Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавлиди маводи сӯхти биологӣ дар Душанбе


Тоҷикистон барои нахустин бор ба тавлиди навъи нави маводи сӯхт, биоэтанол шурӯъ кард, ки ҳамсони бензини А-98, аммо аз он арзонтар мебошад.

Ин мавод, ки аз растаниҳо ҳосил мегардад, қарор аст, як бахши ниёзи кишвар ба бензинро бароварда созад. Садафмоҳ Абдуллоева, мудири кулли ширкати "Фондарё", ки ин барномаро пиёда кардааст, мегӯяд, дар канораи пойтахти Тоҷикистон полоишгоҳе боз шуд, ки ҳар шабонарӯз то 20 тонна биоэтанол тавлид мекунад. Ба гуфтаи вай, ҳоло биоэтанол аз ҷуворимакка истеҳсол мешавад, аммо мақомоти давлат барои ширкат дар навоҳии наздики пойтахт 100 гектар замин додаанд, то зироати зарурӣ, аз ҷумла як навъи махсуси картошкаро барои тавлиди биоэтанол парвариш кунад. Хонуми Абдуллоева мегӯяд, ширкати "Фондарё" фанновариеро истифода мекунад, ки тибқи он маводи хоми истифодашуда метавонад, бо мақсадҳои дигар низ ба кор равад.

Биоэтанол як маводи сӯхтест, ки аз рустаниҳои гуногун, монанди ҷуворимакка, офтобпараст, найшакар ва ғайра тавлид шуда, аз рӯи кайфият ба бензини А-98 монанд аст. Дар ҳоле ки дар кишварҳои пешрафта, монанди Ҷопон, Иёлоти Муттаҳида, Канада аз ин сӯзишвории биологӣ васеъ истифода мешавад, дар кишварҳои шӯрави собиқ ин мавод комилан нав ба шумор меравад.

Дар панҷ истгоҳи сӯхти шаҳри Душанбе биоэтанол ба нархи 2 сомонӣ ва 80 дирам ба фурӯш меравад, дар ҳоле ки нархи бензини А-98 дар шаҳр 3 сомонӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG