Пайвандҳои дастрасӣ

Лигаи аввал: Чор дастаи беҳтарини мусобиқоти минтақавӣ - дар нимфинал


Дар мусобиқоти минтақавии лигаи аввали футболи Тоҷикистон дастаҳое, ки дар даври ниманиҳоӣ ширкат хоҳанд кард, маълум шуданд.

Дар минтақаи Душанбе ду даста – «Саройкамар»-и Панҷ ва «Кӯктош+С»-и Рӯдакӣ ба нимфинал баромаданд. Ҳарду даста 33-имтиёзӣ гирифтанд, вале аз рӯи натоиҷи бозиҳо миёни ҳарду «Саройкамар» мақоми аввал ва «Кӯктош+С» мақоми дувумро касб карданд.

Дар минтақаи Суғд бошад, ду даври дигар мондааст. Ва аммо аллакай дастаҳое, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтаанд, маълуманд. Инҳо – пешсафони ҷадвали мусобиқот - «Эсхата»-и Хуҷанд ва «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан мебошанд.

Дар даври ниманиҳоӣ ғолиби минтақаи Душанбе – «Саройкамар» бо дастае, ки дар минтақаи Суғд ҷойи дувумро мегирад, инчунин, ғолиби минтақаи Суғд бо дастаи ҷойи дувуми минтақаи Душанбе – Кӯктош+С» рақобат мекунанд. Бозиҳо дар майдони худ ва дар меҳмонӣ баргузор мешаванд. Баъдан ғолибони бозиҳои нимфиналӣ дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои дар нимфинал мағлубшуда барои ҷойи севум талош хоҳанд кард.

Мусобиқоти лигаи аввал

Минтақаи Душанбе
Натоиҷи бозиҳои охирин: «Ҳулбук» - «Пахтакор» - 3:0 (техникӣ), «Куктош+С» - «Ҳосилот» - 4:2, «Нури Норак» - «Саройкамар» - 0:2, «Нури Норак» - РТСУ - 3:3, «Кӯктош+С» - «Ҳулбук» - 3:0 (техникӣ).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Саройкамар» (Панҷ) 14 10 3 1 41-11 33
2 «Кӯктош+С» (Рӯдакӣ) 14 10 3 1 29-13 33
3 «Нури Норак» (Норак) 14 6 4 4 20-20 22
4 «Ҳулбук» (Восеъ) 13 5 1 7 18-26 16
5 РТСУ (Душанбе) 12 4 3 5 18-20 15
6 «Ҳосилот» (Фархор) 13 4 1 8 17-20 13
7 «Бохтар» (Бохтар) 14 3 4 7 19-23 13
8 «Пахтакор» (Қубодиён) 14 2 1 11 11-40 7

Голзанҳои беҳтарин: Ҷонибек ҒАФФОРОВ («Саройкамар») – 15 тӯб, Зоир ХОЛМАТОВ («Ҳулбук») – 8 тӯб, Акмал АВАЗОВ («Саройкамар»), Сайидамир МИРЗОЕВ («Ҳосилот») – 7-тӯбӣ.

Бозиҳои боқимонда:

2-юми ноябр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 14.00
РТСУ – «Ҳосилот»

4-уми ноябр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 14.00
«Ҳулбук» - РТСУ

Минтақаи Суғд

«Пахтакор» - «Спитамен» - 2:5. «Эсхата» - «Исфара» - 3:1. «Мастчоҳ» - «Қайроққум» - 6:0. «Далерон-Ӯротеппа» - «Канд» - 3:0 (техникӣ). «Зарафшон» - «Шаҳристон» - 3:0 (техникӣ).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Эсхата» (Хуҷанд) 16 13 1 2 44-10 40
2 «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) 16 12 3 1 64-10 39
3 «Исфара» (Исфара) 16 9 3 4 41-21 30
4 «Зарафшон» (Панҷакент) 16 9 3 4 32-27 30
5 «Спитамен» (Спитамен) 16 6 6 4 40-40 24
6 «Мастчоҳ» (Мастчоҳ) 16 6 2 8 31-41 20
7 «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) 15 5 1 9 27-32 16
8 «Канд» (Конибодом) 15 4 2 9 27-41 14
9 «Қайроққум» (Қайроққум) 16 2 1 13 10-66 7
10 «Шаҳристон» (Шаҳристон) 16 2 0 14 13-41 6

Голзанҳои беҳтарин: Меҳрулло БОБОЕВ («Далерон-Ӯротеппа») – 22 тӯб, Аъзам ҲУСЕЙНОВ («Далерон-Ӯротеппа») – 20 тӯб, Ҳусейн ҶАЛОЛОВ («Эсхата») – 12 тӯб.

Марҳилаи ниҳоӣ
11-уми ноябр (душанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:00
Бозии 1-ум – ҷойи 1-уми минтақаи Душанбе – ҷойи 2-юми минтақаи Суғд
Бозии 2-юм – ҷойи 1-уми минтақаи Суғд – ҷойи 2-юми минтақаи Душанбе
Бозиҳои ҷавобӣ – 16-уми ноябр (шанбе) – соати 13:30
Бозии 3-юм – ҷойи 2-юми минтақаи Суғд – ҷойи 1-уми минтақаи Душанбе
Бозии 4-ум – ҷойи 2-юми минтақаи Душанбе – ҷойи 1-уми минтақаи Суғд
Бозӣ барои ҷойи 3-юм – 20-уми ноябр (чоршанбе) – соати 14:00
Бозии 5-ум – мағлуби бозии 3-юм – мағлуби бозии 4-ум
Бозӣ барои ҷойи 1-ум – 20-уми ноябр (чоршанбе) – соати 14:00
Бозии 6-ум – ғолиби бозии 3-юм – ғолиби бозии 4-ум
Бозиҳои ҷавобӣ – 24-уми ноябр (якшанбе) – соати 13:30

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG