Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Дӯстони об» аз Сарез дидан карданд


Имрӯз як ҳайати калони сафирони СММ аз захираҳои обии минтақаи куҳистони Бадахшони Тоҷикистон, аз ҷумла кули Сарез диданд карданд.

Гян Чандра Ачария, муовини дабири кулли СММ гуфт, ки сафар ба кули Сарез ба мавзӯъи конфронси баналмиллалӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи об рабт дошта, онҳо дорои захоири бузурги обӣ ва пиряхҳо будани Тоҷикистонро амалан бо чашмонони худ диданд. Муовини дабири кул Сарезро «мӯъҷиза» ва «қасри об» унвон кард, ки аз он метавон ба нафъи кишварҳои минтақа истифода кард.

Ба ҳайат сафирони СММ, ки Афғонистон, Тайланд, Сурия, Намибия, Фиҷи, Ямайка, Кабо Верде, Танзанияро намояндагӣ мекунанд, шомил буданд.

Ҳайатро вазири меҳнат Маҳмадамин Маҳмадаминов ва сафири Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ҳамроҳӣ карданд.

Намояндаи доимии Афғонистон дар СММ Зоҳир Танин гуфт, гурӯҳи сафирон, ки ба Сарез сафар карданд, бо номи «дӯстони об» шинохта мешаванд. Вай гуфт, "дар ин ҷо шунидам, ки Сарезро «нозанини хуфта» меноманд, вале агар мо битавонем, ки аз ин манбаъи об истифодаи дуруст ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои кулли кишварҳои поёноб, ба шумули Афғонистон ва соири манотиқи наздик бикунем, ин нозанини хуфта нахоҳад буд, як манбаи беҳтари зироат, кишоварзӣ ва пешрафт хоҳад буд."

Сафирон гирду атрофи Сарезро дидан намуда, ба масофари қариб 7 километр дар наздикии сарбанди он қаиқронӣ карданд.
Дар фурудгоҳи Хоруғ ҳайати сафирон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.
Дар фурудгоҳи Хоруғ ҳайати сафирон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.

Дар фурудгоҳи Хоруғ ҳайат бо намунаҳои ҳунарҳои мардумии бадахшониён, ки махсус ба истиқболашон ба намоиш гузошта шуда буд, шинос гирдиданд.

Ҳамчунин дирӯз 21-август Ирина Бокова-мудири кулли ЮНЕСКО ё Созмони илм, фарҳанг ва маорифи СММ, пеш аз сафар ба шаҳри Хоруғ ҳамчунин ба кӯли Сарез сафар намуда ба захираи оби ин кӯл аз наздик шинос шудааст. Ирина Бокова гуфт, Сарез ва захираҳои обии Тоҷикистон на танҳо барои таъмини оби нушокии минтақа, балки барои истифодаи гидроэнержӣ дар дохил ва берун аз он метавон истифода кард.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки тайи ду рӯзи ахир дар Душанбе идома дошт, бо қабули Декларатсия дирӯз ба кори худ поён дод.

Дар ин нишаст Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон зимни шарҳи «Декларатсия» таъкид кард, ки ҳукуматҳои кишварҳо дар амри истифодаи дуруст ва ҳалли масоили об нақши муҳим доранд ва аз ин рӯ аз онҳо даъват мешавад, ки барои рушди якҷояи кишварҳои худ паси мизи музокира бинишинанд ва роҳҳалҳоро ба даст оранд. Дар декларатсия омадааст, кишварҳое, ки дар амри ҳалли низоъҳои байни худ дар масъалаи об талош мекунанд ва музокираҳо намуда, наҳваи ҳалли мушкили худро пайдо карданӣ мешаванд, ҳавасманд карда хоҳанд шуд.

Ҳамчунин гуфта шуд, он кишварҳои минтақа, ки барои тақсими дурусти об ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати баҳрабардорӣ аз захоири об бо роҳи маблағгузорӣ мусоидат мекунанд, ҳавасманд карда хоҳанд шуд. Яъне, ин ба он маъност, ки кишварҳои поёноби Осиёи Миёна барои таъмиру тармими сарбандҳои кишварҳои болооб маблағгузорӣ кунанд ва аз роҳи сармоягузорӣ ҳамкории фаъол дошта бошанд.

Дар Осиёи Марказӣ солҳост, ки баҳсу кашмакаш миёни Тоҷикистону Қирғизистон ду кишвари болооб ва Узбакистону Қазоқистону Туркманистон се кишвари поёноб идома дорад. Созмони Милал соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар арсаи об эълон кардааст. Ба гуфтаи ҳамин созмон, аз миёни 276 рӯдхонаи фаромарзӣ дар бештар аз нисфи ҳавзаҳои онҳо чаҳорчӯби ҳамкорӣ барои мудирияти дурусти захираҳои об вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG