Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Майдони озодии баён дар Тоҷикистон тангтар шудааст


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Доманаи озодии баён дар Тоҷикистон, ба ақидаи нозирони умур, дар ин авохир хеле тангтар шудааст. Вале тарафдорони ҳукумат мегӯянд, ҷое барои нигаронӣ вуҷуд надорад.

Матолиби расонаҳои Тоҷикистон ҳангоми баррасии мушкилоти ҷомеа аз ибораҳои “аз гуфтани ном худдорӣ кард”, “нахост дар ин мавзӯъ сӯҳбат кунад” пур шудааст. Афзоиши истифодаи ин ибораҳоро коршиносон ба боло рафтани сатҳи худсонсурӣ ва маҳдуд шудани озодии баён дар Тоҷикистон медонанд.

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз вазъи озодии байён, маҳдудсозии сомонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон шадидан изҳори нигаронӣ кард. “Хонаи Озодӣ” ё “Freedom House” дар охирин гузориши худ гуфт, Тоҷикистон дар самти озодии сухан чаҳор зина поён рафтааст ва ҷомеаи ин кишвар бештар ба ду кишвари дигари Осиёи Миёна - Туркманистон ва Узбакистон монанд мешавад.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва аз раҳбарони ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон дигарандешон минбар надоранд ва аз тарафи дигар бинобар таъқиб шудан аз гуфтани сухани ҳақ парҳез мекунанд. Ба гуфтаи ин ҳуқуқшинос, фарқ миёни он чизе, ки ҳукумат мегӯяд ва он чизе, ки мардум мебинад, рӯз то рӯз зиёд мешавад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Ҳакимов, ниҳодҳои ҳукуматӣ талош мекунанд, то ба хотири ба бор наовардани норозигиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ даҳони гуногунандешонро бо роҳҳои гуногун бубандад.

Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов гуфт: “Вақте, ки фарқ миёни расмиёт ва воқеият зиёд мешавад, низом худкома мешавад. Дар қонунгузории Тоҷикистон сензура манъ аст, аммо солҳои ахир ноадолатиҳои додгоҳҳо бинобар нагуфтани камбудиҳо зиёд шуд, таҳдидҳо нисбати сиёсатмадорон ба назар расид ва ин боиси камтар шудани раванди демократӣ гардид. Чун моҳияти давлатдорӣ монанд ба худкома мешавад ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муташаккил нест, озодии сухан ҳамчун як рукни ҷомеа аз миён меравад.”

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ҳабси вакилони дифоъ, таъқиби намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва эҷоди мушкил ба рӯзноманигорон аксар дар ҳоли тарс қарор додааст, ки ин боиси афзоиши худсонсурӣ дар ҷомеа гардидааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабкаҳои иҷтимоӣ ва бархе аз сомонаҳои хабарӣ маҳдуд шудааст ва вокуниши мансабдорони давлатӣ ба матлабҳои интиқодӣ ҷиддитар шудааст.

Аммо Усмон Солеҳ, сухангӯи ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ин ҳарфҳоро бепоя хонда, мегӯяд, озодии сухан дар ин кишвар бо кишварҳои ҳамсоя қиёснашаванда аст. Ӯ мегӯяд, намояндагони ҳизби онҳо дар ибрози андеша ҳеҷ мушкил надоранд. Баста шудани сомонаҳо ва нашри матлабҳои интиқодиро Усмон Солеҳ мушкили дохилӣ ва аз ҷасорати рӯзноманигорон вобаста медонад.

Усмон Солеҳ афзуд: “Баъзан сомонаҳо баста мешаванд ва ё фаъолияташон маҳуд мешавад, ин бо сабабҳои техникӣ рух медиҳад. Баста ва ё маҳдуд шудани сомонаҳо мебинем, ки ҳеҷ рабте ба ҳукумат надоранд. Ҳеҷ ҷое ман маҳдуд шудани озодии баёнро намебинам.”

Саидҷаъфар Исмонов

Саидҷаъфар Исмонов

Саидҷаъфар Исмонов, вакили парлумон ва раиси ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло аксари созмонҳо ва сокинон озодии суханро дар “таҳқиру тӯҳмат” мебинанд. Ба гуфтаи ӯ, агар нафаре ба ягон мансбадор тӯҳмат мезанад, ҳама инро озодии баён медонанд.

Оқои Исмонов меафзояд: “Мутаассифона, байни тӯҳмату таҳқир ва танқиду озодии баён аксарият фарқ гузошта наметавонад. Ман надидам, ки агар нафаре бо факту далел ва дар доираи қонун сӯҳбат карда бошад, ба ӯ фишор оварда бошанд ва ё ба додгоҳ кашида бошанд. Президенти мо ҳам ба озодии сухан хеле арҷ мегузорад. Бубинед, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо танқид, балки президенти кишварро таҳқиру тӯмат мекунанд, аммо боре дидед, ки президент нафареро барои ин кораш ба суд дода бошад?”

Бо ин вуҷуд хабарнигорони тоҷик мегӯянд, ҳоло аксари мусоҳибонашон ё бо онҳо сӯҳбат кардан намехоҳанд ва ё танҳо бидуни бурдани номашон ба онҳо ҳамсӯҳбат мешаванд. Алишер Зарифӣ, хабарнигори хабаргузории “Озодагон” мегӯяд, то ду соли пеш ҳатто бархе мансабдорон худашон тамос мегирифтанд ва барояшон хабар медоданд, вале ҳоло дар оддитарин масъала онҳо аз гуфтани назарашон худдорӣ мекунанд.

Алишер Зарифӣ ҳамчунин гуфт: “Ҳоло як боғбон хеле ҳаросида дар бораи таҷрибаи боғдориаш сӯҳбат мекунад. Манбаъҳои расмӣ бо ҳар баҳона аз додани иттилоъ худдорӣ мекунанд. Ё талаб мекунанд, ки барояшон мактуби расмӣ оварда шавад ва ё мегӯянд, ки онҳо аз мавзӯъ хабар надоранд. Ягон нафар ҳам, ки сӯҳбат мекунад, даҳ бор таъкид мекунад, ки номаш гуфта нашавад. Сокинон ҳам ҳоло метарсанд аз гуфтани назарашон.”

Коршиносон мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон ҳоло ба хотири таъмини амният талош дорад, то озодии суханро маҳуд созад. Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо рӯзи 20-уми ноябр аз ҳукумати Тоҷикистон хост, то бархӯрди худ бо озодии баёнро дигар кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG