Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) як зина боло шуда, дар мақоми 136-ум ҷой гирифт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёни тимҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ 13-ум буда, аз Қазоқистону Қирғизистон пеш аст.

Мавқеи дастаҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар феҳристи FIFA: Русия (9), Украина (47), Беларус (65), Узбакистон (67), Гурҷистон (73), Арманистон (75), Эстония (86), Латвия (106), Литва (116), Озарбойҷон (118), Молдова (128), Туркманистон (129), Тоҷикистон (136), Қазоқистон (142), Қирғизистон (199).

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини FIFA дар байни 208 тими миллӣ мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Олмон дар ҷойи дувум ва Аргентина дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Италия, Колумбия, Инглистон, Португалия, Ҳолланд, Русия ва Хорватия ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷойи 18-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (22), Кореяи Ҷанубӣ (35), Австралия (36), Эрон (59), Узбакистон (67), Чин (88), Ироқ (92), Урдун (94), Умон (95) ва Аморати Муттаҳидаи Араб (96).

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон имсол 6 бозӣ анҷом дод: 1 бозӣ дар доираи даври севуми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар шаҳри Хуҷанд бо тими миллии Кореяи Шимолӣ - 1:1, 3 бозӣ дар даври гурӯҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2012 дар Непал бо мунтахаби Ҳиндустон – 2:0, Кореяи Шимолӣ – 0:2, Филиппин– 1:2 ва 2 бозии дӯстона бо мунтахаби Қатар – 2:1 ва тими миллии Эрон – 1:6. Ба ин тартиб футболбозони тоҷик дар 2 бозӣ пирӯз шуда, 1 бозиро мусовӣ кардаанд ва дар 3 бозӣ шикаст хӯрдаанд, таносуби тӯбҳояшон 7-12 мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.

Рейтинги FIFA аз соли 1993-юм ҷорӣ шудааст. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар чаҳор соли охир дода мешавад. Рейтинги минбаъдаи FIFA 17-уми январи соли 2013-ум нашр хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG