Пайвандҳои дастрасӣ

Дар рустои Қара-Булоқи вилояти Бодканди Қирғизистон афроди мусаллаҳи ношинос як хонаводаро тирборон карданд.

Тавре сокинони маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ хабар доданд, бар асари ин ҳодиса, ки шаби гузашта рӯй дод, чаҳор нафар ба ҳалокат расиданд ва як кас ҷароҳат бардошт. Эрнис Усмонбоев, корманди дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳама кушташудагон узви як хонаводаанд – хонаводаи Тоҷибой Эралиев. Худи Тоҷибой Эралиев маҷрӯҳ шуд ва аммо зинда монд, дигарон – завҷа, писар, келин ва набераи яксолааш ба ҳалокат расиданд".

Муовини раиси идораи умури дохилии вилояти Бодканд Улан Рисбеков ҳам хабари рӯй додани ин ҳодисаро тайид кард ва аммо аз ифшои ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ варзид. Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ низ аз ҷойи ҳодиса хабар дод, ки дар ин ҳамла сарвари хонадон маҷрӯҳ шуда, духтари сесолаи ӯ ҷон ба саломат бурдааcт. Марди маҷрӯҳ ҳоло дар бемористони Бодканд қарор дорад ва табибон вазъи ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд. Духтараки хурдсол низ таҳти назорати табибон қарор дорад.

Ин хонавода дар канори рустои Қара-Булоқ мезист, ки аз марзи Ӯзбакистон 30 километр ва аз марзи Тоҷикистон 100 километр дур ҷойгир аст.

Мақомоти умури дохилии вилоят гуфтанд, ки амалиёти ҷустуҷӯи ҷинояткорон идома дорад.

Гуфта мешавад, ки ин куштор ба куштори хонаводае дар деҳаи Чоркӯҳи Исфара шабоҳат дорад. Дар он ҳодиса ҳам чаҳор нафар аз аҳли хонаводае, ки дуртар аз дигар мезистанд ва аз тири туфанги шикорӣ кушта шуда буданд. Ёдовар мешавем, моҳи гузашта бар асари ҳамлаи афроди ношинос ба хонаводае дар хоҷагии деҳқонии №5, ҷамоати деҳоти «Чоркуҳ»-и ноҳияи Исфара Бобо Халлоқов, номи дигараш Абдуқаҳҳор, соли таваллудаш 1952, ҳамсараш Халлоқова Мӯҳтарама, соли таваллудаш 1953,
духтараш Мамадҷонова Гулчеҳра, соли таваллудаш 1975, ки бо писараш, қурбонии чорум - Халлоқов Иноятулло соли таваллудаш 2000 ба меҳмонӣ омада буд, ҳамагӣ сокини ҷамоати деҳоти «Чоркуҳ» - и Исфара ба ҳалокат расиданд.

Ягона нафаре, ки бо чашмонаш афроди мусаллаҳро дидааст, фарзанди 17-солаи ин хонавода - Идрисбой Халлоқов мебошад, ки дар ҳамлаи шаби 20 август ҷон ба саломат бурдааст.

Яке аз сокинони Чоркӯҳ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки келини Абдуқаҳҳор Ҳаллоқов низ дар ин ҳодиса пинҳон шуда зинда мондааст, вале ӯ танҳо садои афроди мусаллаҳро шунидааст, ки ба забони русӣ ва қирғизӣ гап мезаданд, вале чеҳраи онҳо ё либоси онҳоро надидадаст. Ва ҳамчунин Иброҳими 10-сола низ аз ин ҳодиса зинда мондааст, ки вай ҳам бо чашмони худаш афроди ҳамлаварро надидааст.

Бо амри вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов гурӯҳи махсуси фаврӣ - тафтишотӣ созмон дода шуда, барои муқаррар ва боздошт кардани ҷинояткорон корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон хабари боздошти яке аз қотилонро, ки чанд рӯз пеш нашр шуд, то ҳол расман тайид накардаанд.

Бино ба иттилои қаблии экспертиза, афроди ҷиноятпеша аҳли хонаводаро латукӯб накарда, дар куштор аз милтиқи варзишии навъи ТОЗ – 12 – и истеҳсоли Корхонаи силоҳи Тулаи Русия истифода кардаанд, ки аслан милтиқи шикорист. Дар бораи сабабҳои ин куштор мақомот то ба ҳол ягон фарзияи расмиро пешниҳод накардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG