Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ғайбулло Авзалов аз мақоми раиси вилояти Хатлон озод шуд


Бо фармони президенти Тоҷикистон, рӯзи 27-уми ноябр раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов бо сабаби ба нафақа баромаданаш, аз вазифа сабукдӯш шуд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон, Ғайбуллоҳ Афзаловро аз мақоми раиси вилояти Хатлон барканор кард. Ғайбулло Афзалов дар авохири соли 2006 ба мақоми раиси вилояти Хатлон таъйин шуда буд. Вакили паррлумон дар солҳои 1990-1995 ва 2000-2005 буд.

Ғайбулло Афзалов 64 сол дошта, як узви босадоқати ҳукумати кишвар ва татбиқкунандаи сиёсати президент дар минтақа буд ва бо изҳороти танқидомезаш дар ҳаққи рӯҳониён ва ифротгароӣ, маъруф аст. Аз аввалинҳо шуда дар сатҳи раҳбарони минтақавӣ аъзои ҳукуматро ба истифодаи почтаи электрониву интернет ташвиқ карда, ҷонибдори миллисозии исми намояндагони ҳукумату давлат баромадҳо кардааст. Айни замон, бархе ӯро як раҳбари шабеҳ ба кадрҳои даврони шӯравӣ мегуфтанд, ки гуногунандешиву озодии афкорро на ҳамеша таҳаммул мекард.

Оё нафаре, ки ба ҷои ӯ таъйин шудааст, метавонад шахси замонавиву навовар шавад, инро вақт нишон медиҳад. Рӯзи 27 ноябр раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо фармони дигараш Давлатшо Гулмаҳмадовро иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон таъйин кард. Гулаҳмадов то имрӯз раиси шаҳри Турсунзода будааст. Тибқи фармони президент, ҷойи ӯро дар ин мақом Бобоалӣ Табаров ишғол кард.

Барканории Ғайбуллоҳ Афзалов-раиси сераҳолитарин вилояти Тоҷикистон дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон қаблан раисони вилоятҳои Суғд ва Бадахшонро низ аз мақомашон озод карда буд.

Тибқи фармонҳои нави Эмомалӣ Раҳмон, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, вазири маориф Нуриддин Саидов мақомҳои худро ҳифз карданд. Инчунин имрӯз Маҳмадтоҳир Зокиров ба вазифаи раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон таъйин шуд.

Ба фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон инчунин раиси ноҳияи Фархор Қурбонбой Каримов бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз мақомаш озод ва Мирзоева Раъно иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳияи таъйин шудааст. Президенти Тоҷикисон раиси шаҳри Норак Абдуллоев Ҳамидро бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифа озод ва Сангов Миралӣ ҷойгузини ӯ кард. Фазлиддинов Хуҷамурод, раиси ноҳияи Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ин ноҳия озод ва Қодир Валиев, аз раисии ноҳияи Ховалинг гирифта шуда иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҳамадонӣ таъйин шуд.

Ҳамчунин президенти Тоҷикистон Маҳмадраҳим Исмоиловро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷиликул озод ва Хуҷамурод Фазлиддиновро иҷрокунандаи раиси ин ноҳия таъин намуд. Президенти Тоҷикистон раиси ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Абдуалим Исмоиловро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш барканор карда, Ҷабор Самадовро иҷрокунандаи ноҳияи мазкур таъин намуд. Ҷабор Самадов раиси ноҳияи Хуросон буд, ки бо фармони президент аз раисии ин ноҳия барканор ва ба ҷойи вай Убайдулло Абдуллоев таъин шуд. Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷумъахон Сафаровро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа сабукдӯш карда Абдуалим Исмоиловро, ки қаблан раиси ноҳияи Бохтар буд ҷойгузини вай кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG