Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи Гулнора Каримова аз феҳрасти сафирон афтод


Номи ӯ дар ҳоле фурӯ афтид, ки худаш эҳтимоли нишастан ба курсии раёсатҷумҳуриро баъд аз сари падараш Ислом Каримов рад накардааст.

Номи духтари раисиҷумҳури Ӯзбакистон, ки аз ворисони ҳукумати Ислом Каримов шумурда мешавад, аз рӯйихатти сафирони ин кишвар ихтисор шуд. Қаблан Гулнора Каримова дар ин феҳраст дар торнамои Вазорати умури хориҷии Ӯзбакистон сафири ин кишвар дар Созмони Милал ва ниҳодҳои байнулмилалӣ дар Женева номида мешуд. Акнун дар баробари ин мақом номе вуҷуд надорад. Маълум нест, салоҳиятҳои Каримова ҳамчун сафир кай бекор шудаанд.

Аммо ишораи он ки вай аз ин мақом барканор шудааст, бори аввал рӯзи 6-уми апрел дар рӯзномаи New York Times нашр шуда буд. Муаллифи матлаб, Эндрю Крамер навишта буд, ки “дар бораи саломатии раҳбари Ӯзбакистон, Ислом Каримов, маълумоти дақиқ дар даст нест ва ин ҳам номаълум аст, ки интиқоли қудрат дар ин кишвар чӣ гуна ҷараён хоҳад гирифт.» Крамер ҳамчунин аз гумонҳои ба курсии падар нишастани духтар, шевае шабеҳи Озарбойҷон ё Кореяи Шимолӣ ёд мекунад, аммо менависад, ин тарҳ низ дар ҳоли ҳозир далелҳои рӯшану солиме надорад.

Феҳрасти сафирони Ӯзбакистон
Феҳрасти сафирони Ӯзбакистон
Талошҳои Бахши узбакии Радиои Озодӣ барои дарёфти иттилои бештар роҷеъ ба барканории Гулнора Каримова натиҷа надодаанд. Гуфта мешавад, ҳеҷ яке аз шумораҳои телефони намояндагии Ӯзбакистон дар дафтари Созмони Милал дар Женева ҷавоб намедиҳанд. Аммо рӯзи 8-уми апрел хабарнигори торнамои EurasiaNet тавонистааст, бо нафаре дар ин намояндагӣ гуфтугӯ кунад. Ин дипломат, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кардааст, мегӯяд, хонуми Каримова ҳамоно сафири Ӯзбакистон дар Созмони Милал ва дигар ниҳодҳои байнулмилалӣ дар Женева аст.

Дар ҳамин ҳол матолиби нашрияҳои гуногун дар бораи Гулнора ва ҳузури худи ӯ дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба маротиб густариш ёфтааст. Бархе аз коршиносон ин ҳузур ва рақобати тунди духтари президент бо вазири молияи Ӯзбакистон Рустам Азимовро нишонаи талошҳои ӯ барои гирифтани ҷойи падараш медонанд ва чунин эҳтимолро худи Гулнора Каримова низ рад накардааст.

Мавҷи паёму хабар ва шарҳу тафсирҳо замоне боло гирифт, ки бархе аз манобеи мухолифи давлати Ӯзбакистон рӯзи 21-уми март аз бемории раисиҷумҳур Ислом Каримов хабар доданд. Бино бар он, Каримов гӯё рӯзи 19 март сактаи қалб шуда, зери назари пизишкон ба сар мебарад. Дар ҳоле ки Гулнора Каримова ин хабарро рад кард ва имкони тафтиши он вуҷуд надошт, даҳҳо хабаргузорӣ ва нашрияҳо дар бораи бемории Каримов иттилоъ доданд.

Аммо, дере нагузашта, рӯзи 15-уми апрел Ислом Каримов ба Маскав сафар ва бо раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин мулоқот кард.

Акнун фурӯ афтодани номи Гулнора Каримоваро аз феҳрасти сафирони Ӯзбакистон коршиносон ба идомаи рақобатҳои дохилӣ дар сатҳи олии қудрат дар Тошканд бастагӣ медиҳанд.
XS
SM
MD
LG