Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сӯхтори як маъбад дар Ҳинд беш аз 100 нафар ҳалок шуданд


Бинобар гузоришҳо, бар асари cӯхтор дар як ибодатгоҳ дар ҷануби Ҳиндустон беш аз 100 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи гузоришҳо, шаби 9 ба 10-уми апрел дар як ибодатгоҳ дар иёлати Кералаи Ҳиндустон оташсӯзи рух дод, ки дар натиҷа беш аз 100 нафар ба ҳалокат расидаанд. Давоми чанд соати гузашта, шумораи қурбониёни ин ҳодиса рӯ ба афзоиш будааст.

Шабакаи NDTV-и Ҳиндустон мегӯяд, ки то субҳи рӯзи якшанбе шумораи қурбониён ба 90 тан расид буд. Indian express хабари ҳалокати 102 нафарро нашр кардааст. Ҳади ақал 250 нафари дигар низ дар ин воқеа -- дар маросими соли нави ҳиндуҳо, захмӣ шудаанд. Бархе манбаъҳои хабарӣ шумораи захмишудагонро 350 нафар гуфтаанд.

Рӯзҳои ахир миллионҳо шаҳрванди Ҳиндустон барои ниёиш ва анҷоми маросими соли нав дар маъбад ва ибодатгоҳҳо дар ҷануби ин кишвар гирдищам омадаанд. Ба назар мерасад, ки сабаби сӯхтор, таркидани маводи оташгирандаи омодашуда барои маросими ин ҷашн будааст. Ин маъбад Путтиргал ном дорад ва дар минтақаи Паравури иёлати Керала ҷойгир аст.

Хабаргузориҳо навиштанд, ки нерӯҳои имдодрасон ва пулис тамоми шаб машғули кӯмакрасонӣ ба осебдидагон ва берун овардани афрод аз ҷои сӯхтор будаанд.

НАВОР АЗ ЮТЮБ

XS
SM
MD
LG