Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хонаи Озодӣ дар гузориши тозаи худ гуфтааст, ки Тоҷикистон аз назари рушди демократия дар соли гузашта назар ба бисёре аз кишварҳои минтақа ақибнишинии зиёдтар дошт.

Дар арзёбии тозаи Freedom House (Хонаи Озодӣ) аз вазъи кишварҳои собиқи Шӯравӣ ва Аврупои Шарқӣ омадааст, ки Тоҷикистон аз назари рушди демократия дар соли гузашта назар ба бисёре аз кишварҳои минтақа ақибнишинии зиёдтар доштааст.

Дар ин гузориш, ки "Кишварҳои дар ҳоли гузариш дар соли 2015" унвон дорад ва рӯзи 12 апрел нашр шуд, омадааст, ки мушкилоти иқтисодӣ дар кишварҳои собиқи Шӯравӣ амнияти ин кишварҳоро ба хатар рӯ ба рӯ кардааст. Дар ин гузориш вазъи демократия дар 29 кишвари Шӯравии собиқ, кишварҳои соҳили Балкан ва Аврупои Шарқӣ арзёбӣ шудааст ва баҳои ин кишварҳо, ки баландтаринаш 29 аст, дар 12 соли ахир поин омадааст.

Ба гуфтаи Нейт Шенкан, яке аз муаллифони гузориш, Тоҷикистон дар соли гузашта саркӯби шадиди мухолифонро пеш гирифт, ки дар чандин соли ахир дида нашудааст. Қазоқистону Қирғизистонро барои зери назорат гирифтани ҷомеаи маданӣ ва қабули қонунҳо дар бораи фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ танқид карда ва гуфтаанд, ки Русия бо «навоварӣ дар худкомагӣ» ба кишварҳои минтақа намуна шуд.

Радиои Озодӣ аз Нейт Шенкан ҷузъиёти арзёбиҳояшон аз Тоҷикистон ва оқибатҳои ақибнишинӣ аз роҳ ба сӯи демократияро пурсид.

Нейт Шенкан: "Тоҷикистон дар гузориши Кишварҳои дар ҳоли гузариш дар миёни 29 кишваре, ки мо таҳқиқ кардем, аз назари ташаккули демократия ва тамоюлҳои манфӣ дувумин баҳои бадро гирифт. Сабаби асосии ин, саркӯбҳои фарогир ва фавқулодаи мухолифон буд. Саркӯби тарсноке, ки мо дар даҳ соли ахир дар кишварҳои минтақа мушоҳида накарда будем. Мамнӯъ кардани фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли гузашта як ҳодисаи фавқулода ва бисёр мушаввашкунанда буд. Ва ҳоло боздошти садҳо аъзои ҳизб нишон медиҳад, ки ин як ҳаракати ошкор барои ба даст гирифтани тамоми қудрат буд. Бар иловаи мамнӯъ кардани ҳизби наҳзат ва ҳамла ба мухолифон, дар муқоиса ба солҳои гузашта мо шоҳиди ҳамлаҳои зиёдтар ба истиқлолияти додгоҳӣ шудем. Додгоҳҳо на танҳо сиёсатмадорони мухолиф, ҳатто вакилони дифои онҳо ва вакилони дифои вакилони дифоъро ҳам муҳокима карданд. Ин як навъ ҳодисаи бесобиқа аст, чун касеро, ки аз ҳуқуқи афроди мавриди таъқиби ҳукумат ҳимоят мекунанд, худашонро ба ҷавобгарӣ мекашанд. Дар баробари ин, низоми додгоҳӣ ва додситонӣ ошкоро дигарандешон ва афроди эътиқодмандро худсарона ҷазо медиҳанд, ки мухолифи меъёрҳои дохилӣ ва байналмилалӣ аст. Ва дар ниҳоят дар соли гузашта гузоришҳо дар бораи фасодкорӣ зиёдтар шуданд, чун аъзои хонаводаи раисиҷумҳур назорати бештари ниҳодҳои давлатиро ба даст гирифтанд. Тоҷикистон бидуни шак дар миёни кишварҳои дар ҳоли гузариш яке аз олудатарин кишварҳо ба фасод дар минтақа аст."

Радиои Озодӣ: Вазъи бадшудаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон барои ояндаи кишвар чӣ оқибатҳое дошта метавонад?

Нейт Шенкан: "Дар Тоҷикистон бояд плюрализм ва ё дигарандешии сиёсӣ вуҷуд дошта бошад. Шумо бояд хонаводаро аз ҳукумат ҷудо кунед. Танқиди раисиҷумҳур, хонаводаи ӯ ва ё ҳукуматро набояд ифротгароӣ талаққӣ кард, зеро ибрози назар усули бунёдии демократия ва талаби қонуни байналмилалӣ аст. Дувум ин ки дар шароити дигарандешӣ ҳукумат беҳтар кор мекунад. Бе танқид, бе шаффофият ҳукуматҳо бадтарин қарорҳоро қабул мекунанд ва ингуна қарорҳо барои тамоми кишвар ва тамоми иқтисоди он асари манфӣ мегузоранд. Ман метарсам, ки дар сурати тағйир наёфтани вазъ Тоҷикистон ба самти фасодкории азим ҳаракат мекунад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG