Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба марзбонони тоҷик 55 мошини хидматӣ тақдим кард


Ҳукумати Иёлоти Мутаҳидаи Амрико ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 55 мошини хидматӣ ва таҷҳизоти дигари низомӣ тақдим кард.

Ин кӯмак дар чорчӯби лоиҳаи «Амнияти марзҳо» аз сӯи сафорати ИМА дар Душанбе сурат гирифта, имкон медиҳад, то марзбонони тоҷик дар мубориза бо ҷинояткории созмонёфта, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуби он муқобила кунанд. Аммо таъмини амнияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон пас аз хурӯҷи неруҳои НАТО аз кишвари ҳамсоя дар соли 2014, аз ҳадафҳои аслии ин кумак унвон мешавад.

Сара Пенҳюн, кордори сафорати ИМА дар Душанбе рӯзи ҷумъа зимни маросими расмии супоридани кумаки низомӣ ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт: «Тақдими 55 адад техника ва дигар таҷҳизоти низомӣ ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон аз ҳимояти ИМА барои кӯмак ва мусоидат дар ҳифзи марзи давлатии ин кишвари Осиёи Марказӣ ва амнияти он дарак медиҳад.»

Кордори сафорати ИМА дар чорчӯби лоиҳаи «Таъмини назорати воридот ва амнияти марзҳо» дар яке аз воҳидҳои марзбонӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе дар ҳузури афсарону сарбозон, 22 мошини роҳпаймо ё кӯҳгард, 33 мошини сабукрав ва ҳамчунин таҷҳизоти тактикиеро ба Шералӣ Мирзо, фармондеҳи идораи марзбонии Тоҷикистон тақдим кард.

Сара Пенҳюн, мӯътақид аст, ки кӯмаки мазкур имконот ва зарфияти сохторҳои қудратии Тоҷикистонро дар мубориза бо хатароти ҷаҳонӣ тақвият хоҳад бахшид. Вай гуфт, «ман мутмаинам, ки кӯмаки ироашуда, зарфияти ҳукумати Тоҷикистонро дар муқобилаи сареъ ба ҳаводис дар марз бештар хоҳад кард ва ҳамчунин барои табодули иттилоот ба ниҳодҳои марбута дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз хатароти фаромиллӣ, ба хусус паҳншавии силоҳи қатли ом ва дигар муҳимот, қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайри қонунии афроди алоҳида аз марз мусоидат хоҳад кард.»

Аммо он гуна, ки аз суханронии кордори сафорати ИМА бармеояд, ин кӯмак бештар талоши ИМА барои ҷилавгирӣ аз эҳтимоли нигарониҳое аст, ки бо хурӯҷи неруҳои НАТО аз қаламрави Афғонистон пешорӯи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон хоҳад буд. Зеро бештари коршиносону таҳлилгарон бар инанд, ки бо берун шудани неруҳои Эътилофи Байналмилалӣ аз Афғонистон, фаъолияти гурӯҳҳои терористӣ густариш хоҳад ёфт ва онҳо барои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, хатар эҷод хоҳанд кард.

Ин аст, ки кордори сафорати ИМА бо сароҳат таъкид кард, ки кӯмаки навбатӣ намунае аз ҳимояти кишвараш барои мусоидат дар ҳифзи марзи давлатии Тоҷикистон ва таъмини амнияти қаламрави он аз хатароти миллӣ дар шароити феълӣ, пас аз соли 2014 ва дар оянда хоҳад буд.

Мақомоти Тоҷикистон ба навбаи худ талошҳои ИМА дар ҷиҳати кӯмак ба таҳкими марзи давлатӣ ва ҷилавгирӣ аз ҷинояткории муташаккил дар марз, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти он муассир талаққӣ карданд. Генерал Шералӣ Мирзо, фармондеҳи неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин замина гуфт, «лоиҳаҳои таъсис додани шабакаи ягонаи мухобиротии байниидоравӣ, сохтмони ифросохтор ва таҷдиди замонавии дидбонгоҳҳо, баргузории давраҳои омӯзишӣ, ки аз ҷониби ҳукумати ИМА маблағгузорӣ мешаванд, дар ташкили ҳифзи сарҳади давлатӣ ва пурзӯр намудани мубориза бо амалҳои ҷиноятӣ таъсири мусбӣ расонида натиҷаҳои муассир ба бор оварданд. Барои мисол, дар муқоиса ба соли 2011, дар соли 2012 аз ҷониби танҳо нерӯҳои марзбонӣ мусодираи маводи мухаддир беш аз 44 дар сад афзудааст.»

Ба таъкиди генерал Шералӣ Мирзо, танҳо дар соли гузашта дар хати марз 31 амалиёти вижа анҷом шуда, 18 маврид даргирии мусаллаҳона бо қочобарон сурат гирифтааст, ки дар натиҷа 7 қочоқчӣ кушта ва 13 тани дигар боздошт шудааст. Марзбонони тоҷик дар маҷмӯъ беш аз 1600 кило маводи мухаддирро кашфу мусодира карданд.

Бо таваҷҷӯҳ ба натиҷаҳои назарраси ҳамкории ИМА бо сохторҳои қудратии Тоҷикистон, ба хусус марзбонӣ, генерал Шералӣ Мирзо таъкид кард, ки кӯмаки ироашуда мустақиман ба воҳидҳо, дидбонгоҳҳо ва посгоҳҳои дар хати марзи давлатӣ қарордошта ирсол мешаванд. Зеро ба гуфтаи фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар шароити феълӣ марзбонон ба воситаҳои мудерн, назири мошинҳои роҳпаймо ё кӯҳгард ба шиддат ниёз доранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Тоҷикистон бо Афғонистон дар тӯли 1400 километр марзи муштарак дорад ва бештари он кӯҳистонӣ ва душворгузар аст.

Зимнан, ҳазинаи кӯмаки ройгони ироашуда ба неруҳои марзбонии Тоҷикистон тавассути ИМА маблағи беш аз 1 миллиону 800 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ироаи ин кӯмак дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш низ аз сӯи ИМА ба вазорати корҳои дохилӣ 5 адад микроавтобус ва ду мошини сабукрав ба таври ройгон тақдим гардид.

Зимнан, ҳамкории низомии ИМА бо Тоҷикистон муддати 10 соли ахир идома дорад ва он дар чорчӯби баргузории давраҳои омӯзишӣ барои кормандони сохторҳои қудратӣ, тармиму бозсозии иншоотҳо ва ироаи таҷҳизоти мухобиротӣ ва ғайра густариш пайдо кардааст.

ИМА аз соли 1993 то кунун ба Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллар дар бахшҳои мухталиф, назири рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, маорифу беҳдошт ва амният кӯмак кардааст.



XS
SM
MD
LG