Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ягона момодояи водии Бартанг, ки ба садҳо зани ҳомила ҳангоми таваллуд кӯмак мекард, ба хотири даромади бештар ба Афғонистон ҳиҷрат кардааст.

Ба Афғонистон кӯч бастани ягонаи момодояи Бартанг Мавҷуда занони сокини ин дурдасттарин ҷамоати ноҳияи Рӯшони вилояти Бадхшонро нигарон кардааст. Роҳ аз ин ҷо то маркази ноҳия 45 километр ва то маркази вилоят - шаҳри Хоруғ 100 километр ва бахши умдаи он душворгузар аст. Дар ин ҷо ҳоло як пизишки кӯдакон ва як терапевт кор мекунанд, ки ба занон ҳангоми таваллуд низ кӯмак мерасонанд, вале дар сурати пеш омадани мушкил ҳангоми таваллуд сокинон маҷбуранд бемори худро ба Рӯшон ё Хоруғ баранд.

Манзура Шарбатова, як сокини ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон мегӯяд: “Мавҷуда ягон табибе буд, ки ин ҷо ҷарроҳӣ ҳам мекард, аммо барои беҳтар кардани зиндагиаш ба Афғонистон рафт. Ҳамин ду моҳи пеш як занро барои ҷарроҳӣ ба Хоруғ бурданд. Роҳ хеле дароз аст. Барои занони ҳомила ин мушкил аст. Занҳое ҳастанд, ки дар таваллуд кӯмак кунанд, аммо агар таваллуд мушкил ояд, ин ҷо касе коре карда наметавонад ва маҷбуранд ба Рӯшон ё Хоруғ равон кунанд.”

Аммо рафтани момадояи касбӣ аз Бартанг ягона мушкили мардуми он нест. Ҷамоати Бартанг шояд ягона маҳалле дар Тоҷикистон аст, ки он ҷо маводи ғизоӣ ду-се баробар гаронтар аст. Дар ҳоле, ки дар Хоруғ як лингча ордро то 135-40 сомонӣ дастрас кардан мумкин бошад, ин нарх гоҳо дар Бартанг то ба 200 сомонӣ мерасад.

Кишвар, сокини дигари ҷамоати Бартанг мегӯяд: “Бензин то 8 сомонӣ ҳаст ва ордро бо 160-180 ва дар баъзе деҳаҳои дигар то 200 сомонӣ ҳаст. Роҳ, ки душворгузар аст, барои соҳибкорон ҳам овардани маҳсулот мушкил меафтад. Ба ҳамин хотир нарх қиммат аст.”

Рустои Равмед дар водии Бартанг. Акси Ксения Диодорова

Рустои Равмед дар водии Бартанг. Акси Ксения Диодорова

Ба манзури коҳиш додани нархи маҳсулоти озуқа Оҷонсии захираҳои давлатӣ бештар аз 20 тонна орд ба Бартанг интиқол додааст, то сокинон бо нархи дастрас ин маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро пайдо кунанд. Султонсаид Давлатшоев, раиси ҷамоати Бартанг мегӯяд, бо дарназардошти он ки дар фасли зимистон баъзан роҳҳо дурудароз баста мешаванд, ин Агентӣ ҳоло орд ва дигар ғизоро дар водии Бартанг захира мекунад.

Ӯ меафзояд: “Орде, ки захира мешавад, ба сокинон бо нархи 140 сомонӣ фурӯхта хоҳад шуд. Ҳоло дигар маҳсулот ҳам захира мешавад ва фирк мекунам, ки аз ин ҳисоб мардум мушкилӣ нахоҳан кашид. Соҳибкорон ордро 160-170 мефурӯшанд, аммо ин захираҳо бо нархи арзон дастрасӣ сокинон хоҳад шуд.”

Аммо сокинон мегӯянд, ин захираҳо на ҳамеша талаботи сокинонро қонеъ хоҳад кард ва ҳамчунон дар Бартанг нархҳо осмонӣ боқӣ хоҳад монд. Фарҳод, сокини дигари водии Бартанг мегӯяд, роҳ ба ин водӣ ҳанӯз соли 1936 сохта шудааст ва дигар таъмиру навсозӣ нашудааст: “Ин захираҳо нархро дар гумон аст, арзон кунад. Ҳама гап дар сари роҳ аст. Агар роҳ соз шавад, бовар дорам, ки нарх ҳам арзон хоҳад шуд. Соҳибкоре, ки то Бартанг як бор маҳсулот меорад, маҷбур аст, ки мошинашро таъмир кунад. Мушкилоти асосии мардуми Бартанг ин роҳ ҳаст. ”

Надоштани роҳ, барқ ва норасоии мутахасисон аз ҷумлаи камбудиҳоест, ки сокинон Бартанг доранд.

Аммо Худоёр Худоёров, раиси ноҳияи Рӯшон зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вазъи сокинони водии Бартанг дар қиёс ба замони Шӯравӣ даҳҳо баробар хубтару беҳтар шудааст: “Аз замони Шӯравӣ зиндагии ин мардум беҳтар шудааст. Вазорати нақлёт барои таъмири роҳ ба водии Бартанг 700 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Давоми 20 соли истиқлолият дар роҳи Бартанг 5 купрук сохта шуд, ки дар замони Шӯравӣ вуҷуд надошт. Ҳоло дар водии Бартанг антенаҳои мобилӣ насб шудаанд, ки гуфтугӯи робитаи мардум ҳам бго наздикаоншон осон шавад.”

Бартанг. Акс аз Ксения Дидорова

Бартанг. Акс аз Ксения Дидорова

Аммо бе момодоя мондани занон ва тифлони ояндаи Бартангро раиси ноҳия инкор намекунад. Ӯ мегӯяд, ҳоло ба ҷои ин момадояе, ки ба Афғонистон барои кор рафтааст, тасмим доранд, як хонандаи синфи 11-ро пас аз хатми мактаб тибқи квота ба Донишгоҳи тиббӣ равон кунанд. Ба гуфтаи ӯ, қаблан аз ҳудуди ин водӣ даҳҳо духтар тибқи квота ба Донишгоҳи тиббӣ фиристода шудаанд, аммо бинобар ба шавҳар баромадан онҳо дигар ба зодгоҳи худ барнагатшанд.

Дар водии Бартанг, ки ба ҷуз ҷамоати Бартанг ду ҷамоати дигар низ мавҷуд аст, ва дар ин онҳо беш аз 7 ҳазор аҳолӣ ба сар мебарад. Аксари аҳолии ин водӣ аз ҳисоби пуле, ки муҳоҷирони он аз Русия мефиристанд, зиндагӣ мекунад. Аммо бисёр иттифоқ меафтад, ки онҳо пул дошта бошанд ҳам, ғизои зарурии худро харида наметавонанд ё бо нархҳои осмонӣ мехаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG