Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 16-уми январ, дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия мусобиқаи XXIII-и байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015 оид ба футбол шурӯъ мешавад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) дар мусобиқаи XXIII байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015, ки аз 16-ум то 25-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, ширкат мекунад. Бозиҳо дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский» барпо мегарданд.

Маросими ифтитоҳи мусобиқа имрӯз соати 20.30 ба вақти Душанбе оғоз меёбад. Дар ин маросим ширкати Йозеф Блаттер, раиси ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол), дар назар аст. Вай дар доираи сафари худ ба Санкт-Петербург бо роҳбарони созмонҳои футболи миллӣ мулоқоти корӣ анҷом хоҳад дод.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо тимҳои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Литва ва Қазоқистон рақобат мекунад. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои Беларус, Туркманистон, Эстония, Финляндия ва ба гурӯҳи «В» тимҳои Молдова, Қирғизистон, Русия ва Латвия дохиланд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон нахустин бозиашро 17-уми январ бо тими Қазоқистон, бозии дувумашро 18-уми январ бо мунтахаби Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва бозии севумашро 20-уми январ бо дастаи Литва анҷом медиҳад.

Алишер Тухтаев, сармураббии мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21), пеш аз сафар ба Санкт-Петербург ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: “Вазифаи аввалини мо роҳ ёфтан ба даври баъдии мусобиқа мебошад. Фикр мекунам, мо барои иҷрои ин вазифа қудрат дорем. Зеро ки аксарияти бозигарони мо аз ин пеш дар Ҷоми Иттиҳод ширкат карда, таҷрибаи хуб касб намудаанд. Дар мавриди иҷрои вазифаи аввал, мо дар бораи нақшаҳои баъдина суҳбат хоҳем кард.”

Ба ҳайати мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон 19 футболбоз дохил аст: дарвозабонҳо - Дилшод Дадобоев («Эсхата»), Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»), ҳимоятгарон - Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»), Ойбек Абдуғаффоров (РТСУ), Саидхони Амрохон («Равшан»), Фирдавс Чақалов (ССКА «Помир»), Парвизҷон Ҳомидов («Хайр»), Дилшодҷон Каримов («Хуҷанд»), Бахтиёр Азимов («Энергетик»), нимҳимоятгарон - Ҷаҳонгир Алиев («Парвоз»), Вайсиддин Сафаров («Хуҷанд»), Фаридун Шарифов, Абдулло Саидов (ҳар ду аз ССКА «Помир»), Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Амирбек Ҷӯрабоев («Хайр»), ҳамлагарон - Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Фирӯз Раҳматов, Абдурасул Раҳмонов (ҳар ду аз «Регар-ТадАЗ»), Меҳроҷиддин Музаффаров («Хайр»).

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2015:

Гурӯҳи «А»: Беларус, Туркманистон, Эстония, Финляндия.

Гурӯҳи «В»: Молдова, Қирғизистон, Русия, Латвия.

Гурӯҳи «С»: ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ), Литва, Тоҷикистон, Қазоқистон.

16 январ (ҷумъа)

14:00 – Молдова – Қирғизистон

16:15 – Эстония – Финляндия

18:30 – Беларус – Туркманистон

21:00 – Русия – Латвия

17 январ (шанбе)

14:00 – ҶАҶ - Литва

16:15 – Тоҷикистон – Қазоқистон

18:30 – Финляндия – Туркманистон

21:00 – Эстония – Беларус

18 январ (якшанбе)

14:00 – Латвия – Қирғизистон

16:15 – Қазоқистон – Литва

18:30 – Тоҷикистон – ҶАҶ

21:00 – Русия – Молдова

19 январ (душанбе)

14:00 – Беларус – Финляндия

16:15 – Туркманистон – Эстония

18:30 – Молдова – Латвия

21:00 – Қирғизистон – Русия

20 январ (сешанбе)

14:00 – ҶАҶ – Қазоқистон

16:15 – Литва – Тоҷикистон

21 январ (чоршанбе)

1/4 финал

14:00 – 1А – 3В/3С

16:15 – 2B – 2С

18:30 – 1С – 2А

21:00 – 1В – 3А/3С

22 январ (панҷшанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои за 9-12-ум

18:30 – 4А – 4С

21:00 – 4В – 3А/3В/3С

23 январ (ҷумъа)

14:00 – Бозӣ барои ҷойи 5-8-ум

16:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-8-ум

18:30 – Нимфинал

21:00 – Нимфинал

24 январ (шанбе)

18:30 – Бозӣ барои ҷойи 11-ум

21:00 – Бозӣ барои ҷойи 9-ум

25 январ (якшанбе)

13:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум
15:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум
17:30 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм
21:00 – Финал

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG