Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи аз рӯи натиҷагирии ҳафт рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо мунтахаби Олмон мавқеашро дар ҷойи аввал нигоҳ доштааст.

Варзишгарони Олмон дар ин муддат ҳамагӣ 10 медал - ҳафт нишони тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ ба даст овардаанд. Мунтахаби Швейтсария бо касби 7 медал - панҷ тилло, як нуқра ва як биринҷӣ - дар мақоми дувум аст.

Варзишгарони Канада бо касби 10 медал - чор нишони тилло, чор нуқра ва чор биринҷӣ дар мақоми севуманд. Тимҳои Норвегия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо натоиҷи якхела - 13-медалӣ (чор тилло, се нуқра ва шаш биринҷӣ) дар мақоми чорум мебошанд. Мунтахаби Ҳолланд бо касби 12 медал (чор тилло, се нуқра ва панҷ биринҷӣ) мақоми панҷумро азони худ кардааст.

Дастаи Русия - мизбони бозиҳо - то кунун 12 медал (ду тилло, панҷ нуқра ва панҷ биринҷӣ) дорад ва дар мақоми 8-ум қарор гирифтааст.
Умуман, то ҳоло варзишгарони 25 кишвар медалҳои Олимпиадаи Сочиро ба даст овардаанд ва намояндагони 16 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ мушарраф шудаанд.

Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ мунтахаби Беларус бо се нишони тиллову як биринҷӣ пеш аз Русия, дар мақоми 7-ум , Латвия бо ду нишони биринҷӣ дар мақоми 24-ум ва Украина бо як нишони биринҷӣ дар мақоми 25-ум ҷойгир шудаанд.

Ҷой Кишварҳо Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1 Олмон 7 2 1 10
2 Швейтсария 5 1 1 7
3 Канада 4 4 2 10
4 Норвегия 4 3 6 13
4 ИМА 4 3 6 13
6 Ҳолланд 4 3 5 12
7 Беларус 3 1 0 4
8 Русия 2 5 5 12
9 Чин 2 2 0 4
10 Фаронса 2 0 2 4
11 Лаҳистон 2 0 0 2
12 Австрия 1 4 0 5
13 Словения 1 1 2 4
14 Британияи Кабир 1 0 1 2
14 Кореяи Ҷанубӣ 1 0 1 2
16 Словакия 1 0 0 1
17
18
19
19
21
22
22
24
25
Шветсия
Италия
Ҷумҳурии Чех
Ҷопон
Австралия
Финляндия
Хорватия
Латвия
Украина
0
0
0
0
0
0
0
0
0
5
2
2
2
1
1
1
0
0
2
2
1
1
1
0
0
2
1
7
4
3
3
2
1
1
2
2
Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи то 23-юми феврал идома меёбанд. Дар ин бозиҳо беш аз 2800 варзишгар аз 88 кишвар ширкат доранд. Ба барномаи бозиҳо 15 намуд дохиланд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронии дуҳарба, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, варзиши чанатозӣ, скелетон, дави босуръат бо конки, сноуборд, рақси рӯи ях бо конки, фристайл, хоккейи рӯи ях ва шорт-трек.

Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи танҳо як варзишгари тоҷик - Алишер Қудратов - дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки рӯзи 22-юми феврал, соати 17:45 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад, ширкат мекунад.

Имрӯз, 15-уми феврал, дар Олимпиадаи Сочи варзишгарон барои ҳафт маҷмӯи медалҳо дар лижаронии кӯҳӣ, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш аз трамплин, скелетон ва фристайл мубориза мебаранд.

Рӯзи шанбе, инчунин, сабқати гурӯҳӣ оид ба хоккей баргузор мешавад:
12:00 Мардон. Гурӯҳи А - Словакия - Словения
16:30 Мардон. Гурӯҳи А – ИМА - Русия
21:00 Мардон. Гурӯҳи С - Швейтсария - Ҷумҳурии Чех
21:00 Мардон. Гурӯҳи С - Шветсия – Латвия
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG