Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

WhatsApp, Skype, Instagram... $-$ ҷамъ шавад, миллиард шавад


Маҷаллаи амрикоии Forbe’s дар даҳгонаи пурмуштарии мессенҷерҳо дар шабакаи ҷаҳонии Интернет мақоми аввалро ба WhatsApp дод, на ба Skype.

Маҷаллаи амрикоии Forbe’s бо муаррифии 10 мессенҷери пурмуштарии Интернет менависад, инқилоби мобилӣ ба ин навъи барномаҳои табодули ахбор умури дубора ато кард ва шумори ҳарчӣ бештари корбарони смартфонҳо, ё “телефонҳои оқил”, ба истифода аз WhatsApp, Skype ё Viber бартарӣ медиҳанд, то ба СМС-ҳои маъмулӣ.

Forbe’s менависад, “ҳанӯз барвақт аст гуфтан, ки мессенҷерҳо СМС-ро куштанд. Вале аломатҳои аввали ин зоҳир шудаанд. Таҳлилгарони Strategy Analytics дар аввали январ хабар доданд, ки дар соли 2013 даромади ширкатҳои мобил аз ҳисоби ирсоли СМС ва ММС бори аввал дар таърих рӯ ба коҳиш оварда, 4 дарсад камтар шуд ва ҳамагӣ 104 миллиардро ташкил дод. Даромад аз ин ҳисоб то соли 2017 боз 20 дарсад кам мешавад. Бино ба маълумоти Deloitte, дар соли 2013 ирсоли СМС-ҳо дар Бритониё бори аввал коҳиш ёфт: бритониёиҳо 145 миллиард номаи катбӣ фиристодаанд, ки назар ба як соли қабл 7 миллиард камтар аст.

Дар айни замон, ба навиштаи маҷалла, шумори корбарони мессенҷерҳо, ки ба муштариён хидмати хеле арзонтар аз ширкатҳои мобил ва гоҳо ҳатто маҷҷонӣ пешниҳод мекунанд, босуръат меафзояд.

Овозхони эронӣ Нимо шояд аз ҳамин раванд илҳом гирифтааст, ки дар як таронаи чанд соли пешаш аз "ишқҳои интернетиву емайлӣ" мехонд:

Ишқҳо шуда интернетӣ, эмайлӣ,
Маҷнун шишта, чат мекунад бо Лайлӣ...


Forbe’s дар даҳгонаи маҳбубтарин мессенҷерҳо дар ҷои аввал WhatsApp-ро гузоштааст, ки соли 2009 аз тарафи Брайан Актон ва Ян Коум – кормандони собиқи Googe ва Yahoo – ҳамчун алтернатива ба СМС таъсис ёфта, дар 4 сол беш аз 400 миллион муштарӣ ҷамъ овардааст. Ин нахустин хадамаи муртабит бо шумораҳои мавҷуда дар телефонҳои мобил буд, ки соли аввал маҷҷонӣ ва баъдан бо ҳамагӣ 1 доллар пули обуна кор мекунад. Шабака ҳоло дар фикри густариши қаламрави ҳузураш буда, ба навиштаи Forbe’s, дар ин шабу рӯз тарҷумонҳо бо забонҳои туркӣ, фаронсавӣ, юнонӣ ва 25 забони дигар меҷӯяд.

Forbe’s менависад, ҳоло ба ин бозори ояндадор ғӯлҳое, чун Google ва Facebook, ҳам чашм ало кардаанд. Намояндагони бузургтарин шабакаи иҷтимоии дунё дар моҳи ноябр иқрор кардаанд, ки корбарони ҷавонашро аз даст медиҳад, чунки “насли ҷавон шаклҳои соддатари мукотиба – мессенҷерҳо ва барномаҳои табодули аксҳоро бартарӣ медиҳад.”

Facebook дар апрели соли 2012 Instagram - маъруфтарин пойгоҳи табодули аксҳоро харид ва ҳоло бо пешниҳоди пули зиёд ба дили муассиси Snapchat Эван Шпигел роҳ меҷӯяд. Facebook ҳамзамон дар дохили ин шабакаи иҷтимоӣ барномаи Facebook Chat-ро ҳам ба роҳ андохтааст, ки имкони табодули паёмҳои хаттӣ, аксҳо ва ҳатто наворҳои видеоиро фароҳам меорад. Ин шабака ҳамчунин ба пайравӣ аз Snapchat, ки паёмҳои ирсолшударо зуд нест мекунад, барномаи Facebook Poke сохт, вале чандон тарафдор пайдо накард.

Google мессенҷери худаш бо номи Hangouts-ро сохтааст, ки барио смартфонҳои муҷаҳҳаз бо барномаи Android аст. Ин барномаи Google нафақат имкони табодули паёмҳои катбӣ, балки имкони баргузории конфаронсҳои видеоиро низ фароҳам меорад, ки барои тадвири ҷаласаҳо ваё мизигирду анвоъи дигари сӯҳбатҳо дар матбуот шароит эҷод мекунад.

Forbe’s менависад, аз намояндагони насли аввали мессенҷерҳо, ки дар оғози асри 21 бозорро пур карданд, ҳоло шояд танҳо Skype мутмаинан рӯи пояш истодааст. Ин шабакаи сӯҳбатҳои арзон аз тариқи интернет, ки аз соли 2011 ба ширкати Microsoft тааллуқ гирифт, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 300 миллион корбар доштааст.

Ширкати Skype ҳанӯз дар соли 2003 аз сӯи Никлас Заннстрем аз Шветсия ва Янус Фриис аз Дания бунёд шудааст. Дар сохтани он барномасозони эстонӣ Аҳтӣ Ҳейнл, Прийт Казесалу ва Яан Таллинн ҳам ширкат кардаанд. Ин нахустин барномае буд, ки ба сӯҳбатҳои садоӣ такя кард, на мисли дигар мессенҷерҳои маъруфи он давра, танҳо ба табодули паёмҳои хаттӣ. Дар ниҳоят, шӯҳрати Skype ба ҳадде расид, ки Microsoft дар соли 2011 барои соҳиб шуданаш ба он 8,5 миллиард евро дод. Маблағе, ки дар таърихи харидҳои ин бузургтарин ширкати компутарии дунё собиқа надошту надорад.

Маҷаллаи амрикоӣ дар даҳгонааш ҳамчунин аз Line ситоиш кардааст, ки танҳо дар соли 2011 вориди бозор шуд, вале ин мессенҷери марбут ба як ширкати ҷопонӣ тавонист дар зарфи ҳамагӣ 19 моҳ шумори муштариёнашро ба 100 миллион нафар бирасонад. Барои муқоиса, Twitter ва Facebook барои расидан ба чунин муарра мутаносибан 49 ва 54 моҳ сарф карда буданд. Line танҳо дар семоҳаи сеюми соли гузашта 154 миллион фоида оварда, ҳоло 300 миллион муштарӣ дорад ва мехоҳад то 2 соли дигар ин рақамаро ба 500 ило 600 миллион бирасонад.

Мессенҷери WeChat, марбут ба Tencent, яке аз бузургтарин ширкатҳои интернетии Чин, ки аз соли 2011 ба ин сӯ 270 миллион тарафдорон гирд овардааст ва ҳоло ин шабака бо истифода аз хидматҳое, чун гузоштани паём то даме ки касе ба он посух диҳад, ё ларзондани смартфон ба хотири маълум кардани муштариёни дигаре, ки дар наздикӣ қарор доранд, қаламрави нуфузашро ба хориҷтар аз Чин тавсиъа медиҳад. Сеяки муштариёни кунунии WeChat дар хориҷи Чин, бештар аз ҳама дар Италияву Мексика ва Бразилия ба сар мебаранд.

Мессенҷери дигари пурмуштарӣ Viber, сохтаи сарбозони собиқи артиши Исроил Талмон Марко ва Игор Магазинник аст, ки аз соли 2010 ба ин тараф шумори корбаронашро ба 200 миллион расондааст.

Дар даҳгонаи Forbe’s ҳамчунин Kik, мессенҷере ки Тед Ливингстон дар соли 2007 барои ширкати BlackBerry сохта буду ҳоло BlackBerry аз ин тифли сохтааш даст кашидааст, бо 100 миллион муштарӣ, Snapchat, сохтаи Эван Шпигел бо 26 миллион муштарӣ ва ICQ – яке дигар аз “пирон”-и бозори мессенҷерҳо, ки ҳанӯз дар соли 1998 ба майдон омада, ҳоло ба миллиардерҳои Русия Алишер Усмонов ва Юрий Милнер тааллуқ дорад, зикр шудаанд.

Албатта, ICQ шукӯҳи қаблиашро аз даст додааст ва агар дар соли 2009 беш аз 47 миллион муштарӣ дошт, имрӯз аз он артиши бузург танҳо ҳудуди 12,5 миллион тарафдорашро ҳифз кардааст. Аммо ба навиштаи маҷаллаи амрикоӣ, агар давраи суъуди ситораи ICQ алакай пушти сар шуда бошад, ахтари Snapchat дар ин осмон тоза ҷавлон мекунад. Forbe’s менависад, ки раҳбарони Facebook ба Эван Шпигел барои ин шабакае, ки ибтидо танҳо дар чордевори донишгоҳи Стенфорд амал мекард ва ҳамакнун ҳар рӯз аз тариқаш беш аз 350 миллион паём радду бадал мешавад, 3 миллиард доллар ваъда кардааст. Ваъдае ки Шпигел феълан қабул надорад.
XS
SM
MD
LG