Пайвандҳои дастрасӣ

"Поккорӣ" дар Додситонии кул баъди барканории Қодиров


Рашид Қодиров, додситони кулли собиқи Узбакистон

Рашид Қодиров, додситони кулли собиқи Узбакистон

Баъд аз барканории Рашид Қодиров аз мақоми додситонии кулли Узбакистон дар ин ниҳоди интизомӣ "поккорӣ"-и кадрҳои асосан содиқ ба ӯ оғоз ёфтааст.

Баъд аз се моҳи барканории Рашид Қодиров аз мақоми додситони кулли Узбакистон ва омадани Ихтиёр Абдуллоев ба ҷойи ӯ, "поккорӣ"-и кадрҳо дар ин ниҳоди интизомӣ оғоз ёфтааст. Манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯянд, аз ҳоло чанд нафари боломақоми Додситонии кулли Узбакистон, ки аз афроди содиқ ба Рашид Қодиров гуфта мешаванд, аз мақомҳояшон барканор шудаанд.

Яке аз ин манбаъҳо ба Озодӣ гуфт, яке аз ин барканоршудаҳо Мухтор Зоирови 58-сола аст, ки расман барои “пуштибонии пинҳонӣ аз соҳибкорон” аз кор ронда шудааст. Ба қавли манбаи дигар, “чистка”-и кадрҳо на танҳо дар Додситонии кулли Узбакистон, балки дар додситонии шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд низ ҷараён дорад. Ҳамон тавре ки манбаи бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ин “чистка” бевосита аз сӯи Шӯрои амнияти миллии назди президент ва Хадамоти амнияти миллии Узбакистон сурат мегирад.

Моҳи апрели соли ҷорӣ Ихтиёр Абдуллоев, ки дар гузашта ба ҳайси мушовири давлатии Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, кор мекард, додситони кулли ин кишвар таъин шуда, Рашид Қодировро иваз кард. Қодирови 63-сола баъд аз 15 соли кор дар ин мақом “ба далели ба кор дигар гузаштанаш” барканор гардид.

Рашид Қодиров кадри Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ба шумор меравад. Ӯ дар соли 1952 дар оилаи котиби якуми кумитаи ҳизбии Андиҷон ба дунё омада, баъд аз хатми бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошканд дар соли 1980 муфаттиши Кумитаи амнияти миллии Узбакистон ё КГБ таъин шудааст. Баъд аз 12 соли кор дар ин ҷо ӯ ҷонишини раиси ин хадамот ва дар соли 1994 ноиби Додситони кулл ва дар соли 2000 додситони кулл таъин шуд.

Бархе аз соҳибназарон дар Узбакистон барканории Рашид Қодировро ба ришвату фасод пайванд доданд. Онҳо мегӯянд, Додситони кулли Узбакистон яке аз сарватмандтарин афроди ин кишвар ба шумор меравад. Гуфта мешавад, бештари моликияти ӯ дар хориҷ аз Узбакистон аст.

Соли гузашта мухолифони давлати Узбакистон аксҳои ду виллаеро дар Латвия нашр карда ва гуфтанд, ҳарду манзили гаронбаҳо ба собиқ додситони кулли Узбакистон Рашид Қодиров тааллуқ доранд. Дар ҳамин изҳорот низ гуфта мешуд, ки Қодиров дар Швейтсария¸ Австрия ва Чехия низ молу мулк дорад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳуҷҷатҳоеро дар реестри амволи ғайриманқули Латвия дидаанд, ки иддаои мухолифонро тасдиқ мекунад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG