Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонистон: Пешсафии доктор Абдуллоҳ ва истиқболи Аҳмадзай


Ашрафғанӣ Аҳмадзай, номзади раиси ҷумҳури Афғонистон шоми дирӯз, 13-уми апрел дар як нишасти хабарӣ аз натиҷаи нахустини интихобот, ки дар он Абдуллоҳ Абдуллоҳ пешсаф аст, истиқбол кардааст.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳамчунин аз Коммисияи мустақили интихоботи ин кишвар хостааст то шумориши боқи раъйҳоро ба таври солим ба анҷом расонанд ва натиҷаи онро эълон кунанд.

Нахустин натоиҷи интихоботи Афғонистон ҳокист, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҷои аввал ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар мақоми дувум қарор доранд.

Нахустин натоиҷи интихоботи Афғонистон, ки рӯзи 13 апрел нашр шуд, нишон медиҳад, ки вазири собиқи умури хориҷаи Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҷои аввал қарор дорад, вале аз рақиби асосиаш - вазири собиқи молия Ашрафғанӣ Аҳмадзай - танҳо андаке пеш гузаштааст.

Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон (КМИ) рӯзи якшанбе, 13 апрел, хабар дод, ки баъд аз баршумурдани даҳ дар сади раъйҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар 26 вилоят аз 34 вилояти ин кишвар, Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо дарёфти 41,9 дар сади овозҳо пешсаф аст. Ашрафғанӣ Аҳмадзай, собиқ вазири молияи Афғонистон, ба дарёфти 37,6 дарсади раъйҳо даст ёфтааст.

Вазири дигари хориҷаи пешин Зулмай Расул, ки гуфта мешавад, аз пуштибонии раисиҷумҳури феълӣ Ҳомид Карзай бархӯрдор аст, бо ҳамагӣ 9,8 фоизи оро дар мақоми севум қарор гирифтааст.

Аҳмадюсуф Нуристонӣ, раиси Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон гуфтааст, “ман мехоҳам рӯшан кунам, ки натиҷаҳои раъдиҳӣ метавонанд тағйир ёбанд, зеро ин натиҷаи ниҳоӣ нест.”

Бо вуҷуди таҳдидҳои ҷангиёни Толибон, дар интихоботи рӯзи 5 апрели раёсатҷумҳурӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ беш аз 7 миллион аз 12 миллион мардуми соҳиби раъй дар Афғонистон овоз доданд. Барои курсии раисиҷумҳури Афғонистон 8 номзад сабқат карданд.

Интизор меравад, шумориши орои интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон то 24 апрел идома ёфта, натоиҷи муқаддамотиаш ҳамон рӯз нашр шавад. Агар касе дар даври аввал беш аз 50 дарсади ороро ба даст наорад, ду номзади пешгом дар поёни моҳи май дар даври дувум бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Барандаи ин маърака дар Арки раёсатҷумҳурии Кобул ҷойгузини раисиҷумҳури кунунӣ Ҳомиди Карзай хоҳад шуд, ки бо пушти сар кардани ҳарду давраи мумкини панҷсолаи раёсат ҳаққи пешбарии номзадиаш дар интихоботи имсоларо надошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG