Пайвандҳои дастрасӣ

Офати табиӣ даҳҳо нафарро дар Айнӣ бехона кард


Рустои Марзич дар минтақаи аз назари экологӣ хатарнок ҷойгир аст.

Рустои Марзич дар минтақаи аз назари экологӣ хатарнок ҷойгир аст.

Даҳҳо нафар аз сокинони деҳаи кӯҳистонии ноҳияи Айнӣ аз тарси хароб шудани хонаҳояшон бар асари сел шабро дар берун зери осмони боз сипарӣ мекунанд. Яке аз сокинони рустои Марзич шаби 5-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски борон меборад ва хатари такрори сел вуҷуд дорад, онҳо аз тарс ба кӯҳ баромадаанд ва маҷбуранд, шабро дар берун рӯз кунанд.

Шоиста Ҷабборова, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар мактаби Марзич, ки зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ мегирист, гуфт: "Рӯз надорем, ҳол надорем, дар кӯчаҳо, дар кӯҳҳо зери борон мехобем..."

Вай афзуд, дар натиҷаи сел ва ҷорӣ шудани омехтаи гилу санг шаш хона ва пуле, ки русторо ба маркази ноҳия мепайвандад, вайрон шудааст. "Мо дар ҳамон тагоб қариб 5 акаву додар зиндагӣ мекунем, ба хонаҳоямон зарар расид, ҳам аз таҳ, ҳам аз боло ва ҳам аз миёна аз се тараф сел зада истодааст, имконияти ягон тараф рафтан надорем, на тарафи Душанбе, на тарафи Хуҷанд ва на тарафи кӯҳ," - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ айни замон тақрибан 70 нафар дар кӯҳ хобанд ва дар байни онҳо кӯдакони навзод низ ҳаст.

Баъзе аз мардуме, ки хонаҳояшон дер селроҳа қарор дорад, дар хонаи сокинони дигари русто ва дар ҷойҳои бехатар паноҳ бурдаанд. Шоиста Ҷабборова гуфт, ки маъмурони наҷот ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба маҳалли ҳодиса омада, маҷрои рӯдхонаеро, ки сангу шағал баста буд, таркониданд, то об хонаҳои мардумро зер накунад, вале маҷрои сел қатъ нашудааст.

Шоиста Ҷабборова шикоят кард, ки мақомот ба додашон намерасанд ва хост, ба ин мардуми осебдида ҳарчӣ зудтар кумак кунанд, зеро онҳо аз тамоми молу бизоаташон маҳрум хоҳанд шуд.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар воқеъ дар ноҳияи Айнӣ фалокати табиӣ рух додааст, вале касе дар онҷо осеб надидааст. "Мо маълумот гирифтем, ки субҳи 5-уми июл дар деҳаи Марзич дар ҷамоати Анзоб дар ноҳияи Айнӣ барфҳои баландкӯҳ об шудааст ва ҳамроҳ бо борон сел ба вуҷуд овардааст. Дар натиҷа як купрӯки деҳа ва 500 метр роҳи маҳаллӣ, як бунгоҳи тиббӣ зарар дидаанд," - гуфт Сунатулло Мирзоев, майор ва навбатдори кумита.

Ба гуфтаи ӯ, сел сангу рег оварда, маҷрои рӯдхонаеро, ки аз пеши деҳа мегузарад ва онро селроҳа меноманд, бастааст ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳамроҳ бо кормандони як ширкати роҳсозӣ ба маҳалли ҳодиса рафта, бо таркиш маҷрои селроҳаро боз карданд. Сунаттулло Мирзоев афзуд, кумисюни махсус ва раҳбарони кумита корҳои рафъи паёмади офати табииро назорат мекунад.

Роҳи деҳа низ вайрон шудааст.

Роҳи деҳа низ вайрон шудааст.

​Яке аз сокинони рустои Марзич, аз тариқи Вайбер ба Радиои Озодӣ чанде аз аксҳоро аз деҳа фиристод, ки рустои зери об монда ва баъзе аз хонаҳои зарардидаро нишон медиҳанд. Дар Тоҷикистон, ки 93 дар сади қаламравашро кӯҳистон ташкил медиҳад, солона даҳҳо селу обхезӣ ва заминларза рух медиҳад ва чандин нафар ҳам ҳалок мешаванд. Хисорот аз офатҳои табиӣ дар саросари Тоҷикистон дар ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ имсол миллионҳо долларро ташкил дод.

XS
SM
MD
LG