Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Женева вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад


Аз 25 феврал то 22 марти соли равон Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ дар Женева иҷлоси 22-юми худро баргузор мекунад.

Дар чаҳор рӯзи аввали дар ин иҷлос вазирони бештар аз 80 кишвар ва намояндагони боломақоми онҳо ширкат хоҳанд кард. Тибқи барномаҳое, ки Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ ба нашр расондааст, ин ҳайатҳо дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои худ ва нигарониҳои мавҷуда дар ин соҳа суханронӣ мекунанд ва ба суолҳои Шӯрои Ҳуқуқи Башар ҷавоб хоҳанд дод.

Тибқи барномаи ин иҷлос қарор аст, 4 март Хуан Эрнесто Мендез-Гузоришгари вижаи Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ оид ба шиканҷа роҷеъ ба натиҷаҳои боздиди нӯҳрӯзаи худ аз Тоҷикистон гузориш диҳад. Ин боздид моҳи майи соли 2012 сурат гирифта буд. Вале як манбаи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар ин барнома тағйирот пеш хоҳад омад.

Ҳоло пешнависи гузориши оқои Мендез роҷеъ ба шиканҷа дар Тоҷикистон ба ҳукумати ин кишвар фиристода шудааст ва он дар вазоратхонаҳои зидахли Тоҷикистон мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дорад.

Хуан Эрнесто Мендез
Хуан Эрнесто Мендез
Бино ба гуфтаи манбаи радиои "Озодӣ", ки нахост аз вай ном бурда шавад, масъалаи вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон дар Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ дар Женева эҳтимолан дар охири моҳи май ё аввали моҳи июн баррасӣ хоҳад шуд. Интизор меравад, ки дар ин баррасиҳо аз ҷониби Тоҷикистон Шерхон Салимзода -Додситони кулли Тоҷикистон ва Зариф Ализода-Омбудсмени Тоҷикистон бо ҳайате ширкат кунанд.

Гузориши оқои Хуан Эрнесто Мендез-Гузоришгари вижаи Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ оид ба шиканҷа аз вазъи ҳуқуқ то таъмини ғизо, шароити зист ё ҷои нигаҳдории боздоштшудагону зиндониён, шиканҷаву бераҳмиҳо нисбат ба онҳо ва ҳамчунин раво дидани ҳар гуна муҷозот нисбат ба боздоштшудагонро дар бар мегирад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:53 0:00

Хуан Мендез аз 10 май то 18 маи соли 2012 дар Душанбе, Хуҷанду Қурғонтеппа, Исфараву Истаравшан аз 17 муассиса, аз ҷумла аз як зиндон ва аз як қисми ҳарбӣ боздид ва бо қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо сӯҳбат кард.

Ойниҳол Бобоназарова-раиси созмони ғайридавлатии “Перспектива плюс” мегӯяд, оқои Мендез дар ҷараёни боздидаш аз Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони ҳуқуқи башар шароити зиндонҳоро то андозае мусбат арзёбӣ карда буд: “Дар бораи тарзи зист, масъалаи хӯрок, масъалаи ҷои хоб сӯҳбат кард ва гуфт, ки мунтазири ин гуна шароит дар зиндонҳои Тоҷикистон набудааст. Ҳатто таъриф кард, ки баъзе давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд ин ҷо оянд ва шароитро бубинанд.”

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони маъруфи тоҷик.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони маъруфи тоҷик.
Аз сӯи дигар, хонум Бобоназарова меафзояд, оқои Мендез дар ин мулоқот аз мавҷудияти мавориди шиканҷа низ изҳори нигаронӣ карда буд. Хонум Бобоназарова мегӯяд, фаъолони ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ талош мекарданд, ки дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моддае ворид шавад ва ононе, ки ба шиканҷаи боздоштшудагон даст мезананд, бояд ба муҷозот кашонда шаванд. Ҳоло чунин модда илова шудааст, вале аз иҷрои он гоҳо чашм мепӯшанд:

“Ҳама фикр карда буданд, ки баъд аз илова шудани ин модда мумкин аст шиканҷа хеле кам шавад, аммо хеле афсӯс, ки шиканҷа қатъ нашудааст, ҳатто мегӯянд, ки мавридҳои шиканҷа вақтҳои охир зиёд шудааст”.

8 ноябри соли 2012 Шерхон Салимзода-Додситони кулли Тоҷикистон дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ роҷеъ ба зарурати коҳиши шиканҷа аз Женева гуфта буд: “Имрӯз дар Тоҷикистон аз раҳбарии аввали ҷумҳурӣ сар карда, ҳамаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо шиканҷа мубориза беамон мебаранд. Ҷаноби олӣ дар ҳар мавриди ҷамъбасти сол дар паёмҳои худ андешаҳои худро сари ин масъала иброз мекунанд. Умуман, ҷой доштани шиканҷаро маҳкум мекунанд ва пешгириву мубориза бо шиканҷаро яке аз самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқии давлат эътироф мекунанд.”

Бо вуҷуди ин, Дилрабо Самадова-фаъоли ҳуқуқи башар пешрафт дар ин бахшро ночиз медонад ва мегӯяд, ки баръакс фишор ба вакилони мудофеъ мушоҳида мешавад ва онҳо наметавонанд бо шахсони зери ҳимояи худ мулоқот кунанд: “Ҳоло вакилони мудофеъ бо як қатор мушкилиҳо дучор гашта истодаанд. Маҳкумшудагон наметавонанд бо вакилони мудофеи худ мулоқот ва дар бораи шиканҷа шикоят кунанд. Агар шикоят ҳам кунанд, дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ додгоҳ ба шикояти онҳо аҳамияти хос намедиҳад.”

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова
Ба гуфтаи хонум Самадова, ҳатто ба вакилони мудофеъ фишор меоранд, то онҳо шикояти боздоштшудагонро дар бораи шиканҷа ифшо накунанд: “Фишор ба ҳимоякунандагони ҳуқуқ зиёд шуда истодааст. Агар онҳо худро дар бехатарӣ ҳис накунанд, онҳо аз ҳуқуқи дигар шаҳрвандон ҳимоя карда наметавонанд.”

Коршиносони байналмиллалӣ мавҷудияти шиканҷа ва аз ин роҳ ба даст овардани эътирофоти боздоштшудагонро падидаи хоси кишварҳои Осиёи Марказӣ медонанд. Абдукарим Лоҳиҷӣ-муовини раиси федератсияи байналмиллалии ҳуқуқи башар дар Порис, ки дар иҷлоси 22-юми Шӯрои Ҳуқуқи Башар дар Женев дар баррасиҳо ширкат хоҳад дошт, дар бораи ин падида чунин мегӯяд:

“Додгустарии ин кишварҳо додгустарии мустақил нест, то тазминкунандаи ҳуқуқи мардум бошад. Агар аз давлатҳо зулме нисбат ба мардум мешавад, онҳо наметавонанд ба додгустарӣ шикоят бибаранд. Барои ҳамин вақте, ки касе дастгир мешавад, шиканҷа мекунанд ва вайро водор мекунанд, ки гуноҳи накардаи худро эътироф кунад.”

Дар Асосномаи нави Шӯрои Ҳуқуқи Башар пешбинӣ шудааст, ки бар асоси як тақвими давраӣ дар ҳар кишваре ба вазъи ҳуқуқи башар расидагӣ анҷом бигирад. Тавсияҳое, ки дар ин расидагиҳо шӯро ба кишварҳо пешниҳод мекунад, давлатҳо ногузир ин пешниҳодҳоро бояд иҷро ва рияот кунанд ва вазъ беҳтар шавад.
XS
SM
MD
LG