Пайвандҳои дастрасӣ

Пажӯҳишгари Донишгоҳи Принстони Амрико мегӯяд, илми нави иқтисодшиносии таҷрибавӣ фақр дар кишварҳои камбағалро таҳқиқ ва афсонаи “фақри хушбахтона”-ро ботил кард.

Зиёда аз бист сол гузашт, вале мақолаҳо дар бораи Тоҷикистон дар матбуоти ҷаҳонӣ ҳамоно бо ҷумлаи “Тоҷикистон – фақиртарин кишвари Шӯравии собиқ” сар мешаванд. Дар як пажӯҳише, ки профессор Донишгоҳи Принстони Иёлоти Муттаҳида Иоҳаннес Ҳаусҳофер, анҷом додааст, гуфта мешавад, аҳолии камбағали ҷаҳон ғолибан зери фишори сахти равонӣ ба сар мебарад ва фурсат намеёбад тавонмандиҳои худро барои эҷоди як зиндагии беҳтар истифода кунад. Ба таъбири дигар, ҳадафи аввалиндараҷаи зинда мондан ё “аз ҳамсоя ақиб намондан” вақти кофӣ намедиҳад, то афроди камбағал аз зинаи иҷтимоии худ болотар қадам ниҳад. Пайомади ин ҳол нигаронкунанда хоҳад буд.

Бархилофи чунин натиҷагирӣ ва бо вуҷуди он ки 35,6 дарсади аҳолии Тоҷикистон зери хатти фақр ва 14 дарсад дар фақри шадид ба сар мебаранд, аксари сокинони он дар чанде аз назарсанҷиҳои байнулмилалии солҳои охир гуфтаанд, ки худро хушбахт мешуморанд ва аз зиндагии хеш розиянд. Сархатти мақолаҳо низ ҳамин гуна буд, ки хушбахттаринҳо дар Тоҷикистон мезистаанд. Профессор Ҳаусҳофер мегӯяд, айнан ҳамин падидаи “фақри хушбахтона” ё “камбағалии шоду хушҳол”-ро таҳқиқ кардааст. Ба ақидаи ӯ, дониш, саломатӣ ва камфарзандӣ гарави наҷот аз фақранд ва набудани онҳо силсилаи ботили фақр—стресс—фақрро мечархонад. Ва на ҳама дар олам метавонанд, ин чархи гардонро боздоранд ё шикананд.

Ҷомеашинос Саодат Олимова

Ҷомеашинос Саодат Олимова

Мояи хушҳолии қишри нодори Тоҷикистонро ҷомеашинос Саодат Олимова дар талаботи бисёр ками онҳо мебинад: “Агар одамон талаботи зиёд надоранд, чизҳои каме онҳоро қонеъ мегардонад. Нон барои субҳона ҳаст? Бачаҳо саломатанд? Ин аллакай хуб аст.” Дар байни мардум андарзе ҳам роиҷ аст, ки “ними нон роҳати ҷон” буда, як нон “балои ҷон” аст.

Сатҳи баланди муошират ва ҳампайвандии иҷтимоиро хонум Олимова омили дигари эҳсоси хушбахтии сокинони Тоҷикистон медонад. Дар ҳалқаи хешу наздикон, ҳамсоягону ҳамдиёрон онҳо фишори равонии мушкилоти зиндагиро камтар ҳис мекунанд. Яъне “заҳри одамро одам мегирад”. Ва инчунин огаҳии маҳдуд аз ҳаёти серу пур ва озодию имкониятҳое, ки сарват фароҳам меорад, низ ба тақвияти чунин ҳис мусоадат мекунад. Фазоеро, ки манбаи асосии иттилоотии мардум – телевизион ба вуҷуд меорад, аз рақсу суруди шод ва хабарҳои рушд иборат аст. Дар ин хабарҳо фалокату фоҷиа асосан дар хориҷаи дур ба вуқӯъ мепайвандад.

Аммо пажӯҳишҳои Маркази ҷомеашиносии “Шарқ”, ба гуфтаи Саодат Олимова нишон додаанд, ки дараҷаи ризоияти насли ҷавон ва муҳоҷироне, ки баъд аз кору истиқомат дар Русия ба Тоҷикистон бармегарданд, аз аҳолии одии ин кишвар дида пасттар аст, зеро онҳо ҳаёти дигарро таҷриба мекунанд.

Коршиноси тоҷик Саъдии Юсуфӣ

Коршиноси тоҷик Саъдии Юсуфӣ

Рӯҳияи омро таҳлилгари тоҷик Саъдии Юсуфӣ “доктринаи қаноат” меномад, ки гоҳе ҳам бо сӯистифодаҳо то ба “шукрона” мерасад ва иродаву талоши одамонро барои наҷот аз нодорӣ асири худ мегардонад. Дар ҳоле ки талош ба дониш то андозае дида мешавад ва солҳои охир падару модарон барои таҳсили фарзандони худ харҷҳои бемисле мекунанд, вазъи саломатии мардум вахимтар мегардад. Вай мегӯяд: “Стресс, афсурдагӣ, асабоният хеле зиёд ба мушоҳида мерасад. Ин чизҳо боиси заъфи тан ва бурузи бемориҳои гуногун мешавад. Камумрӣ зиёд шудааст. Мардум умри кам мебинанд.”

Ибораи “Тоҷикистон биҳишти рӯйи замин аст” дар расонаҳои ҳамагонии давлатӣ ва аз забони мансабдорону адибони тоҷик батакрор садо медиҳад. Аммо аскари бошандагони кишвар ин суолро мегузоранд, ки ин чӣ биҳиштест агар солона садҳо ҳазор нафар онро тарк мекунанд ва як бахши умдаи онҳо мегӯянд, дар хориҷа зистанро авлотар медонанд. Бархе аз шарҳнависон танзомез тасдиқ мекунанд, ки Тоҷикистон барои 10 дарсади аҳолии ин кишвар биҳишт аст, зеро ба сарватҳои бузурге даст ёфтанд. Бино бар як пажӯҳиши иқтисодшиносони тоҷик Нуриддин Қаюмов ва Ҳоҷимуҳаммад Умаров ин даҳ дарсад соҳиби 80 дарсади сарватҳои миллии кишвар шудаанд. Паҳнтар шудани вартаи байни қишрҳои доро ва нодори Тоҷикистон доктринаи дигари миллию суннатиро, ки ҳама чиро Худо медиҳад, зеро суол бурдааст ва ба як гурӯҳ ё авлодӣ ё доираи хешу наздикони раисиҷумҳур рабт гирифтани ин сарватҳо ба рӯйи ҳамаи соҳибкорон соя афканда онҳоро ба як синфи иҷтимоии мавриди танаффури камбағалон табдил медиҳад.

Некрӯз Исмоилов

Некрӯз Исмоилов

Блогнависи тоҷик Некрӯз Исмоилов розӣ нест, ки сарват мавриди нафрат қарор гирад. Вай мегӯяд: "Воқеият чунин аст, ки камбағалҳо ба дороҳо бо ҳиссиёти рашк, ҳасад ва ҳатто бадбинӣ муносибат доранд. Гӯё дар камбағалии онҳо бойҳо гунаҳгоранд, ки ҳамаи маблағҳоро ба худ гирифтаанд. Ё гӯё дороҳо тамоми сарваташонро бо роҳҳои ғайриинсонӣ ҷамъ кардаанду пулашон ва худашон ҳам «ҳаром» мебошанд.”

Бино бар пажӯҳише, ки профессор Иоҳаннес Ҳаусҳофер анҷом додааст, сатҳи хушбахтӣ дар ин ё он кишвар як мафҳуми сифр дохилист ва наметавонад бо кишварҳои дигари ҷаҳон иқиёс карда шавад, зеро хушбахтӣ дар кишвари А метавонад аз хушбахтӣ дар кишвари Б комилан фарқ кунад. Дар ин пасманзар ишораи баъдии ӯ мисли ҳушдоре ба элитаҳои кишварҳои камбағал садо медиҳанд. Ҷаноби Ҳаусҳофер мегӯяд, эҳсосоте мисли стресс, хашму ғазаб ва афсурдагӣ ба камбағалон имкон намедиҳад, дар лаҳзаи зарурӣ тасмими дуруст гиранд. Талоши онҳо барои фоидаи ҳаминлаҳзагӣ зидди суди дарозмуддати онҳо хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG