Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Хонаи Озодӣ мегӯяд, ки ҳаводиси Сурия ва дахолати Русия ба умури Украина ба пойинрафти сатҳи озодиву демократия дар олам мусоидат кардаанд. Тоҷикистонро ин созмон боз ба сафи кишварҳои “ноозод” шомил намуд.

Дар гузориши солонаи Freedom House ё Хонаи Озодӣ, созмони мустақар дар ИМА омадааст, ки афзоиши ҳамлаҳои террористӣ ва истифода аз шеваи ҷангҷӯёна дар соли гузашта боиси “афзоиши беэҳтиромӣ ба меъёрҳои демократӣ” тақрибан дар ҳама гӯшаву канори олам шудааст.

Арч Паддингтон, муовини раиси созмони Хонаи Озодӣ дар умури таҳқиқот мегӯяд, “пазируфта шудани демократия чун тарзи бартари идора дар ҷаҳон ва истифода аз ғояҳои демократӣ дар низоми байнулмилалӣ бори аввал дар 25 соли ахир ба таҳдиди ҷиддӣ мувоҷеҳ гардид".

Гузориши “Озодӣ дар ҷаҳон 2015”, ки рӯзи 28 январ нашр шуд, сатҳи озодиву демократия дар 195 кишвари оламро ба баррасӣ гирифтааст. Муаллифон гузориши худро “Пушт ба демократия: Бозгашт ба мушти оҳанин” номгузорӣ кардаанд.

Бино ба ин гузориш, бо вуҷуди пешрафт дар кишварҳое чун Куба ва Тунис, соли 2014 дар давлатҳои зиёде пойинрафти сатҳи демократия ба чашм расид. Хонаи Озодӣ ба афзоиши терроризм таъкид карда, гуфтааст, ки мусаллаҳони исломгаро дар бисёр кишварҳои олам кормандони амниятӣ ва мардуми осоиштаро ҳадафи тир қарор дода, хориҷиҳоро гаравгон мегирифтанд, намояндагони аққалиятҳои миллӣ, аз ҷумла, мусалмонҳои, аз нигоҳи онҳо “кофиршуда”-ро маҳв мекарданд ё онҳоро чун ғулом истифода мебурданд.

Арч Паддингтон

Арч Паддингтон

Аз нигоҳи муаллифони гузориши Хонаи Озодӣ, терроризм ба вижа дар Ироқ, Сурия, Покистон ва Нигерия “таъсири тахрибкунанда” дошт. Дар Ироқ, бино ба ин гузориш, гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар манотиқи таҳти назораташ талоши нобудсозии насрониҳо, шиаҳо ва язидиҳоро кард. Ҳамчунин гурӯҳҳои шиаи таҳти назорати давлат ҳамлаҳо ба суннимазҳабҳоро идома доданд.Дар Эрон муҳофизакорон аз ҳама кӯшишҳои ислоҳот ба хотири афзоиши озодиҳои шаҳрвандӣ ва коҳиши дахолати давлат ба зиндагии эрониҳо ҷилавгирӣ мекарданд. “Дар Афғонистон дар арафаи хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ хушунат алайҳи хабарнигорон ва мардуми осоишта боло рафт”, гуфта шудааст дар гузориши Хонаи Озодӣ.

Муаллифон ба коҳиши озодиҳо дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ нерӯманд – Русия, Озарбойҷон, Миср, Мексика ва Туркия ҳам таъкид кардаанд. Аз нигоҳи онҳо, “таҷовуз”-и Русия ба Украина ва илҳоқи нимҷазираи Қримро метавон бадтарин намунаи рӯ тофтан аз демократия дар соли 2014 номид. Хонаи Озодӣ Русияро барои саркӯбии дигарандешӣ, фишор болои расонаҳои мустақил ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба сафи кишварҳои “ноозод” шомил кард. Дар Озарбойҷон ҳам, ба гуфтаи муаллифон, таъқибу ба зиндон афкандани мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва хабарнигорон афзоиш ёфт.

Дар гузориши Хонаи Озодӣ ба коҳиши ёфтани озодиҳо дар Миср, фишор болои расонаҳои мустақилу ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Туркия ҳам ишора шудааст. Сурия, ки муаллифон онро давлати мустабид хондаанд, бо идомаи ҷанги шаҳрвандӣ, тақсимоти қавмии шаҳрвандон ва оҷизӣ дар рӯбарӯи терроризм дар пойинтарин сатҳ дар даҳ соли ахир қарор дорад. Украина, ки он ҷо баъд аз барканори “раисиҷумҳури фасодзада Виктор Янукович, нимҷазираи Қрим ба Русия замима шуд ва дар Донбасс даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳни рустабор идома доранд, аз сӯи Хонаи Озодӣ ба феҳристи кишварҳои “қисман озод” шомил шудааст.

Сатҳи озодӣ дар нимҷазираи Қрим, ки аз моҳи марти соли гузашта таҳти назорати Маскав қарор дорад, бори аввал алоҳида баррасӣ шуд ва Хонаи Озодӣ онро каме беҳтар аз Туркманистону Узбакистон, ду кишвари сатҳи демократияашон аз ҳама пойин, арзёбӣ намуд. Ба ҷуз ин ду ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ҳамчунин Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Гвинеяи Экваторӣ, Эритрея, Кореяи Шимолӣ, Арабистони Саъудӣ, Сомалӣ, Судон, Сурия, Тибет ва Саҳараи Ғарбӣ ҳам дар феҳристи “бадтарини бадтаринҳо”-янд.

Александр Содиқов

Александр Содиқов

Дар гузориш сатҳи озодиҳо дар Қирғизистон болотарин дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ шудааст, ҳарчанд, ба гуфтаи муаллифон, ҳукумати ин кишвар озодии ҷамъомадҳо ва фаъолияти ҷомеъаи шаҳрвандиро маҳдуд месозад. Қирғизистон ягона кишвари ин минтақа аст, ки дар байни кишварҳои “қисман озод” ҷой гирифтааст.

Дар Тоҷикистон, ба навиштаи муаллифони гузориш, дар идомаи фишорҳо барои дигарандешии сиёсӣ таъқиби аҳзоби сиёсӣ идома дошт ва “Гурӯҳи 24”, як ниҳоди мухолифи давлат моҳи октябр аз сӯи Додгоҳи Олӣ созмони ифротгаро эълон шуд. Муаллифони гузориш ба фишори мақомоти маҳаллӣ болои аҳзоби сиёсӣ дар давраи омодагиҳо ба интихоботи парлумонӣ ва боздошти пажуҳишгар Александр Содиқов бо иттиҳоми ҷосусӣ ҳам ишора кардаанд. Тоҷикистон дар қатори 51 кишвари “ноозод” ҷойгир аст.

Хонаи Озодӣ 89 кишварро“озод” ва 55-тои дигарашро “қисман озод” хондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG