Пайвандҳои дастрасӣ

Панҷ корманди ширкати обу корези шаҳри Қӯқанд, ки аввали моҳи гузашта хишти тилоии 13,5-килоӣ ёфтанд, ҳанӯз ҳаққи худро аз ин ганҷ нагирифтаанд.

Коргарони ширкати обу корези Қӯқанди Узбакистон, ки аввали моҳи июн, ҳангоми иваз кардани лӯлаҳои обу партов дар бахши қадимии шаҳр як хишти тило ёфтанд, мегӯянд, ҳамоно интизори ҳаққи худанд. Ин хишт, ки 13,5 килограм аст, 750 ҳазор доллари амрикоӣ нарх дорад ва бино бар қонун давлат бояд 25 дарсади онро ба касоне тақдим кунад, ки ганҷро ёфтаанд. Яъне ҳар яке аз ин панҷ коргари обу корез бояд 50-ҳазордолларӣ инъом гиранд.

Яке аз онҳо, ки нахост, номаш гуфта шавад, ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт: “Тилло ба давлат супурда шуд. Гуфтанд, ки мо бояд мукофот гирем, яъне 25 дарсади нархи ҳамин тиллоро. Медиҳем, мегӯянд.”

Хишти заррине, ки аз зери замин ёфт шуд, ба оғози садаи бистум нисбат дорад. Яке аз раҳбарони ширкати обу корези Қӯқанд ба Озодӣ гуфт, воқеа рӯзи 19-уми июн рух дод: “Дар қисми шаҳри кӯҳнаи Қӯқанд, дар паси театри Ҳамза коргарони мо лӯлаҳоро иваз мекарданд. Онҳо заминро бо экскаватор мекофтанд. Яке аз онҳо Қобил-ака вақте ба хандақ медарояд, як чизи шубҳаоварро мебинад. Онро аз зери хок мебрун мекашад, ҳарчанд атрофаш гил гирифта буд, гӯшаҳояш медурахшид. Маълум мешавад, ки хишти тиллоист. Дар рӯяш навиштаҳое низ дорад. Бурда, ба ниҳодҳо супурдем. Аз ҳамон як миқдорашро ба коргарон медиҳанд.”

Кормандони умури дохилии Қӯқанд мегӯянд, хишти тилло ба хадамоти амнияти давлатӣ дар вилояти Фарғона супурда шуда, аз идомаи қазияи хабаре ба онҳо нарасидааст. Аммо намояндагони раёсати умури дохилии Қӯқанд бар инанд, ки кашшофони ганҷ ҳатман ҷоиза хоҳанд гирифт. Дар раёсати Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон дар вилояти Фарғона аз шарҳи ин масъала худдорӣ карданд.

Хабари кашфи хишти тиллоӣ дар Қӯқанд ва сурати он ба воситаи телефонҳои ҳамроҳ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва зуд паҳн шуд. Акнун ҳазорон нафар аз корбарони ин шабакаҳо интизоранд, ки ҳукумати Ӯзбакистон дар мавриди кашшофони хишти тиллоӣ чӣ гуна амал хоҳад кард. Бино бар қонунҳои ин кишвар ҳар шахсе, ки хазина ё ганҷеро ёфт, вазифадор аст, онро ба давлат супорад. Ҳамин қонун замонат медиҳад, ки кашшофони ганҷ 25 дарсади онро мегирад. Ин қонун аз замони Иттиҳоди шӯравӣ боқӣ мондааст.

Хишти тиллоие, ки дар Қӯқанд ёфт шуд, 13,5 килограм вазн дошта, нархи он 750-800 ҳазор доллари амрикоӣ шумурда мешавад. Агар қонун нисбати коргарони ширкати обу корези Қӯқанд риоят шавад, ҳар яки онҳо ба камияш 30 ҳазор доллар ҷоиза хоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG