Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси пешини TeliaSonera дар иртибот ба парвандаи Гулнора бозпурсӣ шуд


Бино ба иттилои Додситонии кулли Шведсия, Ларс Нюберг, раиси собиқи ширкати TeliaSonera расман шахси гумонбар эълом гардидааст.

Бино ба иттилои Додситонии кулли Шведсия, Ларс Нюберг, раиси собиқи ширкати TeliaSonera расман шахси гумонбар эълом гардидааст.

Бар асоси гузориши тарҳи журналистии “Ҳадаф-таҳқиқот”-и телевизиони ҷамъиятии Шведсия, Ларс Нюберг дар додани ришва гумонбар шудааст. Ҷаноби Нюберг пас аз эъломи иттиҳом дар қиболи ӯ дар бораи додани ришва ба Гулнора Каримова, духтари калони раиси ҷумҳури Узбакистон маҷбур шуд аз мақоми худ истефоъ диҳад.

Торнамои ин тарҳи журналистӣ хабар додааст, “ин тоҷир дар паёмаки матнии худ навиштааст: “Ду соле қабл ман дар заминаи ҳамкорӣ ба додани ришва гумонбар шуда будам”.

Иттиҳом дар қиболи Ларс Нюберг, раиси пешини ширкати TeliaSonera, ба қазияи додани ришва ба миқдори садҳо миллион доллари амрикоӣ ба Гулнора Каримова барои гирифтани муҷаввизи фаъолият дар Узбакистон рабт мегирад.

Гуннар Стетлер, раҳбари Раёсати мубориза бо фасоди додситонии Шведсия ба хабаргузории ТТ гуфт, “Ларс Нюберг дар доираи ин парванда бозпурсӣ шудааст”.

Гулнора Каримова аз TeliaSonera ба миқдори садҳо миллион доллар ришва гирифтааст
Гулнора Каримова аз TeliaSonera ба миқдори садҳо миллион доллар ришва гирифтааст

Қаблан Нюберг ба додани ришва ба Гулнора Каримова тавассути ширкатҳои миёнрав гумонбар шуда, вале тафсилоти ин қазия то ҳол мунташир нашудааст. Дар сурати собит шудани иттиҳомоти ворида дар додгоҳ Ларс Нюберг ба хатари зиндонӣ шудан рӯбарӯ хоҳад шуд.

Нюберги 63-сола аз соли 2003 то 2013 раиси кулли ширкати TeliaSonera буда ва дар пайи ҷанҷоли мавориди фасод дар фаъолияти ин ширкат дар Узбакистон ба истефоъ рафт.

Дар ҷараёни таҳқиқоти журналистӣ бо ширкати кормандони бахши узбакии "Озодӣ" дар шаҳри Прага ошкор шуд, ки маҳз дар замони раёсати Ларс Нюберг ширкати TeliaSonera ба Гулнора Каримова ба миқдори 350 миллион доллар ришва додааст.

Ҳамчунин, дар ҷараёни ин таҳқиқот санадҳое мунташир шуд, ки тибқи ин аснод дар канори ширкати TeliaSonera ширкатҳое чун VimpelCom ва МТС низ дар маҷмӯъ ба Гулнора Каримова ба миқдори 1 миллиард доллари амрикоӣ ришвар додаанд.

Пас аз 8 соли фаъолият ва дар пайи ҷанҷоли марбут ба фасод ширкати TeliaSonera, ки соҳиби оператори мобилии Ucell буд, эълом кард, ки Узбакистонро тарк хоҳад кард.

Ба ғайр аз Ларс Нюберг ба 4 корманди дигари ширкати TeliaSonera низ иттиҳом ворид шуда ва барои ин иттиҳом аз 6 моҳ то 6 сол пеш пешбинӣ шудаааст. Бахши аслии саҳмияҳои ширкати TeliaSonera ба ҳукуматҳои Шведсия ва Финландия тааллуқ дорад.

XS
SM
MD
LG