Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сӯх - чашмбароҳи нахустин корвони кумакҳо


Яке аз мошинҳои омодаи ҳаракат ба Сӯх дар ноҳияи Риштон

Яке аз мошинҳои омодаи ҳаракат ба Сӯх дар ноҳияи Риштон

Мақомоти вилояти Бодканди Қирғизистон рӯзи 23 январ хабар доданд, ки интиқоли кумакҳои башарӣ ба ҷазирақаламрави Сӯхро иҷозат додаанд.

Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё ин корвони иборат аз тақрибан 21 мошин оё кай роҳии Сӯх мешавад?

Ҷониш Раззоқов, волии Бодканд ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, "роҳи Сӯх дер ё зуд ҳатман дубора боз хоҳад шуд. Ин ҷазирақаламрав аст ва тибқи қонунҳои байналмилалӣ, ҷазирақаламрав бояд ҳатман як роҳи дастрасӣ дошта бошад. Мо ҳоло бо мардуми худ кор бурда истодаем ва мардум моро дарк мекунанд. Мошинҳо метавонанд аз гузаргоҳи Қизилқалъа убур кунанд. Роҳҳои мо бозанд ва мо метавонем амнияти онҳоро таъмин кунем."

Бо ин ҳол, Баҳодур Элибоев, як ҳомии ҳуқуқ дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, 21 мошини ҳомили маводи сӯхту хӯрокворӣ ва дорувору маҳсулоти дигари мавриди ниёзи аввал, ки дар марзи ин ноҳия бо Қирғизистон банд шуда буд, рӯзи 23 январ ҳам натавонист роҳии Сӯх шавад. Ба гуфтаи ин манбаъ, як издиҳоми бузург дар рустои марзии Бургондуи Қирғизистон дар роҳи ин корвон аз санг девор бардошта, калтакҳо дар даст монеъи ҳаракати корвони ёриҳои башарӣ шудаанд. Аммо мақомоти қирғиз ин иддаоро радд мекунанд. Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Ҷониш Ҳайдаров ҳам баъди бозгашт аз Бургонду гузориш додааст, ки дар он ҷо издиҳоми иборат аз тақрибан 20 нафарро дидааст, вале касе аз онҳо санг ё калтак надошт. Дар маъмурияти вилояти Бодканд ҳам ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтаанд, омодаанд, амнияти корвони ёриҳои башариро дар роҳ то Сӯх таъмин кунанд.


Харитаи Сӯх

Харитаи Сӯх

Равуо ба ҷазирақаламрави Сӯх, ки аз чор сӯ дар иҳотаи вилояти Бодканди Қирғизистон қарор дорад, баъди задухӯрдҳои рӯзҳои 5-6 январ байни сокинони Сӯх ва марзбонони қирғиз қатъ шудааст. Ин даргириҳо дар пайи ба насби сутунҳои барқ дар гузаргоҳи марзии Чорбоғ иқдом кардани марзбонҳои қирғиз оғоз ёфт ва издиҳоми башӯромада то 30 қирғиз ва 6 сокини Сӯхро гаравгон ҳам гирифт.

Гаравгонҳо ҳамагӣ рӯзе баъд раҳо ёфтанд, вале ҷониби Қирғизистон ҷуброни хисороти расида дар ҷараёни даргириҳои марзиро шарти ифтитоҳи дубораи роҳи Сӯх номид. Сокинони ин минтақа мегӯянд, ки мақомот барои пардохтани ин товон аз ҳар хонавода ва аз ҳар тоҷири маҳаллӣ алоҳида пул меситонанд. Аҳолии Сӯх ҳамин тавр, мегӯянд, ба иллати баста шудани марз дар ин минтақа маводи сӯхт ва ғизо камчин шуда, нархи маҳсулот дар бозорҳо башиддат боло рафтааст.

Бино ба хабарҳо, ҷониби Узбакистон аз мақомоти Бодканд боз кардани роҳ барои интиқоли 21 мошин кумаки оҷил ба мардуми Сӯхро дархост кардаанд. Сухангӯи волии Бодканд ба Озодӣ гуфт, ироаи иҷозат барои ҳаракати ин корвон як аломати “ҳусни ният”-и ҷониби Қирғизистон ба хотири оддӣ сохтани вазъи танишомез дар атрофи ин ҷазирақаламрави Узбакистон буд ва онҳо ин пешниҳодро алакай ба он ҷониб ироа карда, ҳоло дигар мунтазиранд, ки нахуст корвон аз Узбакистон кай ба самти Сӯх ҳаракат хоҳад кард?

Дар ҳамин ҳол, аҳолии аксаран қирғизи ҷазирақаламрави Барақ, ки дар 1,5 километр умқи қаламрави вилояти Андиҷони Узбакистон воқеъ аст, шикоят доранд, ки ин минтақа ҳам дар пайи баста шудани марзҳо низ дар ҳолати инзивоъ қарор гирифта, маводи сӯхт ва ғизо дар Барак хеле камчин шудааст. Алмос Каримов, як сокини Барақ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, онҳо маъмулан аз бозори Қаросӯи вилояти Ӯш харид мекарданд, вале ба маҳзи баста шудани роҳи транзитӣ дар банд мондаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто донишҷӯёне, ки таътил омада буданд, дигар баргашта наметавонанд.

Дар Барақ, ки танҳо ҷазирақаламрави Қирғизистон аст, тақрибан 1000 нафар ба сар мебаранд. Як манбаъ дар маъмурияти вилояти Ӯши Қирғизистон гуфтааст, ки гӯё мақомоти Узбакистон барои кушодани роҳи Барақ боз кардани роҳи Сӯхро шарт гузоштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG