Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мероси президент Ҳомид Карзай


Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар остонаи канорагирӣ аз қудрат пас аз беш аз 10 соли талош барои раҳбарӣ аз хокистари ҳукумати Толибон ба як низоми нави демократӣ, корномаи омехтаеро аз худ ба мерос хоҳад гузошт.

Бархе аз афроди наздик, чеҳраҳои илмӣ ва муаррихон бо ситоиш аз коркарди Карзай мегӯянд, ки ӯ ба ҳайси як сиёсатмадори зирак, Афғонистонро якпорча нигаҳ дошт ва онро дар масири пешрафт, демократия ва қонунмандӣ ҳаракат дод.

Аммо мунтақидонаш мегӯянд, ки раиси ҷумҳури Карзай дар решакан кардани фасоди густурдаи домангири ҳукуматаш бетаваҷҷӯҳ ва нотавон буд. Ҷангсолорони нерӯманди маҳаллиро натавонист аз байн бибарад ва низ дар эҷоди ниҳодҳои шоиста ва пойдор барои ирои хадамоти муассир ба мардуми кӯтоҳ омад. Доктор Рангин Додфар Спинто, вазири умури хориҷии пешин ва ҳоло мушовири амнияти миллии раёсати ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ки президент Карзай қудратро дар як марҳилаи ҳассоси таърихи Афғонистон дар даст гирифт ва бо эҷоди як давлати фарогири миллӣ заминаи гуфтугӯ ва мушорикати ҳама гурӯҳҳои қавмии Афғонистонро дар қудрати сиёсӣ фароҳам кард: "Раиси ҷумҳур Карзай кишвареро дар даст гирифт, ки дар воқеият маҷмуаи ниҳодҳои давлатиро доро набуд ва шаҳрандон ва аъзои миллати Афғонистон пароканда буданд."

Рангин Додфар Спинто
Рангин Додфар Спинто

Доктор Спинто ба Радио Озодӣ гуфт, ки раиси ҷумҳур Карзай дар эҷод ва ҳамоҳангии ниҳодҳои амниятӣ, дифоӣ ва хадамоти маданӣ дар кишваре, ки пас аз чандин даҳсола бесуботӣ ба як давлати дар ҳошия ва аз ҳам гусехта мубаддал шуда буд, нақши муҳимро бозӣ кард.

Ҷанги дохилии хунин миёни ҷиноҳҳои гуногуни муҷоҳиддин дар солҳои 1990, ки бар асоси гузоришҳо беш аз шаст ҳазор ғайринизомиро дар Кобул кушт ва низ зербинои кишварро ба шиддат осеб расонд ва дар пай он режими истибдодии Толибон, ки бо эъмоли сахтгиронае аз шариати исломӣ духтаронро аз рафтан ба мактабоҳо, занонро аз кор дар берун аз хона ва мардумро аз тамошои телевизион ва филмҳо манъ мекард, Афғонистонро ба инзивои байналмилалӣ кашонида буд.

Бо сарнагун шудани режими Толибон ба ҳамкории эътилофи байналмилалиӣ ба раҳбарии Амрико дар соли 2001, Афғонистони таҳти раҳбарии Ҳомиди Карзай вориди як даврае нав шуд. Конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Бонни Олмон дар моҳи декабри соли 2001 бо ҳузури чеҳраҳои барҷастаи миллӣ ва байналмилалии сиёсӣ баргузор шуд, ки дар натиҷаи он оқои Карзай барои як давраи шашмоҳа ба унвони раиси идораи муваққат баргузида шуд. Дертар, дар соли 2002 Ҳомид Карзай барои ду соли дигар дар қудрат монд ва дар соли 2004 ӯ дар нахустин интихоботи демократии раёсати ҷумҳур дар таърихи Афғонистон барои панҷ сол ба ҳайси президенти Афғонистон интихоб шуд.

Ҷеймз Доббинс
Ҷеймз Доббинс

Ҷеймз Доббинс, намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон ва Покистон, ки нақши муҳиме дар ҷараёни конфронси Бонн дар соли 2001 бозӣ карда буд, рӯзи 18 июли соли 2014 дар Кумитаи равобити хориҷии Амрико аз кори Ҳомид Карзай ситоиш кард: "Фикр мекунам, ки ӯ дар қарор додани Афғонистон дар масири қонуни асосӣ ва демократия саҳми умдае доштааст. Фикр мекунам, ки ӯ дар гирдиҳам овардани гурӯҳҳои мухталифи қавмиву забонӣ ва мазҳабӣ ба таври чашмгир кори хубе анҷом додааст."

Афғонистон таҳти идораи раиси ҷумҳур Ҳомид Карзай, ки аз ҳимояти Амрико бархӯрдор будааст, пешрафт чашмгире кардааст. Наздик ба 8 миллион талаба, ки аз се як ҳиссаашон духтаронанд, ба мактаб мераванд. Беш аз 50 канали телевизиони хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ фаъолият мекунанд. Шумори нерӯҳои Афғонистон ба беш аз 350 ҳазор мерасад. Ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ ва ҳуқуқи башарӣ фаъоланд ва созмонҳои байналмилалӣ фаъолона саргарми талошҳо аз бозсозӣ гирифта то зарфиятсозӣ ва ниҳодсозианд.

Карзай солҳои нахуст раёсати ҷумҳуриаш аз равобити дӯстона бо идораи зери раҳбарии Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури пешини Амрико бархӯрдор шуд ва "дилбар"-и Ғарб хонда мешуд. Аммо дар солҳои ахир равобити миёни ӯ ва идораи нави Вошингтон бар раҳбарии Барак Обама шоҳиди уфту хезҳои сиёсӣ будааст. Доббинс мегӯяд, равобит миёни Карзай ва идораи нав дар Вошингтон дар чанд соли гузашта ба гунаи ҷиддӣ рӯ ба вахомат гузоштааст.

Дар соли 2009 Нанси Пелосӣ, раиси пешини маҷлиси намояндагони Амрико дар мусоҳибааш бо радиои оммаи Амрико Карзайро шарики беэътибор хонд ва гуфт, ки ӯ шоистаи афзоиши нерӯҳои амрикоӣ ва ҳамчунин кӯмакҳои ғайри низомӣ нест. Ҳомид Карзай ҳам ба навбати худ нерӯҳои байналмалилӣ ба раҳбарии Амрикоро дар Афғонистон ба нотавонӣ дар овардани амнияти комил дар саросари Афғонистон муқассир донист ва низ онҳоро ба даст доштан дар бахши умдае аз фасоди идорӣ дар заминаи кӯмакҳои хориҷӣ бо Афғонистон муттаҳам кардааст.

Бо ин ҳол, бархеҳо Карзайро ба нотавонӣ ё бетаваҷҷӯҳӣ дар пардохтан ва мубориза бо фасоди идории густурдае, ки дар ҳукуматаш соя афкандааст, маломат мекунанд. Идрис Раҳмонӣ, докторанти улуми сиёсӣ дар Амрико дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ӯ як раҳбари сиёсии навин ва мутобиқ бо интизороти кунунии замон ва Афғонистон набудааст. Мутмаинан, ӯ як сиёсатмадори қарни ҳаждаҳ ва ҳукмрони қарни нуздаҳ будааст."

Оқои Раҳмонӣ мӯътақид аст, ки беэътимодии Карзай ба кобинааш сабаб шуд, ки ӯ шабакаи хусусӣ аз афроди худро эҷод кунад, ки даст задан ба ин кор ба гуфтаи Раҳмонӣ, ҳамаи низомро аз ҳам рехт.

Валиюллоҳ Раҳмонӣ, таҳлилгари масоили амниятӣ ва сиёсӣ дар Кобул ба ин бовар аст, ки раиси ҷумҳур Карзай дар тақвият ва тавонманд сохтани насли нав аз раҳбарони сиёсӣ барои Афғонистон содиқ набуд. Раҳмонӣ мегӯяд, ки дар иваз раиси ҷумҳур Карзай бо ҳар ду ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муҷоҳиддин бозии дугонаеро ба пеш мебурд:"Раиси ҷумҳур Карзай дар солҳои аввали раёсати ҷумҳури худ бо ҷомеаи байналмилалӣ иттиҳодеро сохт ва бо истифода аз қудрати ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки нуфузи муҷоҳиддин ва таъсирашонро бар ҳукумат ва қудрати сиёсӣ дар Афғонистон кам бисозад, ки ин корро кард."

Аммо оқои Раҳмонӣ мегӯяд, баъдтар, ки раиси ҷумҳур Карзай бо амрикоиҳо мушкил пайдо кард, ба муҷоҳиддин рӯ овард ва онҳоро муттаҳиди худ сохт ва дар баробари Амрико истод.

Вилям Дарлумпле
Вилям Дарлумпле

Вале барои Вилям Дарлумпле, муаррихи скотландӣ ва муаллиф ва нависандаи китоби "Бозгашти як шоҳ", Карзай шахсияти миллӣ ва аз чеҳраҳои таърихӣ аст, ки ба бовари ӯ бо таваҷҷӯҳ ба рақобат бо Покистон, ба ҳеҷ ваҷҳ вазифаи бадеро анҷом надодааст. Ӯ мегӯяд, ки мероси Карзай бештар бастагӣ дорад ба он чӣ, ки пас аз ӯ иттифоқ хоҳад афтод: "Агар Афғонистон бо як демократияи бо уфту хез дар минтақа ҳаракат кунад ва аз вуқӯи ҷанги дохили ҷилавгирӣ шавад, демократия ва иқтисоди бозор идома ёбанд ва Афғонистон ба таври умда ба дасти Толибон суқут накунад, фикр мекунам ки ӯ ба хуби ба унвони яке аз чеҳраҳои таърихӣ ба ёд хоҳад монд."

Оқои Дарлумпле мегӯяд, ки давраи раёсати ҷумҳури Карзай ба унвони асри тиллоӣ ёд хоҳад шуд: " Агар ҳама чизро бори дигар ба домани як ҷанги дохилӣ суқут кард, давраи Карзай ба ҳайси як даврае, ки дар он занон ба мактабҳо рафтанд, ва рафтуомад ба шаҳрҳо нисбатан дар фазои ором анҷом мешавад, ва замоне ки мардум бар якдигарашон мушак ва тирандозӣ намекунанд, ба ёд хоҳад монд."

XS
SM
MD
LG