Пайвандҳои дастрасӣ

Вилояти Хатлон аз афзоиши содироти меваю сабзавоташ ба хориҷи кишвар, ба хусус Русия, Қазоқистон, Эрон, Афғонистон, Покистон ва Туркия хабар медиҳад.

Содирони меваю сабзавот аз Хатлон, бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия, Қазоқистон, Эрону Афғонистон ва Покистону Туркия бештар шудааст.

Вазир Асоев, як масъули раёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ду моҳи ахир аз вилояти Хатлон наздик ба 28 ҳазор тонна меваю сабзавот, бо шумули гелосу олу ва караму пиёзу картошкаи нав ба хориҷи кишвар содир шудааст. 80 дар сади ин маҳсулот аз роҳи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия фиристода шуд. Дар ҷойи дуввум кишвари ҳамсояи Қазоқистон қарор дорад, ки меваҳои пешпазаки Тоҷикистонро харидорӣ мекунад.

Ин масъули раёсати кишоварзии вилояти Хатлон мегӯяд, қарор аст, то чанд моҳи дигар содироти меваю сабзавот аз ҷануби Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба 70 ҳазор тонна расонида шавад.

“Имсол сабзавот дар Хатлон ҳосили фаровон дорад. Пиёз, сабзӣ, карам картошка зиёд шудааст, ин навъи маҳсулот дар муқоиса бо соли гузашта ҳазорҳо тонна афзун шудааст. Афзоиши маҳсулот дар ҳама навоҳӣ назаррас аст ва ин дасти моро барои содирот бозтар кардааст,” -- мегӯяд Вазир Асоев.

Ба гуфтаи ин масъули раёсати кишоварзии вилояти Хатлон бештари маҳсулоти содиротӣ дар ноҳияҳои Қумсангир, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷиликул, Қубодиён ва Шаҳритус ҷамъоварӣ шудаанд.

Масъулияти таъмини бозорҳои бузурги Душанбе бо маҳсулоти кишоварзӣ бар дӯши вилояти Хатлон аст. Бинобар иқлими гарм мева ва сабзавот дар ин вилоят зудтар мепазад ва деҳқонон бо тай намудани фосилаи ҳудудан 200 километр моли худро ба бозорҳои пойтахт мерасонанд.

Русия, ки зимни мудохилаи ҳарбияш дар Украина бо таҳримҳо рӯбарӯ шуда, аз маҳсулоти Аврупо даст кашидааст, аз оғози соли равон эълон дошт, ки халои бавуҷудомадаро аз ҳисоби меваву сабзавоти кишварҳои Осиёи Марказӣ пур мекунад.

Ин изҳороти Русия хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистонро хушнуд кард. Аммо ин нигарониро дар байни харидорон афзун намуд, ки ба Русия фурӯхтани меваву сабзабот нархи ин маҳсулотро дар бозорҳои дохилӣ боло мебарад. Барои намуна, гелосе, ки ба Русияву Қазоқистон меравад, дар бозорҳои кишвар нархи “осмонӣ” дорад ва на ҳама метавонанд аз ин мева лаззат баранд. Маҳсулоти полезӣ низ дар муқоиса бо даҳсолаи ахир нархи баланд дорад.

Барои маълум кардани нархи меваю сабзавот аз бозори калонтарини шаҳри Қурғонтеппа “Ҳоҷӣ Шариф” дидан кардем, ки харидорону фурӯшандагон мегуфтанд, маҳсулоти кишоварзӣ назар ба соли гузашта арзонтар будааст.

Гелос аз 8 то 15 сомонӣ, зардолу аз 1 то 3 сомонӣ, себ аз 1 то ду сомонӣ, тарбуз аз 10 то 15 сомонӣ, харбузаи пешпазак аз 1 то 5 сомонӣ, килограми картошка аз 1-2 сомонӣ, пиёз аз 6 дирам то 1,5 сомонӣ, сабзӣ аз 50 дирам то 1 сомонӣ арзиш дорад ва зоҳиран бозори ин маҳсулот гарм аст.

Содироти меваву сабзавот ба хориҷи кишвар агар аз як сӯ буҷаи давлатро ғанӣ гардонад, аз сӯи дигар хоҷагиҳои деҳқониро, ки маҳсулоташонро бо нархи арзон дар сари замин ба меваҷаллобҳои дохилӣ супурда мешавад, пулдор мекунад.

Шариф Каримов, як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки барои арӯсии писараш аз бозори “Ҳоҷӣ Шариф” пиёзу сабзӣ мехарид, гуфт, ки нархи муносиби бозор ӯро хушҳол кардааст: “Солҳои пеш нархҳо камтар қимат буд, вале шукри Худо, ки имсол хуб аст, картошка як сомон, як сомону 20 дирам, сабзӣ ва пиёз арзонтар аст, ки хубаст.”

Сарони бозори “Ҳоҷӣ Шариф” гуфтаанд, ки дар ин ҷо ҳамчунин деҳқонон меваю сабзавоти худро аз Уротеппа, Турсунзодаю Шаҳринав, Шаҳритусу Қубодиён ба фурӯш мегузоранд.

Сиҷоҳиддин Юсуфов, кишоварзи 45-сола аз ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ноҳияи Қумсангир 20 сол боз бо се бародараш деҳқонӣ мекунад. Онҳо 12 ҳектор замин доранд, ки дар 10 ҳектори он пахти кишт ва дар боқӣ меваву сабзавот парвардаанд. Бародарон аз ҳисоби даромади замин зиндагии худро пеш мебаранд ва ба 30 нафари дигар кор додаанд.

“Пиёзу тарбузро кишт карда, ба вилояти Суғд мебарем, ба шаҳрҳои Нижний Новгород ва Новосибирски Русия мефиристем. Шукри Худо фоидаашро мебинем. Аз ҳисоби ҳамин заминамон трактор гирифта, камбудиҳоямонро ҳал мекунем. Дар як гектар аз 17 то 18 ҳазор сомонӣ сарф мешавад, аммо вақте меваро ба хориҷ содир мекунӣ, як баробар зиёд аз пули харҷкарда бармегардад. Пули хондани донишҷӯёнамон, ки дар Душанбе ҳастанд аз ҳамин ҳисоб аст,” -- гуфт Сиҷоҳиддин Юсуфов.

Ба гузориши раёсати кишоварзии вилояти Хатлон, дар қаламрави вилоят зиёда аз 20 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, ки ҳамагӣ ба давлат андоз медиҳанд. Ин ниҳод мегӯяд, ки соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон дар 201 ҳазор ҳектор пахта, 18 ҳазор ҳектор пиёз ва 20 ҳазор ҳектор картошка кишт шудааст.

Ҳамчунин сокинони вилоят дар “заминҳои президентӣ” сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзиро парвариш мекунанд, ки онҳоро дар баробари нархҳои баланди бозор мустақил кардааст. Хатлон аз вилоятҳои бузургтарини Тоҷикистон буда, бо 25 ноҳия дорои беш аз 2,5 миллион ҷамъият аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG