Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони қазоқ як шикорчии моҳиро дар Хазар ба қатл расонданд


Марзбонони Қазоқистон дар ҷараёни амалиёте бар зидди шикорчиёни ғайриқонунии моҳӣ дар обҳои Дарёи Хазар як шаҳрванди Русияро ба қатл расонданд ва як нафари дигарро захмӣ кардаанд.

Рӯзи сешанбе Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон гуфт, ки марзбонон ба сӯи 8 қоиқ оташ кушодаанд, то онҳоро боздошт кунанд, зеро қоиқнишинон аз расидагӣ ба қоиқҳояшон сарпечӣ кардаанд. Баъд аз оташ ду қоиқро боздошт кардаанд, вале қоиқҳои дигар ба обҳои қаламрави Русия фирор намудаанд.
XS
SM
MD
LG