави "Ансоруллоҳ" авҷ гирифт. Дар ин навор нафаре, ки худро Мавлавӣ Салмон муаррифӣ мекунад, ниқоб дар рӯй бо муроҷиат ба Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, аз сиёсатҳои ба қавли ин ҷавон "куфр"-аш даст кашад. Ба гуфтаи ӯ, Кабирӣ хато мекунад, ки "ҷиҳод дар Сурияву Ироқ"-ро хушунат ва ҷанги бемаънӣ мешуморад.

Маълум кардани аслӣ ё ҷаълӣ (сохта) будани ин навор ғайриимкон аст ва дақиқ нест, онро дар куҷо сабт кардаанд.

Муҳаммадалии Ҳайит

Муҳаммадалии Ҳайит

Муҳаммадалии Ҳайит -- муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ки аз ин видео хабар ва аммо ба воқеияташ шубҳа доранд. Оқои Ҳайит 3 май гуфт, "фикр намекунам, ин навор воқеият дошта бошад. Чун ҳар он касе, ки ҳамчунин барномаро рӯи даст дорад, мухолиф ба сулҳу субот ва созиш дар кишвар аст."

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, бо вуҷуди чунин таҳдидҳо онҳо бо Муҳиддин Кабирӣ пайваста дар тамосанд ва ӯ азми баргаштан ба Тоҷикистонро дорад. Аммо Маҳдии Собир, таҳлилгари масоили амниятӣ, мегӯяд, ҳаргуна таҳдид бояд ҷиддӣ гирифта шавад ва Муҳиддин Кабирӣ низ набояд ингуна таҳдидҳоро сарфи назар намояд.

Ба қавли ин коршинос, "Ансоруллоҳ" як қисми таркибии муҷоҳидони собиқи тоҷик аст, ки дар Тоҷикистон низ фаъол буданд, вале вақте ҲНИТ бо сардории Нуриву Тӯраҷонзода бо ҳукумат сулҳ карданд, онҳо чунин ҳисоб карданд, ки хостаҳояшон бароварда нашуд. Аз ин хотир онҳо мехостанд ҷангро идома дода, сохти конститутсиониро иваз кунанд ва ҷомеаи Тоҷикистонро исломӣ намоянд. Чун ба мақсад нарасиданд ҳоло

Маҳдии Собир

Маҳдии Собир

ба Кабирӣ, ҳамчун хиёнаткор муносибат мекунанд ва сиёсатбозиҳои ҳизби наҳзатро қабул надоранд. Ва ин хеле ҳам таҳдиди ҷиддӣ аст."

Муҳиддин Кабирӣ, бино ба иттилои дарёфтӣ, дар Туркия бо қисме аз аҳли хонаводааш зиндагӣ мекунад ва дар гузашта низ зиёд ба онҷо рафта ва бармегашт. Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ду ҳафта баъд аз интихоботи парлумонии 1-уми март аз Душанбе рафт. Худи ӯ дар посух ба номаи Радиои Озодӣ навишт, ки барои анҷоми табобат ва ширкат дар чандин нишастҳову чорабиниҳо дар хориҷ аст ва каме тӯлонӣ шудани сафараш ба таҳдидҳо рабте надорад.

"Барномаи сафарамро аз қабл якуним-ду моҳ гирифта будам, чун чандин нишасту конфронсҳо дар Аврупо ва Осиё паси ҳам омадаанд, ки аз лиҳози мавзӯъ барои минтақа ва кишвари мо хеле муҳиманд. Пештар кори парлумон имкон намедод, муддати тӯлонӣ берун бошам ва ночор барои ширкат дар ҷаласаҳои парлумон зуд бармегаштам ва дубора сафар мекардам, ки ҳам сарфи зиёд дошт ва вақтро талаф медод. Ҳоло вазъият фарқ мекунад ва зарур нест, ки зуд-зуд бираваму баргардам. Баробари анҷоми табобат ва сафарҳо ҳатман бармегардам ва ҷашни Ваҳдати миллиро дар ватан пешвоз хоҳам гирифт,"-гуфтааст Кабирӣ.

Раҳбари ҲНИТ афзудааст, он наворҳои видеоӣ алайҳи ӯ аз тарафи афроди мусаллаҳро бояд мақомот ва коршиносон мавриди ташхис қарор бидиҳанд, то куҷо сохта ё воқеӣ мебошанд ва бо чӣ ҳадафе омода ва пахш шудаанд. Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, барномаи худро дар пайи чунин таҳдидҳо тағйир надода ва мисли пешина идома хоҳад бахшид. "Аз тарафи дигар, ҷаҳон табдил ба як деҳкада шудааст, агар хатаре таҳдид мекунад, дар ҳама ҷо баробар таҳдид хоҳад кард, чи дар ватан бошем, чи дар хориҷ,"-хулоса кардааст ӯ.

Дар интихоботи интихоботи парлумонии якуми марти соли ҷорӣ Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла худи Муҳиддин Кабирӣ аз курсии вакилӣ маҳрум шуд ва тарафдорони ҳизб гуфтанд, дар интихобот тақаллуб сурат гирифта ва раъйи онҳоро дуздидаанд. Дар остонаи интихобот ҳам дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон маъракаи густурдаеро алайҳи ҲНИТ ба роҳ андохтанд ва бо нашри видеоҳои маҳрамонае ба обрӯи ин ташкили умдаи сиёсӣ латма заданд.

Баъзе аз аъзои шинохтаи собиқи ин ҳизб ва рӯҳониёни шинохтаи тоҷик ҳам хостори қатъи фаъолияти ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон шуданд. Худи Муҳиддин Кабирӣ дар посух ба ин амалкардҳо аксаран ба сиёсати сабру таҳаммул таъкид карда ва гуфтааст, тарафдорони ҳизб набояд роҳи эътирозро пеш бигиранд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ягона ҳизби исломии расмӣ дар кишвар ва дар тамоми Осиёи Марказӣ аст ва ба гуфтаи раҳбаронаш бештар аз 40 ҳазор узв дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG