Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсири бӯҳрони Русия дар пайи таҳримҳои ғарб ба Тоҷикистон натанҳо шохисҳоро дар ҷадвалҳои бозори бурс хам мекунад, балки ба буҷаи хонаводаҳо дар низ зарба мезанад.

Сокинон дар посухи ба ин пурсиш, ки “бӯҳрони иқтисодӣ ба зиндагии шумо чӣ таъсир дорад?” посухҳои гуногун медиҳанд. Аммо дар миёни посухҳо ҷавоби “писарам аз Русия кам пул меифристад, қурби рубл ночиз шуд” ва “бисёре аз молҳо қиммат шуданд” бештар садо медиҳад.

Салоҳиддин Обидов, як сокини солманди Душанбе мегӯяд, беш аз ҳама коҳиши қурби рубл арзиши пасандози начандон зиёди ӯ ва пулҳои мефиристодаи писари муҳоҷирашро ба қадри қобили мулоҳиза ночиз кард . “Тасаввур кунед, як доллар агар пеш 25-28 рубл буд, ҳоло ба 60 рубл баромадааст. Яъне арзиши ними маоши фарзандони ман, ки дар Русия бо рубл мегиранд, гум шуд,”- мегӯяд ин сокини пойтахт.

Обидов мегӯяд, ду фарзандаш аз Русия ҳоло ҳам пул мефиристанд, аммо ин пулҳо қурб ва баракати солҳои пешро надоранд. Ин аст, ки Салоҳиддин Обидов бунёди хонаи нав ва издивоҷи писарашро ба солҳои дигар гузоштааст.

Зарбаи асосии бӯҳрони Русия ба Тоҷикистон, ҳам ба эътирофи аксар сокинон ва ҳам мақомоти давлатӣ, маҳз дар пайи ба суръат пойин рафтани қурби рубли русӣ дар баробари доллар ба бор омад. Зеро муҳоҷирони тоҷик маоши худро аз Русия бо рубли русӣ интиқол медиҳанд. Рубли русӣ бошад дар як муддати кӯтоҳ ними арзиши худро бохт.

Ҷамшед Нурмуҳамадзода, раиси Бонки милли Тоҷикистон мегӯяд, ки дар асл интиқоли пули муҳоҷирон дар сатҳи солҳои гузашта ва ҳатто бештар аз он аст. Аммо ӯ мегӯяд, “дар ним соли равон ба кишвар 52 миллиард рубл ворид шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 5 миллиард рубл бештар аст. Аммо агар ин пулҳоро ба доллар гардонем, албатта, нисбат ба соли гузашта 32 дарсад камтар мешавад.”

Ҳарчанд ба ҳисоби рубли русӣ даромади кишвар аз хориҷ коҳиш наёфтааст, Тоҷикистон аксарияти молҳояшро бо доллар аз кишварҳои дигар, назири Чин, Қазоқистон, Туркия ва Эрону Покистон ворид мекунад. Дар ниҳоят нархи маҳуслоте, ки бо доллар ворид мешавад, аз растаи бозор ва дӯконҳо бо нархи гарон ба дасти муштарӣ мерасад.

Ин аст, ки Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд қобилияти харидории мардум коҳиш ёфта, гардиши савдои хориҷӣ ҳудуди 20 дарсад кам шудааст.

Ба андешаи ӯ , “таъсири бӯҳрони Русия ба Тоҷикистон низ расид. Чунки ин кишвар шарики асосии иқтисодии мо аст. Қобилияти харидории мардум то андозае коҳиш ёфт. Маҷмӯи маҳслуоти дохилӣ дар сатҳи 6,4 дарсад рушд кард, ки дар шароити ҳозира нишондоди бад нест, аммо ташвишовар он аст, ки хизматрасониҳои пулакӣ назири боркашонӣ бо нақлиёт ва истифода аз алоқаи мобилӣ камтар шуда истодааст.”

Бо вуҷуди ин ҷаноби Ҳикматуллозода мегӯяд, ҳарчанд будҷаи кишвар дар нимсолаи аввал сад дар сад иҷро нашуд, аммо зарурати бозбинӣ ва ё кам кардани қисмати даромади он дар миён нест. Чунки, ба таъкиди ҷаноби Ҳикматуллозода, арсаҳои иқтисоди Тоҷикистон назири саноат 14-дарсад ва кишоварзӣ 7 дарсад рушд кардааст. Аз ин рӯ вазир мегӯяд, ки ҳеҷ зарурате барои бозбинии будҷа вуҷуд надорад ва имкон ҳаст, ки дар семоҳаи оянда, нақшаи даромади будҷаи кишвар ба пуррагӣ иҷро шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG