Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10-уми декабр - Рӯзи байналмилалии футбол


10-уми декабр ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол (World Football Day) таҷлил мешавад.

Дар ин рӯз дар саросари ҷаҳон мусобиқот ва чорабиниҳои мухталиф дар риштаи футбол барпо мегарданд.

Футбол дар Тоҷикистон аз солҳои 20-уми қарни гузашта роҳандозӣ шудааст. Соли 1937 аввалин мусобиқаи қаҳрамонии кишвар баргузор шуда буд. “Динамо”-и Душанбе аввалин дастаест, ки ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гаштааст. Ин даста, ҳамчунин, аввалин барандаи Ҷоми Тоҷикистон мебошад.

Соли 1992 Федератсияи миллии футболи Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 1994 ба узвияти AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ва ҳамон сол ба узвияти FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) пазируфта шудааст.

Шурӯъ аз соли 1992 дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мусобиқаи қаҳрамонии кишвар барпо мегардад. Аввалин қаҳрамони Тоҷикистон дар замони истиқлолият дастаи “Помир”-и Душанбе мебошад.

Ҳафт бор тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, себорӣ дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Варзоб”-и Душанбе, дуборӣ тимҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб, якбор дастаи “Динамо”-и Душанбе барандагони медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии кишвар шудаанд.

Дар Тоҷикистон барномаи давлатии рушди ин навъи олимпии варзиш дар кишвар барои солҳои 2012-2015 қабул шудааст.

Ба ин тартиб футбол ҳамчун варзиши рақами як дар Тоҷикистон бозии дӯстдоштаи ҳазорҳо кӯдакону наврасон ва ҷавонону бузургсолон гаштааст. Ба дастаҳои футболи кишвар пиру ҷавон мухлисӣ мекунанд.

Солҳои ахир дар кишвар занон низ ба футбол машғул мешаванд. Дастаи мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон соли гузашта барои аввалин бор дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё миёни духтарони то 19-сола ширкат кард.
XS
SM
MD
LG