Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷамшед Ёров: Хуб мешуд, агар Бузургмеҳр ҳам озод шавад. ВИДЕО


Ҷамшед Ёров дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ Мирзонабии Холиқзод

Ҷамшед Ёров дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ Мирзонабии Холиқзод

Ҷамшед Ёрови 42-сола, як вакили дифои тоҷик, ки мегӯяд, бо иттиҳоми фош кардани сирри давлатӣ 37 рӯз дар боздошт буд, рӯзи 30 сентябр бар асоси Қонуни афв ба озодӣ баромад. Ҷамшед Ёров дар он муттаҳам мешуд, ки гӯё матни 90-саҳифагии ҳукми Додгоҳи олӣ нисбати аъзои зиндонии ҲНИТ-ро расонаӣ кардааст. Мурофиаи додгоҳии 14 узви ҲНИТ пушти дарҳои баста ва зери мӯҳри махфӣ ҷараён гирифт ва 13 нафари онҳо дар ниҳоят ба мӯҳлати аз 14 соли ҳабс то ҳукми зиндони абад маҳкум шуданд. Ҳуқуқшинос Зарафо Раҳмонӣ баъди маҳкум шудан ба 2 соли зиндон, бо як афви президенти Тоҷикистон ба озодӣ баромад.

Ҷамшед Ёров вакили дифои муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайит буд ва боздошти ӯро гурӯҳҳои ҳуқуқи башар дорои ангезаҳои сиёсӣ меномиданд. Рӯзи 6 октябр ин вакили дифоъ дар наздикиҳои Додгоҳи шаҳри Душанбе қарор дошт, ки қазияи бародари ӯ – Бузургмеҳр Ёровро баррасӣ мекунад ва қарор аст дар наздиктарин фурсат ҳукмаш содир шавад.

Радиои Озодӣ: Ҷамшед, озодӣ муборак. Бигӯед, шароити озодшавии шумо чӣ гуна даст дод?

Ҷамшед Ёров: Раҳмат, хуб мешуд, агар рӯзҳои наздик мо Бузургмеҳрро ҳам бо озодӣ табрик карда тавонем. Рӯзи 23 август маро дастгир карданд ва 24 август Қонуни афв баромад. Аз рӯи ин қонун тамоми иттиҳоме, ки зидди ман аз рӯи моддаи 311 оид ба ифшои сирри давлатӣ эълон шуда буд, мутобиқи моддаи 6-и ин қонун, ки қатъи баррасии парвандаро дар назар мегирад, афв эълон шуд. Баъди 37 рӯзи боздошт, яъне рӯзи 30 сентябр ман озод шудам.

Радиои Озодӣ: Вакили дифои шумо рӯзи озодшавиатон гуфт, ки қонуни афв танҳо дар сурати ба гуноҳҳояш иқрор шудани нафари муттаҳам татбиқ мешавад. Яъне шумо содир кардани ҷиноятро эътироф кардед?

Ҷамшед Ёров: Дар моддаи 6-и Қонуни афви умумӣ, ки ман зикр кардам, ин хел гап навишта нашудааст, ки дар сурати иқрори гуноҳ шахс афв мешавад, ин хел гап нест. Шарҳ дода шудааст, ки агар шахс хоҳад, ки нисбати вай афв татбиқ карда шавад, вай ариза ё дархост пешниҳод мекунад ва ӯ афв мешавад. Агар шахс инро нахоҳад, вайро маҷбур афв карда намешавад. Аз рӯи моддаи 6, бе иқрор ё бо иқрори ман, ба ман бояд афв пешниҳод мешуд ва ман ҳам озод карда мешудам. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Радиои Озодӣ: Шуморо дар фош кардани хулосаҳои парванда айбдор мекарданд. Воқеан ҳам шумо аз дохили маҳбас хулосаҳои додгоҳро ба берун баровардед?

Ҷамшед Ёров: Аз сабабе, ки парвандаи ман ҳам сирри махфӣ дорад ва дар рафти тафтишоти пешакӣ ман забонхат додам, ки маълумотро фош намекунам, ҳоло ман гуфта наметавонам, ки ин корро кардам ё накардам. Ман танҳо ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки рабт додани сирри давлатӣ ва сирри тафтишот нодуруст аст. Мутобиқи Қонун оид ба сирри давлатӣ - ман ҳам хондам ва дигар ҳуқуқшиносон ҳам бояд донанд, ки кадом навъи маълумот сирри давлатӣ ҳисобида мешавад. Ман дар ин қонун ин чизро наёфтам, ки гӯё сирри тафтишот як сирри давлатӣ бошад.

Радиои Озодӣ: Ин 37 рӯзе, ки дар боздошт будед, чӣ тавр гузашт?

Ҷамшед ва модараш дар интизори ҳукми додгоҳи Бузургмеҳр Ёров дар назди Додгоҳи шаҳри Душанбе

Ҷамшед ва модараш дар интизори ҳукми додгоҳи Бузургмеҳр Ёров дар назди Додгоҳи шаҳри Душанбе

Ҷамшед Ёров: Аз ин мӯҳлат танҳо се рӯзи аввалаш душвор буд, чунки шахс аз як муҳити озоду боз ба як ҳуҷраи танг мегузарад, аз назари ғизову либову дигар чизҳо каме мушкил шуд. Вале бояд гӯям, ки касе ба ман фишор наовардааст, ман шиканҷа нашудаам. Умуман, ман надидам, ки нисбати дигар нафароне ҳам, ки ҳамроҳи ман дар боздошт буданд, фишор ё кадом амали дигар раво дида бошанд.

Радиои Озодӣ: Вале шумо боздошти худро дуруст мешуморед?

Ҷамшед Ёров: Не, инро ҳеҷ кас дуруст намешуморад. Ин ба мантиқ дуруст намеояд. Инро тафтишот дуруст ҳисобид. Вале азбаски қонуни афв татбиқ шуд, маро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карданд.

Радиои Озодӣ: Замоне, ки дар боздошт будед, аз сари шумо чунин фикр мегузашт, ки шояд баъди ин боз ягон гуноҳи дигаре ба сари шумо бор мешавад?

Ҷамшед Ёров: Албатта буд.

Радиои Озодӣ: Чаро?

Ҷамшед Ёров: Чунки мо медонем, ки аз сари Бузургмеҳр чӣ гузашт. Аввал бо гуноҳи қаллобӣ боздошт карданд ва баъд дигар факту далел пайдо шуд. Ман ҳам фикр кардам, ки шояд маро низ бо ягон моддаи дигар айбдор ҳисоб кунанд.

XS
SM
MD
LG