Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳӯшдори Гурӯҳи омӯзиши бӯҳронҳо ба Қирғизистон


Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо мегӯяд, агар бо чораҳои ҳақиқӣ, муносиб ва фарогир ба тахрибҳое, ки аз хушунатҳои байниқавмӣ дар Қирғизистон рӯ задаанд, расидагӣ нашавад, хатари даври нави зӯровариҳои мудҳиш дар пеш хоҳад буд.

Ин марказ дар гузориши тозаи худ бо номи "Погромҳо дар Қирғизистон" хатареро пешгӯӣ мекунад, ки бар асари даргириҳои нав ҳукумати марказии Қирғизистон метавонад, назораташ ба авзоъро аз даст диҳад ва нооромӣ ба тамоми минтақа паҳн гардад.

Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо аз ҳукумати Қирғизистон даъват мекунад, аз таҳқиқи байнулмилалии рӯйдодҳои моҳи май ва июн дар вилояти Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон пуштибонӣ кунад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад, Бишкекро ба баррасии сабабҳои хушунат водор кунаду аз пайомадҳои сангини беамалӣ ва радди воқеият ҳушдор диҳад.

Заминаҳои хушунат боқӣ мемонад



Ин созмон мегӯяд, заминаҳои хушунат дар Қирғизистон на танҳо ба гунае, ки пеш аз даргириҳои ду моҳ пеш вуҷуд доштанд, боқӣ мондаанд, балки бар асари рӯйдодҳои ҷануби ин кишвар ва бархӯрди носолим ба пайомади онҳо густаришу тақвият ёфтаанд. Авзоъ дар саросари кишвар муташанниҷ ва аммо дар ҷануб тарканда аст.

Ҳукумати Қирғизистон, аз нигоҳи Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо, бештар талош дорад бозгашти авзоъ ба ҳолати одиро намоиш диҳад. Аммо дар асл мақомоти Ӯш як сиёсати муҷозоти ӯзбактаборонро дар пеш гирифтаанд, ки метавонад, сабаби бераҳмиҳои нав гардад. Таҳқиқи амиқ ва воқеъбинонаи хушунатҳо ба мушоҳида намерасад ва нерӯи бетарафе барои ҳифзи эътидол ё дастикам пайгирии вазъ дар минтақа ҷобаҷо нашудааст.

Ба қавли бӯҳроншиносон, бузургтарин мояи нигаронӣ ин аст, ки ҳукумат пас аз рӯйдодҳои моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон комилан заъфи шуда ва назорат ба вазъиятро дар ин минтақа тақрибан аз даст додааст. Шаҳрдори бераҳм ва миллатгарои Ӯш, Мелис Мирзоаҳмадов, аз хунрезиҳои ахир дар шаҳраш нерӯ ва иродаи сиёсӣ пайдо карда, ба яке аз пешвоҳои асосии минтақа табдил ёфтааст.

Афзоиши миллатгароӣ дар Уш

Ҳукумати марказӣ дар муқобили афзоиши босуръати миллатгароӣ дар ҷануб беиродагӣ нишон медиҳад ва талошҳои нокоми барканории Мирзоаҳмадов ин ҳукумат ва президент Роза Отунбоеваро боз ҳам заъифтар кард. Ба ин сабаб ирсоли 52 полиси бсилоҳи байнулмилал ба минтақа ба таъхир афтода, имконияти таҳқиқи комили рӯйдодҳои Ӯш ва Ҷалолобод ба ҳадди охир маҳдуд шудааст. Намояндаи Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо, Эндрю Сторлейн дар ин бора мегӯяд:

"Ҳамаи далелҳои бешумор нишон медиҳанд ва ҳолати мавҷуда тақозо мекунад, ки мо ба як таҳқиқи байнулмилалии ин рӯйдодҳо ниёз дорем, ба хотири он ки онҳо дигар такрор нашаванд. Мардуми минтақа бояд бифаҳманд, ки чӣ гуна ин рӯйдодҳо сар шудаву идома пайдо карданд ва кӣ ҷавобгар аст. Барои пешгирӣ аз такрори онҳо. Дафъаи оянда, агар чунин рӯйдодҳо сар занад, бадтар аз ин хоҳанд буд ва бо шумораи ба маротиб бузургтари талафоти инсонӣ."

Дар ҳафтаҳои гузашта созмонҳои дигари байнулмилалӣ низ гуфтаанд, ки таҳқиқи рӯйдодҳои ҷануби Қирғизистон аз тарафи мақомоти ин кишвар якҷониба сурат гирифта, ғолибан ба танбеҳи ӯзбактаборон тамаркуз ёфтаанд. Созмони дидбони ҳуқуқи башар гуфтааст, дар ҳоле ки аксари осебдидагони рӯйдодҳо ӯзбакҳо буданд, аксари боздоштшудагони имрӯза низ ӯзбакҳо мебошанд. Созмони Афви Байнулмилал аз боздошти ӯзбакҳое изҳори нигаронӣ кардааст, ки ба ақидаи ӯ дар хушунатҳо саҳм надоштаанд.

Посухи мақомоти Қирғизистон

Аммо Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, Марат Имоналиев дар посух ин гузориши нави Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо мегӯяд:

"Баъзе хабарҳо дар бораи нақзи ҳуқуқи одамон аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ, бахусус нерӯҳои Кумитаи амният дар ҷараёни рӯйдодҳои моҳи июн ба дасти мо расидааст. Ин масъала барои ҳукумати мо хеле муҳим аст. Президент ин масъаларо зери назорати хоси худ қарор додааст. Ман низ ҳамчун дабири тозаинтихоби Шӯрои Амният масъала ва ниҳодҳои интизомиро зери назорат гирифтаам. Мо ҳар ҳодисаро хеле ҷиддӣ таҳқиқ ва ба онҳо расидагӣ мекунем. Агар онҳо тасдиқ шаванд, ҷазо ба дунбол хоҳанд дошт."

Дар ҳоле ки эътимоди ӯзбактаборон ба мақомоти расмӣ рӯ ба коҳиш дорад, дар бархе аз маҳфилҳои онҳо ақидаҳое ҳарчӣ бештар садо медиҳад, ки агар ситезаҷӯёни исломӣ ба ҳимояи ин мардум дар ҷануби Қирғизистон қадам ниҳанд, мардуми ӯзбак аз онҳо бо хушӣ истиқбол хоҳад кард. Ин ҳам дар ҳоле ки ҷомеаҳои ӯзбактабаори ҷануби Қирғизистон куллан дунявиянд ва онҳоро наметавон ба тундгароии динӣ муттаҳам кард. Алҳол чунин гуфтугӯҳо дар доираҳои маҳдуде садо медиҳанд.

Гурӯҳи байнулмилалии омӯзиши бӯҳронҳо мегӯяд, ҳукумати марказии Қирғизистон дар таҳқиқи рӯйдодҳои хунин ва пешгирӣ аз такрори эҳтимолии онҳо ба пуштибонии қавии байнулмилалӣ ниёз дорад. Ин ниҳод аз Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ва кишварҳои мададрасон хостааст, ҳама гуна ҳамкорӣ бо Бишкек ва кӯмакҳои модиро ба ин кишвар ба таҳқиқи рӯйдодҳо, муқобила бо миллатгароӣ бастагӣ диҳанд ва Қирғизистонро ба асли ҳамзистии гурӯҳҳои гуногуни қавмӣ даъват кунад.
XS
SM
MD
LG