Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 10-уми октябр ба унвони "Рӯзи фалак" дар Тоҷикистон эътироф шудааст ва ба ин муносибат маҳофили идона дар марказҳои фарҳангӣ дар шаҳру навоҳии кишвар баргузор мешавад.

Манасим Мадёров, сардори раёсати санъати вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки омодагиҳо барои таҷлили "Рузи Фалак" дар қаламрави кишвар хуб ба роҳ монда шуда ва рӯзи гузашта дар Кохи филармонияи ба номи Акашариф Ҷураев, барномаи бошукӯҳе бо ширкати фалаксароён аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон баргузор шуд, ки "бозгӯи густариши ин жанри мусиқии асили тоҷик аст."

Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Мадёров, имрӯз дар Кохи Ҷомӣ, дастаи ҳунарии "Фалак", зери раҳбарии ҳунарманди саршиноси тоҷик - Давлатманди Хол, ба муносибати гиромидошти "Рӯзи фалак" барномаи консертиеро доир мекунад, ки сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аз ҳунарнамоии овозхонону мутрибони ин даста ҳаловат хоҳанд бурд.

Ба гуфтаи ин мақоми вазорати фарҳанг, ҳукумати Тоҷикистон бо таҷлили "Рӯзи Фалак" мероси бузурги мардуми фарҳангдӯсти тоҷикро барои ҷаҳониён муаррифӣ хоҳад кард.

Бо ин ҳам иддае аз фарҳангшиносон бар ин боваранд, ки ҳанӯз ҳам мусиқии фалак ба истилоҳ дар «деги дохилӣ»-и Тоҷикистон меҷӯшад. Вай мегӯяд, бояд фалак ба фарҳанги ҷаҳонӣ ворид шавад ва барои ин давлати Тоҷикистонро лозим аст, то ҳар чӣ бештар иқдомоти ҷиддитареро рӯи даст бигирад. Хоса, дар канори густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ дар ин росто, бояд ин жанри мусиқӣ бо мусиқии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон омезиш ёбад.

Ҳамзамон фарҳангшиносон мегӯянд, он гуна, ки ҷашни «Наврӯз» байналмилалӣ шуд, "Фалак" низ бояд ба ибтикори давлати Тоҷикистон ба унвони як фарҳанги башарӣ матраҳ ва аз сӯи Созмонҳои байналмилалӣ, назири ЮНЕСКО эътироф шавад.

Рӯзи Фалак бо амри раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 4-уми августи соли 2007 дар Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Дар чорчуби ин ҷашн, соли гузашта фестивали байналмилалии "Фалак" баргузор шуда буд, ки ба ҷузъ фалаксароёни тоҷик, ҳунармадони мардумӣ ва фолклоршиносон аз Русия, Эрон, Афғонистон, Чин, Ҳинд, Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Миёна низ ширкат карданд.

Ҷашнвораи «Фалак» аз соли 2004 инҷониб дар Тоҷикистон баргузор мешавад, ки ҳадафи аслии он, густариши ин жанри мусиқӣ аст.

Фалак жанри мардумӣ аст ва муғанниёни зиёде ин ҳунари аҷдодиро тӯли ҳазорсолаҳо барои насли имрӯз мерос гузоштаанд.

Жанри “Фалак” бештар дар ҷануби Тоҷикистон роиҷ буда, ҳунармандони маъруфе, чун Одинаи Ҳошим, Давлатманди Хол, Карими Шиш ва Гулчеҳра Содиқова парвардаи ҳамин жанранд.

Аммо фалаксароӣ дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон вижагиҳои худро дорад ва дар қатори вилоятҳои Хатлону Бадахшон, ки макони рушди фалак дониста мешаванд, мардуми Суғду Зарафшон низ ба фалаксароӣ майли зиёд доранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG