Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон барф борид


Шаби чаҳоршанбе ба панҷшанбе барои бори аввал дар фасли зимистони имсола, дар аксари манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Душанбе барф борид.

Масъулони Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон гуфтаанд, ки имшаб ба ҷуз вилояти Бадахшон, дар дигар манотиқи ин кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе имсол бори нахустин барф борид.

Ҷамила Байдуллоева, сардори бахши Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 10 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “барфи нахустин дар шаҳри Душанбе ва дигар манотиқ борид, ки барфи тар аст”.

Аммо ба гуфтаи хонум Байдуллоева, “бориши барф, ки ҳамчунон дар аксари қаламрави Тоҷикистон ҳанӯз ҳам идома дорад, дар вилояти Бадахшон наборидааст”.

Ба таъкиди хонум Байдуллоева, “тибқи пешгӯиҳо, бориши барф дар қаламрави Тоҷикистон то поёни рӯзи 11 декабр идома хоҳад кард."

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо вуҷуди резиши барф дар аксари манотиқи кишвар, роҳҳои иртиботӣ ба пойтахти Тоҷикистон ва ҳамин тавр ба шимолу ҷануб боз аст ва ниҳодҳои масъул сари вақт роҳҳоро аз барф тоза хоҳанд кард.

Дар Душанбе барф борид
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:08 0:00

XS
SM
MD
LG