Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

К.Шарифов: Ҳомии муҳоҷирон ё мухолифи давлат?


Каромат Шарифов ҳангоми сӯҳбат дар студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе
Каромат Шарифов ҳангоми сӯҳбат дар студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе

Раиси "Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия" пас аз 13 соли ғурбат барои аввалин бор ба Тоҷикистон омад.

Аз соли 2001 ба ин сӯ вай ба унвони як мудофеи ҳуқуқи башар дар Маскав барои ҳимоят ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони кории тоҷик даст ба фаъолият зад.

Аммо чаро тӯли ин ҳама солҳо ӯ наметавонист аз зодгоҳаш дидан кунад, чи мушкилӣ вуҷуд дошт?
Ҳоло, ки ман инҷо ҳастам касе ба ман кафолате ҳам надода буд. Ман ҷуръат карда ин ҷо омадам...


Каромат Шарифов: Сабаби наомадан ва ё то ба имрӯз набудани ман дар ватан ба ҳама, аз ҷумла ба роҳбарони давлати Тоҷикистон маълум аст. Шояд ахбори дуруст намерасид. Муддати дароз як қувваи бузург аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ мубориза бурданд, ки гӯё Каромат Шарифов ҳамчун тоҷик хиёнаткор аст. Ин афрод дар вазорати корҳои дохилӣ ва дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон кор мекунанд. Ин афрод ҳамин гуна маълумотро паҳн карданд. Сабаби наомадани ман ба ватан хафв аз тарафи намояндаи давлат буд. Онҳо ба бародарони ман, ки инҷо буданд ҳар гуна фишорҳо меоварданд. Онҳоро маҷбур карда буданд, ки зери кадом як ҳуҷҷатҳо имзо гузоранд, ки оё ман дар Файзобод ҳастам ё на. Ба ин монанд хабарҳо ҳар рӯз ба ман мерасиданд. Аммо аз тарафи намояндаи ВКД-и Тоҷикистон дар Русия, ки ман
Каромат Шарифов (рост) ва Абдуқаюми Қаюмзод (чап)

муроҷиат мекардам чорае дида намешуд. Баръакс, рӯз аз рӯз вазъият бадтар шуд ва на танҳо ба ман, балки ба аъзои Шӯрои ҳамоҳангии ҷунбиш низ фишоровариҳо зиёд шуданд. Падари як ҳамкори мо дар Хуҷанд ҳатто бемор мешавад, ки чаро писари ман бо Каромат Шарифов кор мекунад.

"МУХОЛИФИ ДАВЛАТ"

Озодӣ:
Яъне аз Шумо ба унвони як мухолифи давлат чеҳра сохта буданд?

Каромат Шарифов: Бале, фикр мекунам ҳамин тавр аст. Ба фаъолият пардохтани мо ва ба муҳоҷирон кӯмак кардани мо барои онҳо як хафв эҷод карда буд. Ман чунин эҳсос мекардам, ки барои намояндагони кишвари мо, ки аз тарафи давлат ба Русия фиристодашуда буданд, дастгирии муҳоҷирон чандон лозим набуд. Баръакс барои онҳо як номуназзамӣ ва як беназоратӣ лозим буд. Вақте, ки роҳбари давлат соли 2008 ба Русия омад, ман ҳамсӯҳбат шудам бо мушовири дуввуми сафири Тоҷикистон ва пурсидам, ки чаро дар рӯйхат мо нестем. Гуфт бародар хафа нашавед, ин рӯйихатро ВКД-и Тоҷикистон тартиб додааст. Онҳо Додоҷон Атовуллоев, Ҳоким Муҳаббатов, Бӯрӣ Каримов, Хуршеда Ҳамроқуловаро гурӯҳи оппозитсионӣ муаррифӣ карданд. Баъдтар дар рӯзномаҳои Тоҷикистон мақолае нашр шуд, ки гӯё Каромат Шарифов яке аз ҷинояткорон аз 201-ум дивизияи Русия аст. Худ қазоват кунед, ки ҷиноят соли 1996 содир шудааст ва давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол то ба ин дам аз он хабардор набудааст? Агар ҳамаи роҳбарони созмонҳои иҷтимоиро мухолиф хонем, пас, онҳо ҳам дигар ҳамин тавр ҷавоб медиҳанду бо давлат ҳамкорӣ намекунанд ва ниҳоят оппозитсия хоҳанд шуд, ки ин дигар табиист. Ҳоло, ки ман инҷо ҳастам, касе ба ман кафолате ҳам надода буд. Ман ҷуръат карда ин ҷо омадам. Пеш аз омаданам ман бо мардуми дохили Тоҷикистон, бо дӯстонам дар Русия маслиҳат кардам, онҳо гуфтанд рафтани Шумо ба Тоҷикистон ҳеҷ хатаре надорад.

Озодӣ: Аммо ба ҳар сурат шумо ҳоло дар Душанбе ҳастед. Пеш аз омадан ба Тоҷикистон бо мақомоти кишвар гуфтугӯ доштед ва ё ин, ки худ тасмим гирифтед, ки ба ватан оед?

Каромат Шарифов: Аслан далели омадани ман ба Душанбе қарори Шӯрои ҳамоҳангии «Ҷунбиши муҳоҷирати корӣ» аст. Мебоист дар як мурофиаи додгоҳӣ дар шаҳри Душанбе ба унвони ҳомии ҳуқуқи башар ширкат мекардам. Агар ошкортар бигӯям, ман дар мурофиаи додгоҳие, ки рӯзноманигори маскавӣ Лилия Бутко алайҳи генерал-майор Ҷӯрахон Зоиров ва Шариф Ҳамдамов, муассиси нашрияи «Крим-инфо» ва сайти “Pressa.tj”- шикоят карда буд, ширкат меварзидам. Аммо дар ду навбати баҳси додгоҳӣ ин ҷанобон дар додгоҳ ҳозир нашуданд. Ба ин тартиб бар асоси ин қарори Ҷунбиш бояд рӯзи 28-уми июн дар Душанбе мешудам. Рӯзи 27-уми июн дар рӯзи ҷашни Ваҳдат иштирок кардам. Бегоҳи рӯзи 26-ум ман ба ташкилкунандаҳои ҷашни Рӯзи ваҳдат пешниҳод кардам, ки мехоҳам дар он иштирок намоям. Ин пешниҳод қабул шуд.

Озодӣ: Шумо нияти ташкили намояндагии «Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия»-ро дар Тоҷикистон доштед, оё дар ин замина бо мақомот сӯҳбат баргузор шуд?

Каромат Шарифов: Нашуд. Вале чун рӯзҳои наздик ман ба Маскав бармегардам, бовар дорам, ки бо сафорати Тоҷикистон дар ин бора сӯҳбат мешавад. Ифтитоҳи намояндагиҳои «Ҷунбиш» дар шаҳрҳои калони Тоҷикистон -- Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ муҳим ва муфид аст. Зеро муҳоҷироне, ки дар ғурбат ҳастанд бисёр мехоҳанд, ки ба онҳо дасти мадад дароз кунем.

НАМЕХОҲАНД, КИ БО МО САРИ ЯК МИЗ НИШИНАНД

Озодӣ:
Ба ҳангоми таъйини бархе аз масъулони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон президент таъкид кард, ки бо диаспораҳо ва созмонҳои иҷтимоии тоҷикон дар Русия ҳамкорӣ дошта бошанд. Оё ин ҳамкорӣ ба мушоҳида мерасад?

Каромат Шарифов: Афсӯс, ки ҳамкорӣ нест. Сафиалло Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷират, бояд, ки ин корҳоро дар рӯзи дуввуми фаъолияташ сар мекард. Ҳоло моҳи июл аст ва то ба имрӯз бо ҳеҷ яке аз ҷамъиятҳои тоҷикон вохӯрӣ доир накардааст. Ягона ҷамъияти тоҷикон дар Русия, ки фаъолияти босамар анҷом медиҳад, Ҷунбиши муҳоҷирон аст. Онҳо намехоҳанд, ки бо мо дар сари як миз бишинанд. Мо омода ҳастем, ки бо Хадамот ҳамкорӣ намоем. Аммо ба фикри ман нафаре, ки имрӯз намояндаи ин Хадамот дар Русия таъйин шуд аз хатоии сиёсати кадрӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳо шаҳодат медиҳад. Муҳоҷирони тоҷик бо онҳое бояд кор кунанд, ки дар Русия кору зиндагӣ карда, аз мушкилоти муҳоҷирон дар ин кишвар тасаввуроту маълумоти мукаммал дошта бошад.

Озодӣ: Баъд аз он, ки Хадамоти муҳоҷират ташкил шуд шароити кору зиндагӣ барои муҳоҷирон тағйир кард?

Каромат Шарифов: Бештари муҳоҷирон аз мавҷудияти чунин як ниҳод хабар надоранд. Ин чанд рӯзе ҳам, ки телевизиони тоҷикро дидам дар ин бора сухан ҳам намеравад. Он чизе ҳаст, дар рӯи коғаз аст. Мо хурсанд будем, ки як чунин ниҳод ташкил шуд. Чун дар ҳақиқат як идораи бузург аст. Ҳамаи мо интизор будем, ки як дигаргунӣ барои муҳоҷирон пайдо мешавад. Масалан, дар масъалаи нафақа ва ё суғуртаи тиббӣ. Ин масоил бояд зудтар ҳал шаванд ва ҳар муҳоҷир, ки ба ватан бармегардад битавонад нафақаи худро бигирад. Ин корҳо нашуд. Ҳатто дар рӯи коғаз ҳам нестанд.

"БУДАНИ МО ХУБ АСТ"

Озодӣ:
Дар Русия созмонҳои ғайридавлатии зиёде аз сӯи тоҷикон ташкил шуданд, аммо на ҳамаашон муваффақ шуданд. Вале шумо тавонистед, ки фаъолиятро идома бидиҳед. Бархеҳо мегӯянд, ки сабаби пешравии кори шумо дар он аст, ки бо баъзе аз доираҳои Русия иртибот доред...

Каромат Шарифов: Тӯли 70 соли Шӯравӣ Тоҷикистон ҳамроҳ бо Русия ва дар канори Шӯравӣ буд. Мо дар ин муддат бисёр чизҳо, аз ҷумла илму саводу касбу ҳунарро якҷо бо русҳо омӯхтем. Вале пешравии кори ман на аз давлати Тоҷикистон вобастагӣ дорад ва на аз Русия. Таҳти назорати инҳо ҳам нестам, таҳти назорати Русия ҳам нестам. Ҳар он коре, ки аз тарафи Ҷунбиш иҷро мешавад, барои инсонҳо, барои муҳоҷирон аст. Барои он ки Ҷунбиш пешрафта ва муваффақ бишавад, мо сайт ташкил кардем, чопи нашрияро ба роҳ андохтем ва дар ҳар куҷое, ки имкон шуд, баромад ва суханрониҳо кардем. Мо муҳоҷирони гаравгонро раҳо кардем. Тавонистем миллионҳо маблағи муҳоҷиринро, ки корфармоҳо намехостанд бидиҳанд, рӯёнида диҳем. Миллати тоҷик имрӯз фахр мекунад, ки дигар «Наша Раша» нест, ки ӯро таҳқир кунад. Инҳо ҳама далели кор кардани мо аст. Будани мо хуб аст. Аммо дар бораи он чизе, ки барҳам хӯрд, дарахте, ки аз поин, аз реша хароб шудааст, об ҳам
бирезем сабз намешавад. Аз дигар тараф таҷрибаи кории мо зиёд шуд. Вақтҳое буд, ки байни сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Ҷунбиш зиддият ба вуҷуд омад. Мо чунин рӯзҳоро ҳам пушти сар кардаем. Давлати мо ояндаи бузург дорад, агар ки бо роҳи демократӣ пеш равад. Ман аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун дидан кардам. Он иншооти бузург ҳам барои тоҷикон ва ҳамсояҳо бисёр муҳим аст. Он метавонад Тоҷикистонро ба Кувайт табдил диҳад. Он як боигарии давлат аст. Барои ҳамин сарҷамъ шудани мо лозим аст. Ҳам дар ин ҷо ва ҳам дар берун. Имрӯз Роғун ягона роҳи пешравии мо хоҳад буд. Аммо боз ҳам такрор мекунам, ки мавҷудияти созмонҳои мо барои муҳоҷирон зарур аст.

САФОРАТ КОРИ ХАДАМОТРО МЕКУНАД

Озодӣ: Барои беҳтар кардани вазъи кор ва шароити зиндагии муҳоҷирон созмони шумо чӣ пешниҳоди мушаххас дорад?

Каромат Шарифов: Созмонҳои иҷтимоии тоҷикон на танҳо дар Русия, балки дар Украина, Белорусия ва Қазоқистон маданияту фарҳанги тоҷиконро ҳифз ва ташвиқу тарғиб мекунанд. Ҳоло аз ҳама шароити бад дар Русия барои муҳоҷирони тоҷику узбаку қирғиз фароҳам шудааст. Сабаб дар чӣ аст? Дар ин ҷо гуноҳи зиёде аз тарафи Русия ҳам ҳаст, мо инро набояд пинҳон кунем. Чунки то ҳоли ҳозир дар Русия на барои тоҷик, на барои узбак ва на барои қирғиз низоми дарёфти иҷозати кор муайян ва мураттаб нашудааст, ки худи шахс омада тавонад он ҳуҷҷатро бигирад. Инҷо як системаи коррупсионӣ сохта шудааст, ки дар дохил давлат мекунад. Баъд аз се рӯз муҳоҷир бояд санади иҷозати кор дошта бошад. Бубинед аз рӯи маълумоте, ки ба дасти мо расидааст танҳо дар худи Маскав ба маблағи 300 миллион рубли русӣ музди кори муҳоҷирон дода нашудааст ва доданӣ ҳам нестанд. Аммо онҳо муроҷиат мекунанд. Аз ин рӯ, бояд диаспораҳои тоҷикӣ ва Хадамоти муҳоҷират ба таври муштарак кор баранд ва ин Хадамот зудтар шурӯъ ба кор кунад. Имрӯз ба ин кор сафорат машғул аст. Сафорат кори хадамотро анҷом медиҳад.

ЧАРО ҲАМКОРӢ НЕСТ?

Озодӣ: Ҳозир муносибати сафорат бо Ҷунбиш чӣ гуна аст?

Каромат Шарифов: То ҳол нест. Имрӯз ҳам нест. Дар назди сафорат баъд аз барҳам хӯрдани Иттифоқи тоҷикистониҳо як Шӯро ташкил карда шуд. Ман метавонам бо садои баланд бигӯям, ки миллати ҷабрдидаи тоҷик аз ин Шӯро ягон манфиате надидааст. Аъзои ин Шӯро нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд бо раисиҷумҳур дар вақти вохӯрӣ сурат бигиранд, бо сафири Тоҷикистон акс бигиранд ва бираванд пайи кори худ то даъвати оянда. Мо бояд ҳар дақиқаи кори муҳоҷирро ба ҳисоб бигирем ва он таҳлили гузоришҳое, ки мо ҳар моҳ анҷом медиҳем, бояд ба сафорат ироа шаванд.

ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ИНТЕРНЕТӢ

Озодӣ: Қаблан дар бораи роҳандозии як телевизиони интернетӣ сӯҳбат карда будед. Сарнавишти он чӣ шуд?

Каромат Шарифов: Чунин телевизион барои муҳоҷирон зарур аст. Имрӯз озарбойҷониҳо ва арманиҳо соҳиби чунин шабакаҳои телевизионианд. Онҳо бо давлати худ ҳамкорӣ доранд. Тавассути ин телевизион метавон ба бисёре аз мушкилоти муҳоҷирон расидагӣ кард, аз ҷумла барои нафароне, ки нопадид шудаанд ва пайвандонашон дар суроғи онҳо мебошанд.

РАИСИҶУМҲУР ХАБАР НАДОРАД

Озодӣ: Яъне ин телевизион ба фаъолияти муҳоҷирон ихтисос хоҳад дошт?

Каромат Шарифов: Албатта, тавассути он ҳар як муҳоҷире, ки мехоҳад метавонад суханронӣ кунад ва дарду алами худро бигӯяд, то ин ки ҳукумат ва раисиҷумҳур бишнавад. Бисёр мактубҳое ҳаст, ки ба раисиҷумҳур намерасад. Барои мисол, тӯли даҳ соли фаъолияти ман, мактубҳои фиристодаам нарасидааст ва то ҳол ман ягон ҷавоб нагирифтаам. Ҳарчанд, ки аз мӯҳтарам Медведев ва мӯҳтарам Путин мо ҷавобҳои зиёде гирифтаем. Муқобили шаҳрвандони тоҷик дар Русия корҳои ҷиноятӣ оғоз мешавад ва мо гоҳо то ба охир ҳамроҳи ин нафарон дар мурофиаҳои додгоҳӣ иштирок мекунем, онҳоро бо вакили дифоъ таъмин мекунем. Бештари онҳо гуноҳ надоранд. Имрӯз назорати кори ҷиноятии як нафар зан - модари Раҳимовҳоро мо бар ӯҳда гирифтаем. Барои хидмати адвокатҳо дар ин парванда мо ҳамроҳ бо баъзе аз нафарон 260 ҳазор рубл масраф кардем. Чунин хабарҳо дар бораи сарнавишти шаҳрвандони кишвар ба раисиҷумҳур бояд расад. Ман бовар дорам, ки раисиҷумҳур ҳеҷ вақт ба ин чашм намепӯшад. Сад афсӯс, ки чунин шахсон дар атрофи раисиҷумҳур ҳастанд.

Озодӣ: Яъне роҳбари давлат аз номаҳои шумо хабар надорад?

Каромат Шарифов: Надорад. Мо дар корхона санадҳоеро дорем, ки аз тариқи почта фиристодани ин номаҳоро гувоҳӣ медиҳад. Аммо онҳо беҷавоб мондаанд

УЗБАКИСТОН ДАР МИЁНИ МАСКАВУ ДУШАНБЕ

Озодӣ: Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки муносибати Тоҷикистону Русия ба сардӣ гароидааст...

Каромат Шарифов: Дар бораи робитаи Тоҷикистон ва Русия, ки гӯё хуб набошад, фикр мекунам бисёриҳо хато мекунанд. Ин ҷо нақши Узбакистон ҳаст. Давлати Русия ҳисоб мекунад, ки аҳолии ин кишвар беш аз 31 миллион аст. Бештари саноати ин ҷумҳурӣ, ки аз Шӯравӣ ба мерос мондааст, таҳти назорати Русия кор мекунад. Дар мулоқоташ бо раисиҷумҳури Узбакистон Дмитрий Медведев дар Тошканд гуфт, ки нерӯгоҳҳо дар рӯдхонаҳо бояд дар ҳамоҳангӣ бо ҳамсояҳо сохта шаванд. Ҳамсояҳо бояд забони ҳамдигарро ёбанд. Лекин Тоҷикистон Роғунро сохта истодааст. Сохтани чунин нерӯгоҳ барои Тоҷикистон зарур аст. Дар ҳолати ба кор шурӯъ кардани агрегатҳои аввал ва дуюми ин нерӯгоҳ чунин низоъҳо аз байн хоҳад рафт. Шояд дар мулоқоти ояндаи миёни Медведев ва Раҳмон онҳо ба як фикри дуруст оянд. Ин иншооти стратегӣ аст. Новобаста аз ҳолати робитаи Тоҷикистон бо Русия ин иншоот бояд бунёд шавад.

ХАТОИ БУЗУРГ

Озодӣ: Вале бархеҳо бар ин назаранд, ки Русия талош дорад дар Тоҷикистон бо гурӯҳҳои нав ҳамкорӣ кунад...

Каромат Шарифов: Ин хатои бузург аст. Мо муҳоҷир ҳастему дар муҳоҷират кор мекунем. Вале дар Тоҷикистон аҳзоби сиёсӣ амал мекунад: ҳизби ҳукуматӣ ва аҳзоби оппозисионӣ. Онҳо бояд бо муҳоҷирон мулоқот кунанд. Вале онҳо дар фикри муҳоҷир нестанд. Новобаста аз он, ки Русия кадом қувваеро дар сари Тоҷикистон дидан мехоҳад, мо бояд худамон ҳал кунем. Баъд аз ин ду - се рӯзи шодиву хурсандӣ ва рақсу бозӣ боз ҷанг кунем, ба касе лозим нест. Дар ҳама ҷо гап мезананд, ки роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, вай бояд истад. Мо авзои кишварҳои арабиро дида истодаем. Дар кишварҳои арабӣ ҷанг набуд, агарчи президенти он кишварҳо 32-33 сол ҳам дар сари давлат, буданд. Лекин атрофиёни роҳбарони кишварҳои араб ба чунин ҳолат оварда расониданд, ки мардум муқобили сардори давлат мубориза карда ва ӯро аз байн барад. Агар ҳолати
Қирғизистон ва кишварҳои арабӣ дар давлати мо такрор шавад, бовар дорам, ки мо дигар ҳеҷ вақт ба по намехезем. Роҳи демократӣ ҳаст. Мо аҳзоби оппозисиюнӣ ва ҳукуматӣ дорем. Онҳо бояд бо ҳам нишинанд ва маълум созанд, ки кадом лидерро мехоҳанд пешниҳод кунанд. Аммо онҳо як чизро мехоҳанд, ки ҳар кадоме аз мо бояд президент шавем. Дар чунин ҳолат ман ҳам гап мезанам, ки ман ҳам мехоҳам президент шавам. Лекин баъд аз президент шудани ман ин ҳизбҳо бо ман кор намекунанд, боз зиддият пайдо мешавад. Барои роҳбари ояндаи давлат зиддият лозим нест. Дуюм, роҳбари давлат то соли 2013 аст ва ё соли 2020 аст, бояд ҳеҷ вақт тарки ватан накунад. Ба мо ҳодисаи Чаушеску лозим нест. Ҳамаи мо як рӯз ба нафақа мебароем. Лекин ба назари ман аз тарафи Русия чунин чораҳо дида намешавад. Бубинед «Ҷунбиш»-и мо таҳти назорати кураторҳо (нозир) аз дастгоҳи иҷроияи президент Медведев амал мекунад. Онҳо мусоидат карданд, ки он сабти ном шавад. Зеро фаҳмиданд, ки дар ҳақиқат ҳуқуқи инсонҳо поймол мешавад. Мо ҳоло сари баланд дорем, ки як рӯзнома ва як сайт ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба забони тоҷикӣ дар Русия нашр ва аз мушкилоти муҳоҷирони тоҷик матолиб чоп мекунад. Нашрияи мо бо номи «Голос таджикистанцев» бо теъдоди 50 ҳазор нусха нашр мешавад. Аммо чаро ба Тоҷикистон намерасад? Газетаҳои моро аз самолётҳо гирифта нобуд мекунанд. Намояндаҳои ВКД-и Тоҷикистон дискҳои моро мусодира карданд.

"БО РАИСИҶУМҲУР ВОНАХӮРДААМ"

Озодӣ:
Дар Маскав чандин маротиба раисиҷумҳур бо муҳоҷирон мулоқот кард. Аммо шумо дар ин мулоқотҳо даъват намешудед, вале шояд кадом созише миёни шумо ва масъулин баста шуд, ки дар ҷашни Ваҳдат ширкат кардед?

Каромат Шарифов: То имрӯз ман бо раисиҷумҳур вонахӯрдаам. Аммо иштирок кардани ман як амри тасодуф буд. Вақте ман аз тайёра поин мешудам як нафар пурсид, ки хоҳиши иштирок кардан доред. Ман ҳатто номашро напурсидам. Гуфтам, ки ман барои иштирок дар як мурофиаи додгоҳӣ ба Душанбе омадаам. Вай баргашту гуфт, ки аз омадани шумо хабар дорем. Гуфт агар дар ҷашни Рӯзи Ваҳдат иштирок карданиед, дар соати фалон он ҷо ҳозир шавед. Мо ҳамроҳ бо Сергей Алексеевич муҳаррири сайти Таҷмигрант нуқта ком омадем ва ширкат кардем.

ЯК РӮЗ БАРМЕГАРДЕМ...

Озодӣ: Ба ҳар сурат нияти пурра ба Ватан баргаштан доред?

Каромат Шарифов: Мо, хоҳем нахоҳем, як рӯз, не як рӯз бармегардем. Аммо агар, ки ба муҳоҷирон -- бародарону хоҳарони худ хоҳем, ки эҳтиром гузорем, пас, ман ҳоло бояд онҷо бошам. Чунки танҳо бо ниҳодҳои давлатӣ наметавон тамоми мушкилоти муҳоҷиронро ҳал кард. Имрӯз Тоҷикистонро дар берун аз рӯи диаспораҳояш мешиносанд, ки таҳкурсии онро мо сохтаем. Ба ман ягон вазифа даркор нест. Лекин агар давлат аз тарафи худ барои беҳтар кардани шароит ва вазъияти муҳоҷирон чора набинад, дар он ҳолат мо худро оппозитсияи конструктивӣ ҳисоб мекунем. Мо аз роҳи пешгирифтаамон баргаштанӣ нестем.

Муаррифии Каромат Шарифов

Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия. Соли 1963 дар ноҳияи Файзободи Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соҳиби таҳсилоти олӣ.

Соли 1984 Мактаби олии низомиро дар Симферополи Украина ва дар соли 1989 мактаби олии ҳизбиро дар назди Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттифоқи Шӯравӣ ва дар соли 2010 Академияи хадамоти давлатиро дар Қафқози шимолӣ хатм кардааст. Тӯли чандин сол дар сафҳои Артиши Шӯравӣ, аз ҷумла дар Қазоқистон, Олмон ва ниҳоят дар лашкари 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон хидмат кардааст.

Дар соли 2001 дар Маскав созмони иҷтимоии «Тоҷик-диаспора» ва дар соли 2007 «Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик»-ро ташкил медиҳад. Баъд аз баргузории нахустин Анҷумани зодагони Тоҷикистон дар Маскав ин Ҷунбишро дар Вазорати адлия дар соли 2008 сабти ном мекунад.

Дар соли 2005 чопи нашрияеро бо номи «Овози тоҷикистониҳо» ва дар соли 2007 сайти Таҷмигрант ком-ро бо ду забони тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ мемонад. Дар моҳи майи соли 2006 ба ӯ унвони ифтихории «Сафири сулҳ» тақдим мешавад. Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд.
XS
SM
MD
LG