Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷеаи Фароҳ. Нуфузи бесобиқаи Толибон ё иштибоҳи ҳукумати марказӣ?


Ҳамлаи Толибон ба бинои додгоҳи вилояти Фароҳ ва ҳалокати дастикам 46 нафар суолеро халқ кардааст, ки чунин як амали ваҳшатнок дар як минтақаи нисбатан ором чӣ паёмаде дорад?

Дар давоми ҳашт соат 9 ҷангии Толибон, ки либоси сарбозони артиши Афғонистонро дар бар доштанд, бинои додгоҳи вилояти Фароҳро тирборон карданд. Дар ин ҳамла шумори зиёди додрасҳо, вакилони мудофиа, мардуми мулкӣ ва ходимони додгоҳ кушта ва маҷрӯҳ шуданд. Куштори мардуми бегуноҳ фақат замоне ба анҷом расид, ки нерӯҳои амниятии афғон тамоми мусаллаҳонро ба қатл расонданд.

Ҳамлаи Толибон болои биноҳои ҳукуматӣ падидаи тоза нест, вале куштори дастҷамъии мардуми бедифоъ дар муҷтамаи додгоҳи вилояти дурдасти ҳаммарз бо Эрон ин нигарониҳоро афзоиш додааст, ки бо беруншавии сарбозони паймони НАТО аз саҳнаи набардҳо дар Афғонистон, ошӯбҳои Толибон дар ин гӯшаи нисбатан ором низ тақвият хоҳанд ёфт.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00
Линки мустақим


Вакили парламенти Афғонистон аз вилояти Фароҳ хонум Ҳумайрои Аюбӣ, ки рӯзи панҷшанбе ба макони ҳамла сафар карда буд, мегӯяд, сокинони ин вилояти нисбатан ором аз амнияти худ ва наздиконашон ташвиши зиёд доранд. Ба қавли хабарнигори Радиои Озодӣ дар Фароҳ, субҳи чоршанбе се марди мусаллаҳи маргталаб мошини саршор аз маводи таркандаро, ки аз артиши афғон рабуданд, ба тарафи дарвозаи додгоҳ равона карданд. Муовини волии вилояти Фароҳ Муҳаммад Юнус Расулӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ки полис кӯшиш кард, садди роҳи силоҳбадастон шавад, вале дар ҳамон лаҳза таркиши бузурге ба вуқӯъ пайваст. Дар пайи он шаш тан ошӯбгар бо либоси сарбозони артиши афғон вориди бинои додгоҳ ва додситонӣ шуданд. Расулӣ афзудааст, силоҳбадастон ҳар касеро, ки дар пеши роҳашон мебаромад, тирборон мекарданд.




Волии вилояти Фароҳ Муҳаммад Акрам Ихпалвок мегӯяд, дар ин ҳамла 36 фарди мулкӣ ва аз ҷумла 4 додрасу 4 вакили мудофиа кушта шуданд. Ӯ меафзояд, ки ҳамчунон камаш 10 афсари амниятӣ низ ҳалок шуда, то 100 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Толибон изҳороте пахш намуда, масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтаанд. Ба қавли онҳо “ин ҳамлаи бомуваффақият” ба таври ҷиддӣ тарҳрезӣ шуда буд ва мусаллаҳон бояд Толибони боздоштшударо аз толори додгоҳ раҳо мекарданд. Аммо волии Фароҳ мегӯяд, ки аз миёни 13 Толиби ҷангҷӯй, ки мавриди муҳокима қарор доштанд, 12 нафар ба маҳбас баргардонида шуда, нафари 13-ум дар шифохона муолиҷа мешавад.

Дар давоми як соли оянда нерӯҳои байналмилалӣ масъулияти таъмини амният дар саросари Афғонистонро ба нерӯҳои ҳукуматии ин кишвар таслим хоҳанд кард, ҳамлаи вахими Фароҳ дар дили бисёриҳо хавфу ҳаросро аз афзоиши нооромиҳо бештар намудааст. Коршиноси амниятӣ аз вилояти ҷанубии Қандаҳори Афғонистон Аҳмадшоҳи Сипар бо ишора ба Покистону Эрон мегӯяд, Толибон бидуни машварату дастгирии сарпарастони хориҷии худ ба коре қодир нестанд: “Аслан Толибон ва ё мухолифини ҳукумати Афғонистон дар танҳоӣ маънову мафҳум надоранд. Толибон мумкин дар ин ҳамла даст дошта бошанд. Мумкин ҳамла тавассути Толибон ва ё ба номи Толибон сурат гирифта бошад, вале барномаи он дар берун аз хоки Афғонистон такмил ва амалӣ шудааст.”

Ин нуқтаи назарро сиёсатмадори афғон Ваҳид Умар ҳам тасдиқ мекунад, вале ӯ ҳамчунон меафзояд, ки ҳамла камбудиҳои ҳукумати марказии Афғонистон, ба вижа мавқеъгирии он дар муқобили Толибонро ошкор мекунад: “Паёме, ки аз Кобул ба нерӯҳои амниятии Афғонистон фиристода мешавад, чист? Паём ин аст: Якум, толиб душмани Афғонистон нест. Дуюм, ҷанг бо Толибон хатм шудааст. Пас як афсари полис ва ё сарбози артиши миллӣ, ки дар вилояти дурдасти Фароҳ дар вазъияти хароб зиндагӣ мекунад, чӣ ангезае барои дифоъ аз Афғонистон хоҳад дошт?"

Дар ҳамин ҳол президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай ҳамлаи рӯзи чоршанберо “куштори дастаҷамъӣ” унвон дода, таъкид кардааст, ки ин қатли мусулмонон аз сӯи Толибон бидуни муҷозот боқӣ нахоҳад монд.
XS
SM
MD
LG