Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Михаил Горбачев 80-сола шуд


Михаил Горбачев дар соли 1990, дар анҷумани Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ.

Михаил Горбачев дар соли 1990, дар анҷумани Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ.

Ҳаштодсолагии Михаил Горбачев, раҳбари пешини СССР, бисёриҳоро ба ёди бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ андохт.

Меъмори “перестройка” Михаил Горбачевро шахсе меноманд, ки дунёро дигар кардааст. Вале ин тағйиргарӣ ҳам тобиши манфӣ дорад ва ҳам мусбат.

Иддае ӯро раҳбари пурҳарфу ноӯҳдабарое медонанд, ки кишвари паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро ба ҳам зад ва иддае бар инанд, ки вай ба мардум ва ҷумҳуриҳо озодӣ дода, бо Ғарб забон ёфт ва ҷаҳонро аз ҷанги ҳастаӣ наҷот дод.

Бархе аз коршиносон бар инанд, ки раҳбари пешини Иттиҳоди Шӯравӣ натавонист, ислоҳотеро, ки дар соли 1985 дар ин кишвар оғоз ниҳод, ба гунаи тадриҷӣ, мавзун ва дурандешонае пеш барад ва ҳама корро кунад, то сокинони онро аз ҷангу хунрезӣ, гурезогурез ва бӯҳрони фарогир эмин дорад.

Мухолифони ин ақида мегӯянд, ки ҳамҳизбиёнаш нагузоштанд, Горбачев нақшаи худро амалӣ намояд. Инро ҳам бояд афзуд, ки бо гузашти айём муносибат ба Горбачев тағйир меёбад ва ширкати ӯ дар саҳнаи сиёсии Русия мусбат арзёбӣ мешавад.

Дар ин навори видео хоҳем дид, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба Михаил Горбачев ҳамчун раҳбар, сиёсатмадор ва инсон чӣ баҳо медиҳанд.


Мӯҳлати нисбатан кӯтоҳи раҳбарии Горбачев пур аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ буд. Ба монанди маъракаи ошкорбаёнӣ, фалокат дар Чернобил, хуруҷи нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон, нахустин озмунҳои маликаи зебоӣ, кооперативҳо ва рафҳои холии мағозаҳо, бозгашти академик Андрей Сахаров аз бадарға ба Маскав, заминларзаҳои Спитаку Ленинакан ва ғайра.

Ва ҳам рӯйдодҳои феврали соли 1990 дар Тоҷикистон.
Горбачев гуфтааст, вай фармони тирандозӣ ба тазоҳуркунандагон дар Душанберо надодааст. Аммо қаблан иқрор карда буд, ки ҳамлаи артиш ба тазоҳуркунандагон дар Боку ва Тифлис бо дастури ӯ шудааст. Барои ин вай аз мардуми озар ва гурҷ маъзарат хост.

Раҳбари вақти шӯравӣ бештар ба бахши аврупоии Иттиҳоди Шӯравӣ, равобит бо Аврупои Ғарбӣ ва Иёлоти Муттаҳида мутамарказ буд, то ҷамоҳири Осиёи Миёна. Вай метавонист, бо як занги телефон аз рӯйдодҳои хунини Душанбе пешгирӣ кунад, аммо накард ва бо осиёи онҳое об рехт, ки рақибону душманонаш буданд.

Таҳлилгарон борҳо ин ишораро кардаанд, ки Горбачев дар лаҳзаҳои ҳалкунанда аз дӯстону тарафдорони ҳақиқияш дифоъ намекард, балки канори онҳое мемонд, ки дар августи соли 1991 ӯро дар осоишгоҳи Фороси Қрим ҳабс карданд ва хостанд, ҳокимиятро дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба дасти худ гиранд. Ин дигар поёни қарни Горбачев буд.

Замима: Мусоҳиба бо Горбачев

Дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Бахши русии Радиои Озодӣ, раҳбари пешини Шӯравии собиқ, Михаил Горбачев аз дугонаи ҳокими Русия – президент Дмитрий Медведев ва сарвазир Владимир Путин интиқод кард. Дар посух ба суолҳои Людмила Телен, Горбачев гуфт, эҳёи интихоботи озод масъалаи аввалиндараҷаи Русия ба хотири пешрафти мӯътадил ба сӯи рушди демократист.

Озодӣ: Эроди асосии Шумо ба мақомоти феълии Русия чист?

Горбачев:
Масъалаҳои демократия ба оҳистагӣ ҳал мешаванд. Ва начандон...

Озодӣ: Ба оҳистагӣ? Балки шояд баракс ҳал мешаванд?

Горбачев: Барои ҳамин мегӯям ба оҳистагӣ. Хуб, баъзе корҳо мешавад ва ту дуруст миегӯӣ, шояд, баракс, лағжиш, ақибрафт. Албатта суоле ҳам ҳаст, ки барои ҳалли ин масъала бояд ҷиддӣ гирифта шавад. Дар поёни садаи бистум дар 105 ё 108 кишвар режимҳои худкома ва гоҳе диктаторӣ саҳнаи сиёсиро тарк карданд. Вале ҳамагӣ баъд аз чанд солаш аз нав афроди худкома пуштибонии интихобкунандагонро ба даст оварданд.

Озодӣ:
Ин мушоҳидаи Шумо ба Русия дахл дорад?

Горбачев: Дахл дорад. Ҳоло вазъи мо чӣ гунааст? Аз зовияи демократия мо ҳама чиз дорем. Порлумон дорем. Додгоҳҳои мунтахаб дорем. Матбуот дорем. Ҳама чиз ҳаст. Аммо натиҷа хеле ночиз аст. Мо ними роҳро тай кардем. Ман ҳамеша ин гапро мегӯям, ки мо ними роҳи гузариш ба демократияро тай кардем. Соҳиби ниҳодҳои демократӣ шудем, вале ҳоли ҳозир онҳо муассир нестанд ва дар зери онҳо худсарӣ ва суистифода пиинҳон шудаанд. Ба мо идораи дастӣ хуш меояд. Барои ҳамин ба толорҳои машқ мераванд, мушак месозанд ва мешикананд.

Озодӣ: Сабаб чист? Чаро барои афроде, ки имрӯз дар Русия ба сари қудрат омадаанд, ормонҳои бозсозӣ маънӣ надоранд?

Горбачев: Барои он ки онҳо ба сари қудрат омаданд ва онҳоро интихоб накардаанд. Интихоботе набуд. Соли 1989 ва 1990 дар ҷумҳуриҳо интихоботи озод баргузор шуд, баъдаш мо дигар интихоботи воқеан озод надоштем. Соли 1996-ро ба ёд оред. Маълум нест, ки кӣ пирӯз шуд. Мегуфтанд, ки дар асл Зюганов ғалаба кардааст. Ҳатто ба вай хабар додаанд ва ӯ тарсидааст.

Озодӣ: Аммо Путин ку дар интихобот пирӯз шуд. Бигзор, ҳадс зада шавад, ки тақаллуб ҳам буд, аммо шубҳае нест, ки ҳам соли 2000 ва ҳам 2004 аксарият аз ӯ пуштибонӣ карданд. Ҳарчанд худкомагиро ба номи ӯ рабт медиҳанд.

Горбачев: Вале агар интихоботи воқеан озод баргузор мешуд, ширкати намояндагони гурӯҳҳои мухолиф васеътар мебуд. Интихобот бо рақобати ҳақиқӣ ҷараён меёфт ва тамоман ҳолати дигаре иттифоқ меафтод. Ҳама чиз ба роҳи дигар мерафт. Қонунҳо низ. Кишварҳои пешрафтаи демократиро гиред. Ҳамеша дар он ҷо се ё чаҳор ҳизби гуногун дар порлумонанд ва ҳеҷ кадоме беш аз 40 дарсади курсиҳоро надорад. Дар он ҷо ҳамеша зарур аст, ки бо мухолифон созиш кард.

Озодӣ: Худкомагӣ мисли ин ки як вижагии суннатии ҳукумати Русия аст. Шумо тавонистед, аз он парҳез кунед, аммо Путин ҳама чиро аз нав ба ҳолати пешина баргардонд. Сабаб чист?

Горбачев:
Ҳама чиз ба шахсе вобастааст, ки сари қудрат меояд.

Озодӣ:
Аз шахсияти инсон?

Горбачев:
Аз шахсият, хислатҳои шахсӣ, таҷриба. Таҷрибаи онҳо дигар аст. Идораи дастӣ. Бо истифода аз тарс. Боре Черкесов, раиси оҷонси зидди маводи мухаддиир гуфт, ки низоми чекистӣ сохта шудааст.

Озодӣ: Шумо ба ин ақида розиед?

Горбачев: Ба ҳар ҳол зӯроварии чекистҳо ҳаст. Ин дуруст нест. Муносибати ман ба онҳо хуб аст, ман худ қариб ба он доира меафтодам. Баъд аз донишгоҳ маро ба он ҷо даъват карда буданд.

Озодӣ: Шумо нарафтед.

Горбачев: На. Масъала ин нест. Соҳаи дигар ва ҳамеша пӯшидаву махфист. Оре, зӯроварии ниҳодҳои қудратӣ, ҳуқуқи бартари онҳо дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва аз лиҳози дахолат ба ҳаёти одамон ғайриқобили қабул аст. Як кори сарзиёдатист.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG