Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз сарнавишти журналисти зиндонии Радиои Озодӣ


Сафармурод Непесқулиев моҳи июл боздошт ва охири август ба се соли зиндон маҳкум шуд
Сафармурод Непесқулиев моҳи июл боздошт ва охири август ба се соли зиндон маҳкум шуд

Созмони мудофеи озодии баён – Хабарнигорони бидуни марз аз сарнавишти журналисти бахши Туркмании радиои Озодӣ изҳори нигаронӣ мекунад.

Созмони мудофеи озодии баён – Хабарнигорони бидуни марз аз сарнавишти журналисти бахши Туркмании радиои Озодӣ изҳори нигаронӣ мекунад. Ин созмони воқеъ дар Париж, пойтахти Фаронса рӯзи 8 сентябр бо пахши изҳороте навишт, ки Сафармурод Непесқулиев дар ду моҳи охир дар ҳолати комилан баста ва бидуни дастрасӣ нигаҳдорӣ мешавад. Ин созмон аз мақомоти Туркманистон хост, ки дар бораи вазъ ва саломатии журналисти радиои Озодӣ “маълумоти пурра, батафсил бидиҳад ва билофосила аз боздошт раҳо кунад”.

Хешу наздикони Непесқулиев дар сӯҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 4 сентябр гуфтанд, ки ин журналист дар як мурофиаи бастаи рӯзи 31 август ба 3 соли зиндон маҳкум шуд. Ин ҳукмро мақомоти расмии Туркманистон расман таъйид намекунанд. Непесқулиеви 35-сола моҳи июли имсол ба ҳангоми зиёрати минтақаи Овозаи воқеъ дар соҳилҳои баҳри Каспий ё Хазар нопадид шуд. Баъди муддате хешу ақрабои вай фаҳмиданд, ки ӯ дар боздоштгоҳи наздикии минтақаи Овоза нигаҳдорӣ мешавад.

Мақомоти ин боздоштгоҳ ба хешу ақрабои хабарнигор гуфтаанд, ки ӯ барои нигаҳдории қурсҳои маводи мухаддир боздошт шуд. Айни замон, кормандони бахши Туркмании радиои Озодӣ мегӯянд, ба ин иттиҳом бовар кардан душвор аст, ба он хотир, ки мақомоти ин кишвари баставу саркӯбгари озодии баён афроди аз лиҳози сиёсӣ нозарурро маъмулан бо ҳамин иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва муттаҳам мекунанд. Дар Туркманистон фаъолияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва дигар расонаҳои байналмилалӣ мамнӯъ аст, ин ҷо ҳеҷ як нашрия ё бунгоҳи хабарии мустақил ҳам амал намекунад ва ҳар манбаи расмии хабарие, ки ҳаст, танҳо марбут ба ҳукумат ва давлати Туркманистон аст.

XS
SM
MD
LG