Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати “Фароз” ба Суннатулло Қосимов - наврасе, ки нахустин роботро дар Тоҷикистон сохтааст ва он метавонад бо 3 забон сӯҳбат кунад, 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дод.

Дар пайи нашри як матлаб дар торнамои Радиои Озодӣ бо номи “Авротоҷ-нахустин робот дар Тоҷикистон”, хонандагони зиёде ба навоварӣ ва истеъдоди Суннатулло Қосимов, талабаи синфи 10-уми литсейи инноватсионии Донишгоҳи технологӣ таваҷҷӯҳ карда, барои мусоидат дар рушди истеъдоди ин ҷавон изҳори омодагӣ намуданд.

Рӯзи 17 феврал дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар як чорабинии бузург намояндагони ширкати воридкунандаи маводи сӯхт - “Фароз” дар ҳузури муҳассилин ва устодони донишгоҳ, аз ин дастоварди Суннатулло қадрдонӣ карда, ҷоизапулии худро супурданд.

Далер Шукуров, муовини аввали раиси ширкати "Фароз" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ширкати "Фароз", ки пайваста дар пайи дастгирии истеъдодҳои ҷавон аст, аз сомонаи Радиои Озодӣ дар бораи ин дастоварди Суннатулло огоҳӣ ёфта, бисёр хушҳол шудем ва роҳбарияти ширкат тасмим гирифтанд, ки баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандсозии ин навраси боистеъдод мукофотпулӣ тақдим кунанд.”

Ширкати “Фароз” ҳамчунин тасмим гирифтааст, барои кашфу дастгирии наврасони лаёқатманду ихтироъкоре мисли Суннатулло як ҷоизаи махсус таъсис диҳад. Бо ташкили озмуни ҳарсола, ин ширкат мехоҳад беҳтарин ихтироъкоронро муайян ва қадрдонӣ кунад. Озмуни нахустин қарор аст, то ҷашни Наврӯз натиҷагирӣ шавад.

Аммо Суннатулло, ки ҳоло барои ширкат дар озмуни байналмиллалии наврасони ихтироъкор дар Маскав омодагӣ мебинад, мегӯяд, ин маблағро барои комил кардани роботи дуввуми худ, ки он "робот - муаллим" ном дорад ва барои боло бурдани дониши хонандаҳои хурдсол пешбинӣ шудааст, истифода хоҳад кард.

Роботи нахустини Сунатулло бо 3 забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гап мезанад ва барои таъмини амният ва нигоҳубини мактабу муассисаҳои дигар пешбинӣ шудааст. Ин робот, ки “Авротоҷ” ном дорад, метавонад дар мактабҳо ҳамчун дарбон истода, хонандаҳои ба дарс дермондаро акс бигираду сарзаниш намояд.

Нуралӣ Шоев, ректори Донишгоҳи технологи Тоҷикистон, ки барои таҳсилу зиндагии Сунатулло Қосимов дар пойтахт ва дар литсейи инноватсионии Донишгоҳи технологӣ имконият фароҳам овардааст, мегӯяд, асри 21, асри боло бурдани нерӯи зеҳнии миллатҳост ва дастгирии ҷавононе мисли Сунатулло имрӯз хеле зарур аст: “Соли 2014 муассисаи мо ба феҳрасти 200 таълимгоҳи беҳтарини давлатҳои ИДМ ворид шуд. Сабаб ҳам ҳамин ихтироъкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои беҳтарини инноватсионии хонандаҳои литсей ва Донишгоҳи технологӣ буд. То имрӯз беш аз 10 кору ихтирооти муҳассилини ин таълимгоҳ дар ширкату корхонаҳои кишвар мавриди истифода қарор гирифтааст.”

Султонмурод Қосимов, падари Сунатулло, ки дар ноҳияи Ҷалолидини Румӣ устои телевизион аст ва зиндагии худро аз ин ҳисоб пеш мебарад, дар ин чорабинӣ ширкат дошт ва аз дастгирии маъмурияти ин муассисаи таълимӣ ва таваҷҷӯҳи Радиои Озодӣ ва ширкати “Фароз” ташаккур кард.

Падари Сунатулло гуфт, “ман барои рушд ва дастгирӣ шудани истеъдоди писарам, ки ҳамеша дар фикри як навоварие ҳаст, худам ба назди ректори Донишгоҳи технологӣ омадаву хоҳиш карда будам, ки кӯмак кунанд. Ва воқеан дастгирии зиёд дид. Ҳамин як моҳи таътили зимистона, вақте Суннатулло дар хона буд, мо пурра барқ доштем. Раҳбарияти литсей ва донишгоҳ барои манъ нашудани кори Суннатулло, аз масъулини ноҳия дархост карданд, ки барқи моро хомӯш накунанд.”

Бо ташаббуси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон моҳи май форуми нахустини “Ҷавонон нерӯи зеҳнии кишваранд” баргузор мешавад, ки дар он лоиҳаҳои беҳтарини инноватсионии 68 ноҳияи кишвар муаррифӣ мешаванд. Қарор аст, дар ин форум ҷавонон аз Русия ва кишварҳои дигари узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ширкат кунанд.

Барои бори аввал нест, ки ширкати “Фароз” ба истеъдодҳои ҷавон ва болаёқат таваҷҷӯҳ ва онҳоро қадрдонӣ мекунад. Соли 2013 ҳам дар пайи як мусоҳибаи "Озодӣ" бо Аврангзеби Асрориён, хонандаи синфи 11-и литсейи иқтисодии Душанбе, ки мехост дар форуми мубоҳисони ҷавони ҷаҳон дар Ирландия ширкат кунад, ин ширкат тамоми хароҷоти сафари Аврангзеб ва ду ҳамсабақи ӯро ба ӯҳда гирифта буд.

Ширкати "Фароз", бино ба хабарҳо, ба Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад. Соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов иддао дорад, ки тиҷорати ин ширкат дар гузашта ба ӯ тааллуқ дошт, вале Соҳибов бо истифода аз нуфузаш онро ғасб кардааст. Масъулони "Фароз" ахиран дар як изҳороти расмӣ гуфтанд, ки Умаралӣ Қувватов ҳеҷ гоҳ дар радифи муассисони ин ширкат набуд. Ин дар ҳолест ки як иттиҳоми асосии Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон алайҳи ин соҳибкори фирорӣ ва раҳбари "Гурӯҳи 24" дуздии беш аз 1 миллион доллар аз пулу моли ҳамин ширкат аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG