Пайвандҳои дастрасӣ

Дар пайи моҷаро миёни гурӯҳе аз ҷавонон дар ҷамоати “Изатулло Ҳалимов”-и ноҳияи Нуробод, чор нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Бар асари моҷаро миёни иддае аз ҷавонон дар ноҳияи Нуробод, чаҳор нафар захм бардоштаанд. Ин ҳодиса рӯзи шанбеи 21 март дар рустои Сари ҷӯйи ҷамоати ба номи “Изатулло Ҳалимов”-и ноҳияи Нуробод, ҳангоми баргузории ҷашни Наврӯзи маҳаллаҳои ин минтақа, сар задааст.

Сафаралӣ, як сокини рустои Яхчи ҷамоати ба номи “Иззатулло Ҳалимов” рӯзи душанбеи 23 март зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар чорчӯби баргузори наврӯзии байни маҳаллаҳо, бозиҳои мухталифи миллӣ ва варзишӣ, аз ҷумла волейбол низ сурат гирифт, ки дар ҷараёни ин бозӣ, яке аз ҷавонон бо номи Эраҷи Тоҷиддин, ки аз дигар русто буд, бо ҷавонони рустои Яхч хархаша карда ва дар ниҳоят кордзанӣ намуд ва чор нафарро захмӣ кард. Ба гуфтаи ин сокини рустои Яхч, ҷавонони дар моҷаро дастдоштаро нафарони тамошобин аз ҳам ҷудо карда ва захмбардоштагонро ба бемористон мунтақил карданд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Нуробод низ вуқӯи ҳодисаи кордзанӣ дар рустои “Сари ҷӯй”-и ин ноҳияро тасдиқ карданд. Яке аз масъулони бахши навбатдории шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Нуробод, ки нахост номаш ифшо шавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи шанбе наврӯзии байни маҳаллаҳои ҷамоати ба номи “Иззатулло Ҳалимов”-и ноҳия дар рустои “Сари ҷӯй” баргузор шуд, ки миёни як идда ҷавонон дар бозии волейбол хархаша сурат гирифт ва ба кордзанӣ анҷомид.

Ба гуфтаи ин манбаъ, чанд ҷавон низ аз рустои Яхч дар пайи ин кордзанӣ ҷароҳат бардоштанд. Ин манбаъ таъкид кард, ки нисбати ин ҳодиса парванда боз шуда ва тафтишоти он дар ҳоли ҳозир аз ҷониби шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия ҷараён дорад. Масъулони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Нурообод аз ироаи ҷузъиёти бештари моҷарои кордзанӣ дар наврӯзии “Сари ҷӯй” худдорӣ карданд. Аммо ба гуфтаи сокинони рустои Яхч, Эраҷи Тоҷиддини 22-сола, ки дар сар задани ин моҷаро даст дорад, дар гузашта низ муртакиби ҷиноят ва зиндонӣ ҳам шудааст.

Дар ҳоли ҳозир яке аз чор ҷавоне, ки дар пайи кордзанӣ дар Нуробод захм бардоштааст, дар бемористони ноҳия таҳти муроқибати пизишкон қарор дорад. Фаррух Сайфуллоев, падари Сарфароз Сайфуллоев, яке аз чор ҷавоне, ки дар ҳодисаи кордзанӣ дар рустои “Сари ҷӯй” ҷароҳат бардоштааст, рӯзи душанбеи 23 март зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “он рӯз пас аз ин ҳодиса, ҳар чор нафар захмбардоштагон ба бемористон оварда шуданд, ки се нафари онҳо ҷавоб шуда ва танҳо писари ман Сарфароз таҳти назорати пизишкон аст.”

Ин мард, ки сокини рустои Яхчи ноҳияи Нуробод аст, гуфт, рӯзи шанбе ҷавонони маҳаллаҳои ҷамоати ба номи “Иззатулло Ҳалимов” дар рустои “Сари ҷӯй” ба муносибати Наврӯз бозиҳо ташкил карданд. Ҳангоми бозии волейбол моҷаро сар зада ва Эраҷи Тоҷиддин, аз рустои “Деҳи кӯҳна”, ки доварии ин бозиро бар дӯш дошт, чор ҷавон-Сарфароз, Субҳон, Меҳроб ва Сомонро аз пушт, ба қисмати поёни камарашон бо корд задааст. Ба гуфтаи ҷаноби Сайфуллоев, Эраҷ дар дасташ ҳам дубинка ва ҳам корд доштааст.

Фаррух Сайфуллоев, ки аз бемористони ноҳияи Нуробод сӯҳбат мекард, гуфт, “писарам Сарфароз хуни зиёдеро аз даст додааст ва ба гуфтаи пизишкон ҳоло дар баданаш танҳо 49 дар сади хун боқӣ мондааст. Рафта аз Ғарм хун овардам ва имрӯз ҳолаш каме беҳтар аст. “

Ба гуфтаи ҷаноби Сайдалиев, Сарфароз ҳамроҳи Субҳон ва Мероб, донишҷӯни соли аввали Донишгоҳи давлатии Ғарм буда ва Сомон дар синфи 9-и мактаби рустои Яхч таҳсил мекунад. Ҷаноби Сайдалиев гуфт, пас аз ҳодисаи кордзанӣ Эраҷи Тоҷиддин аз сӯи пулис боздошт шуда ва ҳоло дар боздоштгоҳи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Нуробод қарор дорад. Фаррух Сайдалиев аз кӯмаку мусоидати пизишкони нурободӣ изҳори сипос кард ва гуфт, умедвор аст, то писараш ҳар чӣ зудтар шифо ёбад.

Зимнан, ҷамоати “Изатулло Ҳалимов”, ки рустоҳои Яхчу Сари ҷӯй ва ғайраро муттаҳид мекунад, аз ҷамоатҳое аст, ки дар ноҳияи қадимии Комсомолобод, ҳозира Нуробод, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон воқеъ мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG