Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои адлияи Тоҷикистон бо баргузории санҷиши ҳуқуқ ва забони тоҷикӣ барои ҳудудан 200 додраси коромӯз танҳо ба 49 нафари онҳо барои кор дар додгоҳҳои Тоҷикистон роҳхат дод.

Беш аз сад довталаби курсии додрасӣ аз имтиҳони забони тоҷикӣ баҳои “се” гирифтаанд. Шӯрои адлияи Тоҷикистон бо баргузории санҷиши забони тоҷикӣ барои ҳудудан 200 додраси коромӯз танҳо ба 49 нафари онҳо барои кор дар додгоҳҳои Тоҷикистон роҳхат дод. Аммо довталабоне, ки ба имтиҳон роҳ наёфтанд ва ё дар нимароҳ аз санҷиш нагузаштанд, мегӯянд, ки ин шарт нисбати ҳама довталабҳо истифода нашуд. Даҳҳо довталаби дигар бинобар надоштани исми тоҷикӣ, ки яке аз шартҳои ширкат дар ин озмун будааст, ба сабқат роҳ наёфтанд.

Аммо онҳое, ки ҳамчун коромӯз ба додгоҳҳои Тоҷикистон рафтаанд, пас аз як соли таҷрибаомӯзӣ бо фармони вижаи президенти Тоҷикистон додрас хоҳанд шуд. Солеҳ Завқизода, директори Маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлия 13-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоле, ки бартарӣ ба саводи ҳуқуқии донишҷӯён ва огаҳӣ аз Кодексу Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, донистани забони тоҷикӣ ҳам аз шартҳои аслии кор ёфтан дар додгоҳҳо буд. Ӯ гуфт, барои санҷиши дониши забони тоҷикии довталабон аз онҳо диктант ё худ имлои хаттӣ гирифта шуд.

Аммо бори аввал буд, ки довталабон бинобар надоштани насаби тоҷикӣ ба озмуни Шӯрои адлия роҳ наёфтанд. Сайдалӣ Занҷиров, як довталаб гуфт, ки ӯ тамоми ҳуҷҷатҳояшро барои ширкат дар озмун омода карда буд, вале дар охирин лаҳза бинобар надоштани насаби тоҷикӣ ҳуҷҷатҳояш пазируфта нашуд. “Тоҷикӣ кардани ном осон нест ва онро дар як рӯзу ду рӯз дигар кардан мушкил аст. Аз ин рӯ, имсол аз иштирок дар озмун маҳрум шудем ва аз ҳоло барои ширкат дар озмуни соли оянда ба иваз кардани ном оғоз кардам.

Барои иваз кардани ном ба Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 18 навъи ҳуҷҷат пешниҳод кардан даркор аст”, - гуфт Занҷиров. Даст кашидан аз пасвандҳои русии “ов” ва “ова” дар Тоҷикистон бо як даъвати президент оғоз шуд. Нахуст раиси ҷумҳурии Тоҷикистон исми худро аз Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович ба Эмомалӣ Раҳмон табдил дод, ба думболи ин тамоми мақомоти идораҳои давлатӣ аз поён то боло ҳама насабҳои худро тоҷикӣ карданд.

Даст кашидан аз пасвандҳои русӣ барои сокинон ихтиёрӣ аст, аммо дар охирин нишасти матбуотиаш Дӯстмурод Муродзода, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон гуфт, аз ин ба баъд танҳо онҳое ба ҳайси додрас пазируфта мешаванд, ки исми тоҷикӣ дошта бошанд. Ҳатмӣ шудани ному насаби миллӣ барои додрасҳоро раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон иҷрои Қонун “дар бораи забони давлатӣ” унвон кард. Аммо натиҷаи озмуни Шӯрои адлия нишон медиҳад, ки донистани забони тоҷикӣ барои додраси коромӯз нақши асосӣ надоштааст.

Масалан, Рудоба Шарифзода, духтари Ҳомиддин Шарипов, собиқ Вазири корҳои дохилӣ аз имтиҳони забони тоҷикӣ баҳои “се” гирифтааст, аммо бо зиёд будани холҳояш аз имтиҳонҳои дигар ӯ ҳақи таҷрибаомӯзӣ дар додгоҳи Душанберо пайдо кардааст. Аммо Раҳматулло Қурбониён, довталаби дигар бо вуҷуди баҳои “панҷ” гирифтан аз имтиҳони забони тоҷикӣ, бинобар холи кам гирифтан додраси коромӯз нашуд.

Додраси собиқ Шариф Амирхон мегӯяд, додраси оянда бояд “унверсал” бошад: “Донистани кодексу қонунҳо муҳиманд. Ҳамон тавре, ки донистани забон ва муошират барои як додрас муҳим аст. Додрас бояд аз нигоҳи равонӣ хеле қавӣ бошад, зеро ҳамарӯза бо даҳҳо намуд одамоне, ки психологияи гуногун доранд, вомехӯрад. Ба эҳсос дода нашавад ва худро дар ҳама ҳолат бояд идора кунад. Агар додрас эҳсосӣ бошад, дар содир кардани ҳукм дар ҳалнома ба хато роҳ медиҳад".

Додрасӣ дар Тоҷикистон як касби хеле муҳим ба шумор меравад ва барои то курсии додрасӣ расидан фармони вижаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар содир мешавад. Ҳамасола Шӯрои адлияи Тоҷикистон барои қабули додрасҳо озмун эълон мекунад. Ҳар он нафаре, ки аз озмуни Шӯрои адлия мегузарад, пас аз як соли коромӯзӣ бо фармони президент додрас таъин мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG